logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ

Замоне, ки Тоҷикистони азизи мо Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, мо хурдсол будем ва ба маънои калимаи «истиқлол» дуруст сарфаҳм намерафтем. Бо гузашти солҳо нафақат аз маънои ин калима бархӯрдор шудем, балки бо чашмони худ дидем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ чӣ гуна Ватани маҳбуби мо рӯз ба рӯз ободтару зеботар мегардад. Ҳар соле, ки мегузарад, Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам таҳким ёфта, мардум дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ҳаёти хушу хуррамона ба сар бурда, ба дастовардҳои беназири таърихӣ ноил мешаванд.
Дастовардҳои бесобиқаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омаданд, саҳифаҳои таърихи давлатдории навини моро рӯшан мекунанд. Ҳукумати мамлакат баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ се ҳадафи стратегӣ - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишварро дар авлавият қарор дода, баъдан саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуд, ки батадриҷ амалӣ гашта истодааст.
Дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ Неругоҳи барқи обии «Норак» аз таъмири пурра бароварда шуда, неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир-1» ва даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург сохта шуданд. Соли 2018 орзуи деринаи халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшид, яъне пас аз азму талошҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ чархаи аввал ва баъдан чархаи дуюми НБО «Роғун» ба кор даромад. Ин неругоҳ дар Осиёи Миёна бузургтарин буда, дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтанаш он нафақат эҳтиёҷоти кишвари моро бо неруи барқ таъмин менамояд, балки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи соҳаи гидроэнергетикӣ табдил медиҳад.
Дар доираи ҳадафи дуюми стратегӣ, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб, Шоҳон – Зиғар, Душанбе - Чанак, Душанбе– Ваҳдат – Данғара, Душанбе – Рашт, Душанбе – Турсунзода, роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, нақбҳои «Истиқлол», «Хатлон», «Озодӣ, «Шаҳристон» ва пулҳои азим аз болои дарёи Панҷ сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар баробари рафтуомади доимӣ дар қаламрави мамлакат, кишвари моро ба давлати транзитӣ табдил доданд.
Ҳадафи сеюми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – барномаи таъмини озуқаворӣ низ имрӯз ҷомаи амал пӯшидааст. Бо ҳидояту талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ҳар як ваҷаб замини корам мавриди кишт қарор дода шуда, дар тамоми заминҳои талу теппаҳо боғҳои гуногун бунёд гаштаанд. Ҳоло, агар ба кадом минтақаи кишвар сафар накунем, бо дидани майдонҳои кишт ва боғот касро рӯҳу ҳаловати тоза фаро мегирад.
Ҳоло вобаста ба ҳадафи чорум низ барномаҳои зиёди амалӣ рӯи даст гирифта шудаанд, ки ин ҳама аз файзи сулҳу ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Пас, бояд бо ҳисси баланди ватандорӣ ҳар яки мо ин неъмати бебаҳо ва ҳадияи таърихро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Рамазон ҒАФУРОВ, ассистенти кафедраи  фанҳои ҷамъиятшиносии
Донишгоҳи  давлатии тиҷорати Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2020    №: 84    Мутолиа карданд: 982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед