logo

иқтисод

ҲИФЗИ ЧАРОГОҲҲО АМАЛИ ДАСТАҶАМЪИРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД!

Посух ба матлаби «Чарогоҳҳо ба нигоҳубин ниёз доранд», ки 13 феврали соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 33) ба табъ расидааст.

Матлаби «Чарогоҳҳо ба нигоҳубин ниёз доранд» дар Вазорати кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Мусаллам аст, ки ҳолати хуби чарогоҳҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ  ва дар маҷмӯъ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи маълумот, масоҳати умумии чарогоҳҳои кишвар 3833465 гектарро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 734035, вилоятҳои Суғд 784036, Хатлон 1226871 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1088523 гектарро. Чарогоҳҳо ва инфрасохтори онҳо (роҳҳои чорвогузар, майдонҳои дамгирӣ ва обдиҳии чорво, кӯпрукҳои чорвогузар) дар ҷумҳурӣ манбаи асосии таъмини хӯрокаи чорвои калони гӯштӣ, қутос, гӯсфанду буз ва асп буда, зиёда аз  70%-и талаботи солонаи онҳоро таъмин менамоянд.
Мутаассифона, солҳои охир тағйирёбии глобалии иқлим ба ҳосилнокӣ, таркиби биологӣ ва ғизонокии алафи чарогоҳҳо пайваста таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷониби дигар, ҳамасола саршумори чорво рӯ ба афзоиш дорад, он ҳатто нисбат ба солҳои 90-уми асри гузашта зиёд гардидааст. Зиёд намудани саршумори чорво ва дар ин замина афзун гардондани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ – ин мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, хусусан таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат, мебошад. Аз ин лиҳоз, танзиму истифодабарии оқилонаю самаранок ва мақсадноки  чарогоҳҳо дар пешрафти соҳаи чорводорӣ, яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Айни ҳол бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда иншооти инфрасохтории чарогоҳҳо, аз ҷумла роҳҳои чорвогузар, майдонҳои дамгирии чорво ва кӯпрукҳои чорвогузар, марҳила ба марҳила таъмир ва барқарор карда, дар самти истифодаи самараноки чарогоҳҳо, беҳтар намудани ҳолати онҳо, гузарондани таҳқиқоти геоботаникию мониторинги доимӣ, ташкили харитаи умумии чарогоҳҳо, риояи стандартҳои мавҷуда ва амалӣ намудани бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, № 160 «Дар бораи Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» вазорат якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои муайяни заруриро ба анҷом мерасонанд. Ҳамасола бо истифода аз маблағҳои буҷетии барои амалисозии барнома пешбинигардида масоҳати муайяни чарогоҳҳо бо усулҳои куллӣ ва сатҳӣ беҳтар гардонда мешавад.
Ҳар як истифодабарандаи чарогоҳ вазифадор аст, ки барои пешгирии гирифторӣ ба эрозия ва селшӯии чарогоҳ саҳми худро гузорад. Аз ин рӯ, корҳои банақшагирӣ ва лоиҳакашӣ доир ба ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла чарогоҳҳо, зарурати муносибати дастаҷамъонаро пеш мегузорад.

Мирзозода Музаффар Бурҳон, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2020    №: 84    Мутолиа карданд: 619
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед