logo

сиёсат

АРЗАНДАРО АРЗАНДА БОЯД ГУФТ

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар расонаҳои хабарии хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои гуногунро ба бор овард.
Дар ин росто ва бо назардошти вазъи кунунии сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мехоҳам перомуни масъалаи манфиатнок будани интихоби Рустами Эмомалӣ ба ин вазифаи бузурги давлатӣ андешаҳоямро изҳор намоям.
Рустами Эмомалӣ аз зумраи кадрҳои ҷавон аст, ки дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият карда, ҳама ҷо номи нек боқӣ гузоштааст. Аз соли 2017 ҳамчун раиси шаҳри Душанбе фаъолият мебарад. Дорои чанд маълумоти олӣ мебошад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст. Намунаи ҷавонони пешқадами замон буда, бо забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ озодона муошират мекунад. Вақте инсон забондон аст, дар асри кунунӣ бо истифодаи интернет ҳазорҳо маълумоти нав ба даст меорад, бо вазъи ҷаҳон ошно мегардад. 
Ба назар меорем, ки чун Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи интихоботи умумихалқӣ соли 1994 бори аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашта буданд, мухолифин ва гурӯҳҳои оппозитсионӣ аз ин розӣ набуданд. Кӯшиш доштанд, ки ин Сарвари ҷавонро аз сари қудрат дур кунанд. Аммо, маҳз Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо тадбирҳои амалӣ оташи ҷангро хомӯш кунанд ва Тоҷикистонро ба як давлати ороми пешрафта табдил диҳанд.
Рустами Эмомалӣ дар оилаи марде тарбия ёфт, ки барои ободӣ ва осудагии Тоҷикистон ҷонбозиҳо кардааст. Аз ин хотир, Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ барои беҳбуди шароити зиндагии мардуми кишвар хизмат хоҳад кард.
Дар муддати кӯтоҳе, ки Рустами Эмомалӣ ҳамчун раиси шаҳри Душанбе фаъолият дорад, симои зоҳирии пойтахт куллан намуди зебо гирифт. Сохтмони биноҳои зиёди баландошёна бинандаро ба шигифт меорад. Дар замони шаҳрдории Рустами Эмомалӣ Душанбе хеле обод шуд. Садҳо иншооти муҳим, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, майдонҳои варзишӣ арзи ҳастӣ карданд.
Мардуми пойтахт бесабаб ӯро эҳтиром намекунанд, балки сабаб роҳбари  кордон будани ӯст. Эҳтироми мардум на ба ҳама кас ба осонӣ муяссар мегардад.
Аз ин рӯ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштани Рустами Эмомалӣ, воқеан, барои беҳбудӣ ва ободии кишвар муҳим ба шумор рафта, амри хайр ва муфид аст.

Ислом РАҲИМОВ,
декани факултети забонҳои шарқи ДДХ
ба номи Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2020    №: 84    Мутолиа карданд: 1008
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед