logo

фарҳанг

РАЗМГАР

Боре дар як нишаст номи Аҳтам Неъматов, котиби якуми кумитаи ҳизби собиқ ноҳияи Кангурт, зикр шуд, ки ба назарам ошно тофт.
Бо мурур, бо шунидани номи Неъматов, ба хотирам омад, ки солҳои 70-уми асри гузашта дар маҳфилҳои авлодӣ, кангуртиҳое ки дар хонаи тағоии Алихон, дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара ҷамъ меомаданд, аз зисту зиндагии хеш дар булукоти Кангурт ёд мекарданд. Бори нахуст ана дар ҳамин маҳфилҳо чанд дафъа дар хусуси Аҳтам Неъматов шунида будам. Ҳамин қадар ёдам монда, ки ӯ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст...
Аҳтам Неъматов соли 1917 дар деҳаи Хоҷа Аҳрори вилояти Самарқанд ба дунё омадааст. Дар Университети давлатии агроколхозии Ӯзбекистон ба номи Ю. Охунбобоев таҳсил кардааст. Пас дар МТС ва кумитаи комсомоли ноҳияи Сталинобод (ҳозира Душанбе) фаъолият намуда, дар бунёди Ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон ҳисса мегузорад.
Соли 1935 мудири шуъбаи пионерони кумитаи ноҳиявии комсомоли ЛКСМ Сталинобод буд. Солҳои 1938-1942 хизмат дар сафи Армияи Сурх, иштирок дар ҷангҳои зидди финҳои сафед ва фашистони истилогар.
Шоҳидони ҳол қисса мекунанд, ки ӯ ҳамчун сарбози ватандӯст дар сафи аввалинҳо ба рӯйхати ихтиёриён шомил гашта, бар зидди финҳои сафед (1939-1940) дар разм шуд. Пас хидматро дар ноҳияи Раварускийи шаҳри Лвови вилояти Житомири Украина давом дода, оғози Ҷанги Бузурги Ватаниро дар ҳамин ҷо шунид…
Фашистони немис тамоми неруи хешро барои  ишғол  намудани  пойтахти  Иттиҳоди Шӯравӣ - шаҳри Москва сафарбар намуданд. Аз ин рӯ, сарфармондеҳӣ ҷиҳати ҳимояи пойтахт - шаҳри Москва аз гӯшаву канори мамлакат қувваҳои иловагиро дархост намуд.
Полки 157-уми Бессарабияи дивизияи 5-ум, баъдҳо полки гвардиягии дивизияи 5-ум ба номи Г. М. Котовскийро барои муҳорибаи шаҳри Москва равон карданд. Аҳтам Неъматов дар ҳайати ҳамин полк хизмат мекард. Сарбози матин дар муҳорибаи Москва ба ҳайси ёрдамчии командири взводи Фронти Ҷанубӣ - Ғарбӣ то 31 декабри соли 1941 бар зидди фашистон далерона ҷангид…
19 октябри соли 1941 Комитети давлатии мудофиа Москваро дар ҳолати муҳосира эълон карда, ҳамаи меҳнаткашонро даъват намуд, ки ба Армияи Сурх ҳарҷониба мадад расонанд. Сокинони Москва пойтахтро қаҳрамонона мудофиа мекарданд. Дар муддати 6 рӯз 12 дивизияи лашкари халқӣ ташкил карда шуд. Тамоми халқи советӣ ба муҳофизатгарони Москва ёрӣ мерасонд.
Дар натиҷаи муқобилати шадиди Армияи Сурх ҳуҷуми душман дар даромадгоҳи Москва боздошта шуд.
31 декабри соли 1941 дар қатори даҳҳо ҷанговари ҷонфидо Аҳтами ҷавон низ дар муҳорибаи назди Москва сахт захм бардошт. Ӯро ба госпитали шаҳри Чкалови назди Москва интиқол доданд. Духтурон тоҷикписарро доруву дармон бахшиданд. Моҳи майи соли 1942 аскари шуҷоъ ҳамчун маъюби гурӯҳи 1, такя бар ду чигас роҳи Тоҷикистонро пеш гирифт…
Баъди ғалабаи қӯшунҳои советӣ дар назди шаҳри Москва командири дивизия (ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ), генерал - полковник А. Инаури, дар баробари дигар диловарон, размгари ғаюр Аҳтам Неъматовро барои нишон додани мардонагӣ ва шуҷоат ба ордени «Шараф», дараҷаи III, пешниҳод намуд. Вақте ки хабари бо орден мукофотондани вай расид, Аҳтам дар шаҳри Сталинобод мезист. Вай ин хабари хушро баъди 25 сол, соли 1966, шунид. Орденро собиқ командири дивизияашон генерал - полковник А. Инаури дар шаҳри Москва ба А. Неъматов супурд.
Аҳтам Неъматов дар сохтмони ҳаёти нави баъдиҷангӣ ва корҳои роҳбарикунанда низ дар кишвар хидмати шоён ба сомон расондааст.
Хизматҳои Аҳтам Неъматов бо ордени «Шараф» дараҷаи III, ордени Ҷанги Ватании дараҷаҳои 1 ва 2, медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945» қадр шудаанд.

Умари ШЕРХОН, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2020    №: 84    Мутолиа карданд: 700
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед