logo

маориф

МАОРИФ. ФАРОГИРИИ КӮДАКОН БА МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ТАВСЕА МЕЁБАД

Таҳсилоти томактабӣ яке аз бахшҳои асосии таълиму тарбия дар соҳаи маориф буда, барои рушди кӯдак муҳити солими инкишоф фароҳам меорад. Бояд гуфт, ки фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бояд то соли 2021 ба 30 дарсад расонда шавад. Зеро, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешаванд, - иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои  фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли равон.
Дар ҷаласаи мазкур раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вазифадор  гардиданд, ки ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таҳким бахшида, ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар маҳалҳо ва ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
То имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 662 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар он 102 ҳазору 175 нафар  кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
26 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 5597 нафар кӯдак нисбат ба соли таҳсили 2018 - 2019 зиёд гардида, дар маҷмӯъ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, новобаста аз мақом ва шакли ҳуқуқӣ ба 15,9 дарсад расидааст, ки ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ нокифоя арзёбӣ мегардад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи мактуби дастурии вазорат сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф муваззаф гардида буданд, ки бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳатман марказҳои инкишофи кӯдакро ташкил намуда, ба ин восита дар фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ саҳмгузорӣ намоянд.
Инчунин, дар ин самт Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025 қабул гардидааст, ки вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои он нақшаи чорабиниҳои вазорат таҳия ва тасдиқ шудааст.
Дар марҳилаи  аввали барномаи мазкур - солҳои таҳсили 2019 - 2022 таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба амалӣ намудани барномаи мазкур,  бозомӯзии мутахассисон барои таҳсилоти томактабӣ (гурӯҳҳои 6 - сола) аз ҳисоби омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, такмили маҳорати касбии мутахассисон ҷиҳати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбия дар назар дошта шудааст.
Дар марҳилаи дуюм бошад, (солҳои 2022 – 2025) дар баробари сохтмони муассисаҳои томактабӣ омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои нави педагогӣ: педагог - равоншинос, педагог - логопед, сурдопедагог, тифлопедагог ва  тайёр намудани мутахассисон барои марказҳои инкишофи кӯдак ва дигар шаклҳои имконпазир дар назди коллеҷҳои омӯзгорӣ дар назар аст.
Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби кӯдакон ба кӯдакистон ва барои иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 як зумра барномаҳоро рӯи кор гирифтааст, ки  ҳадафи он низ таъсису бунёди муассисаҳои томактабӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон мебошад.

Лола РИЗОӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2020    №: 84    Мутолиа карданд: 2382
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед