logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ҚАЛЛОБӢ
Ҷавобгарии кормандони милитсия барои ришваситонӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ду корманди мақомоти милитсия бо ҷурми қаллобӣ хабар дод.
Тибқи иттилои маркази матбуотии агентӣ, Баҳрулло Боқиев, муфаттиши шуъбаи тафтишотии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, дар ҳамдастӣ бо Солибой Солеҳзод, ваколатдори оперативии ҳамин раёсат, дар ду ҳолат даст ба ришваситонӣ задаанд. Онҳо бори аввал аз шаҳрванд Абдусамад Ҳоҷибоев барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ин, ки гӯё номбурда аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи дуздӣ воситаи нақлиёт ворид намудааст, 1000 доллари амрикоӣ гирифтаанд. Дар навбати дуюм бошад, бо ҳамин тарз 9000 доллари амрикоии Шуҳрат Исхаковро тасарруф намудаанд. 
Оид ба ин ҳолат нисбат ба ҳар ду корманди милитсия бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

ЗӮРОВАРӢ
Боздошти шахсе, ки даст ба ҷайби зани 39 - сола зад

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 29 - солаеро боздошт намуданд, ки 22 апрел дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт даст ба ғорати зани 39 - сола задааст.
Бино ба гузориши сомонаи ВКД, боздоштшуда нимаи дуюми ҳамон рӯз ин бонуро латукӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дохили ҳамёнаш 80 сомонӣ ва ду адад телефони мобилиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расондашуда дар пайи ин амал 4500 сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Маъмурони милитсия баъд аз муроҷиати ин зан ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур гумонбарро дастгир намуданд, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад.

ДУЗДӢ
Ду марди қаблан судшуда боз ба курсии айбдорӣ нишастанд

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ду нафари қаблан судшуда бо гумони дуздии масолеҳи сохтмонӣ ба даст афтоданд.
Дастгиршудаҳо масолеҳи сохтмониро аз хонаи истиқоматии марди 45 - сола, воқеъ дар кӯчаи Пушкини ҳамин шаҳр давоми рӯзҳои 22 - 25 апрел дуздидаанд, ки маблағи он 40 ҳазору 600 сомонӣ ҳисоб шудааст. 
Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, гумонбарони ба содир намудани ҷинояти дуздӣ, мардони 31 ва 43 - сола буда, ҳар ду қаблан бо ҷурмҳои авбошӣ ва дуздӣ суд шудаанд.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятӣ (дуздие, ки такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2020    №: 84    Мутолиа карданд: 1279
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед