фарҳанг
СИФАТОРО. БОНУЕ, КИ РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ ДОШТ
Дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои идомаи таҳсил аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) омадани Сифаторо Ниёзмамадова қаҳрамонӣ буд. Бештари касон ба умеди ёфтани қути лоямут буданд, пайи сохтани сарпаноҳ ва мотамдории шаҳидон мегаштанд, аммо Сифаторо бо вуҷуди тамоми мушкилот, вазъи ноҷӯри оилавӣ, роҳи ноҳамвору ағбаҳои бузурги раҳи Бадахшон - Душанбе - мактаби олиро интихоб кард.
Нахуст дар идораи фарҳанги ВМКБ коргузор буд. Соли 1958 ба яке аз нахустдонишгоҳҳои кишвар – имрӯза Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур шомил шуда, онро бомуваффаққият хатм кард...
- Аслан, нияту орзуи ман соҳибмаълумот шудан буд, аммо намедонистам, ки таҳсили олӣ роҳи минбаъдаи ҳаётамро ба куллӣ тағйир медиҳад. Ба корҳои идорӣ пешбарӣ мешавам ва шебу фарозҳои зиёдеро мебинам. Дар Душанбе мондану роҳбар шудан, ҷаҳонро гаштан, ба гӯшаи хаёлам намеомад. Аммо сарнавишт гардишҳои ногаҳонӣ дорад. Баъдтар дарк кардам, ки ба қавли устод Рӯдакӣ касе дониш дорад, бояд чароғи равшан бошад, равшан, ки шудӣ, торикиҳо бисёранд, - изҳор медорад Сифаторо Ниёзмамадова.
- Мо имрӯз духтарони озодаву босавод ва коргарро дар ҳама гӯшаҳои кишвар дида, шод мешавем. Дар бораи онҳо барномаҳо таҳия мекунем. Аммо камтар огоҳем ва ё гоҳо фаромӯш кардаем, ки чунин шароит ба осонӣ даст надодааст. Барои ин рӯзҳои пурсаодат басо занони ҷасуру матинирода мубориза бурдаанд. Аз ҷумла, дар рафти фаъолият ҳолатҳое буданд, ки моро аз маҳалҳои дурдасти кӯҳистон меронданд. Духтарони моро кофир накунед мегуфтанд. Бо сарулибоси муосир барои аҳолӣ ба қавле ангуштнамо будем. Аммо, мо худро «шумрӯ» карда, ба таҳи дари онҳо боз мерафтем. То он ки мефаҳмиданду ба ифоқа мерасидем, хеле маломату таънаҳоро таҳаммул мекардем. Шумо агар чанд рӯз ё чанд моҳ бо халқ кор карда бошед, баъд ранҷҳои моро мефаҳмед, - мегӯяд қаҳрамони мо.
То хатми донишгоҳ, аллакай номи ӯро дар Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон медонистанд. Дар симои ӯ мутахассис ва роҳбари ояндаро медиданд. Зеро ӯ борҳо дар анҷуманҳои ҳизбӣ суханронӣ карда, пуштибонии ҷавонони кишварро аз сиёсати давр изҳор менамуд. Барои поймол нашудани ҳуқуқу озодиҳои занон мубориза мебурд.
Соли 1965 Сифатороро ҳамчун нозири шуъбаи ташкилии кумитаи ҳизб ба собиқ ноҳияи Ҳисор фиристоданд. Солҳо вакили халқии ин ноҳия буд. То соли 1993 дар вазифаҳои гуногун содиқона хидмат карда, ба тараққиёти хоҷагии деҳот, ба истеҳсолот ворид намудани технологияҳои нав, рушди истеҳсолоти агросаноатӣ мусоидат намуд.
Мардум имрӯз ҳам аз ӯ ҳамчун бонуи қавииродаву кордон ба некӣ ёд мекунанд ва ба эҳтиромаш чандин касон ба фарзандони худ номи ӯро додаанд. Шогирдону пайравон роҳи Сифатороро идома дода истодаанд. Ду духтари соҳибкасбу нозанинаш имрӯзҳо дастгиру ёвари ӯ ҳастанд. Дар охири суҳбат бо назокат ва лутф ишораи омӯзандае кард: «Писарам, имрӯз ситораҳои экрани телевизиону газетаҳо бешумор шудааст, аммо гоҳ - гоҳ мо – офтобҳои ба ғуруб наздикшударо ҳам, ёд кунед. Савоб мешавад…».
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.04.2020 №: 84 Мутолиа карданд: 667