logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

ФИЛВОРДИ «ДАВЛАТҲОИ ҶАҲОН»
Дар филворди навбатӣ номи давлатҳои ҷаҳон ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи онҳоро пайдо намоянд.
Таҳияи Амирҳамза АБДУЛЛОЕВ, хонандаи синфи 8, МТМУ № 14 - и ноҳияи Шаҳринав

ҶАВОБ БА «ЧАНД СУОЛ ДАР БОРАИ «ҶУМҲУРИЯТ»» АЗ 24 АПРЕЛИ СОЛИ 2020
1. Садриддин Айнӣ;
2. 19 сентябри соли 1991;
3. Соли 2017;
4. 14 марти соли 2000;
5. Ғоиб Сафарзода;
6. «Ҷаҳоннамо»;
7. Медали «Хизмати шоиста»;
8. Ҷумъагули Назар.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40

Масъули рубрика  Зулола БОБОРАҶАБОВА


АНЕ ДЕЛ ВАЛЛЕ
ХОНУМИ 106 - СОЛА, КИ КОРОНАВИРУСРО  ШИКАСТ ДОД
Зане аз шаҳри Ронда Паки Санчес ба нашрияи Malaga Hoy дар бораи хушдоманаш Ане дел Валле ҳикоят кард, ки дар қарни гузашта бар пандемияи «испанка» пирӯз шуда буд, имсол коронавирусро ҳам муваффақона аз сар гузаронд.
Санчес таъйид мекунад, ки модари шавҳараш соли 1913 ба дунё омада, дар  7-солагӣ гирифтори зукоми «испанка» шудааст.
Моҳи октябри соли равон Ане 107- сола мешавад. Алҳол вай дар хонаи пиронсолон ба сар мебарад.
Ҳамин тавр, ин пирзан яке аз солхӯрдатарини занҳои дунё гардид, ки коронавирусро пушти сар кард.
Қаблан, Конни Титчени 106 - сола (шаҳри Бирмингеми Англия) низ аз COVID - 19 шифо ёфта буд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Аммо падар аз буни дарахти тути канори ҷӯйбор, ки рости тангкӯча буд, онҳоро дид ва дар ҳар хамгашту буни тангкӯча истода дида, дунбола мегирифт.
Армон дари хонаро кушод. Баргашта ба Ноз нигарист, ки сари марза рост мондааст ва нохун мехояд.
 - Натарс, биё Ноз!
 - Не.
 - Биё – биё!
Ноз шавур бурд, ки ба пас нигарист.
Падар худро ба турми дарвоза кашид.

* * *
Баро зи хуррамӣ эй дил ба пешвози баҳор,
Насими шӯхи баҳорӣ расид аз кӯҳсор.
Зи лутф меҳри ҷаҳонгаштаи ҷаҳонафрӯз,
Ба сӯи кишвари мо кард рӯи оташбор.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 24 АПРЕЛИ СОЛИ 2020

Юнус Юсуфӣ
Умари Хайём

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
Вақте  Наполеон ҷангро бо испаниҳо оғоз карданӣ мешавад, Талейран, ки аз мушовирони наздикаш буд, маслиҳат медиҳад, ки аз ин кор худдорӣ кунад.
- Ҷои ташвиш нест, дӯстам, ҷанг бо испаниҳо барои ман бештар аз як наҳорӣ вақтро намегирад.
- Метарсам, ки сари дастархони наҳорӣ тӯлонӣ нашинед, аълоҳазрат, - маънидорона мегӯяд мушовир.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


БИГЗОР ГАДО БОШАМ, ДАР ХОКИ ВАТАН БОШАМ…
Тоҷире булбулеро дошта, барояш қафаси тиллоии бо сангҳои қиматбаҳо ороёфта фармоиш дод. Баъдан, ҷиҳати  нигоҳубинаш хизматгори махсус таъйин намуд. Тоҷир боғи зебое дошт, ки дар байни он ҳафт фаввораи рангоранг буд. Ӯ фармуд, ки қафасро дар сояи дарахте овезон намоянд ва худаш ҳар бегоҳ омада, аз дидор ва хониши булбул ҳаловат мебурд.
Аммо хониши булбул ғамангез менамояд. Тоҷир донандаи забони  парандагонро даъват кард, то сабаби  онро бифаҳмад.
- Ҷаноби тоҷир, - мегӯяд шахси доно, - булбул Ватану лонаву озодиро ёд кардааст, бинобар ин, бо ғам месарояд: «Гадои Ватан беҳтар аз шоҳи мулки бегона будан аст». 
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


100 ФАКТИ ТАЪРИХӢ
Таърих «ҳокимони дурӯза» - шоҳоне, ки ҳокимияташон хеле кӯтоҳ давом намудааст, зиёд дар ёд дорад. Масалан, дар натиҷаи инқилоби соли 1830 шоҳи  Фаронса Карли X аз салтанат даст кашиданро барои худ ва писараш герсог Людовик афзалтар донист, то тоҷу тахт ба наберааш Генрих гузарад. Людовик бошад, истеъфономаро пас аз 20 дақиқа бо дили нохоҳам имзо гузошт. Дар ин муддат ӯ ҳамчун Людовики XIX расман шоҳи Фаронса буд.
Зеландияи Нав ягона давлатест, ки дар он аз моҳи марти соли 2005 то августи соли 2006 тамоми мансабҳои баланди давлатиро занон ишғол намуда буданд.
Танҳо соли 1992 Ватикан расман эътироф намуд, ки Замин дар атрофи Офтоб давр мезанад.
5 феврали соли 1985 мири Рим Уго Ветере зимни сафари расмӣ ба Тунис шартномаи сулҳро миёни Рим ва Карфаген ба имзо расонд. Ҳамин тариқ, Ҷанги сеюми Пунӣ, ки расман 2131 сол боз идома дошт, хотима ёфт.
 Аз русӣ тарҷумаи М. СӮФИЗОДА


КИТОБ
ЧАНД ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ
1. Барои навиштани як роман 500 соат сарф мешудааст.
2. Наполеон дар як дақиқа 2000 калимаро хонда метавонист.
3. 95 дарсади инсонҳо дар як дақиқа 210 калима ё дар 2 дақиқа 1, 5 саҳифа китоб мехонанд.
4. Оноре де Балзак дар ним соат 200 саҳифа китоб мехонд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
14. Донишҷӯ куҳантарин дарахти дунёро нест кард
Соли 1964 донишҷӯе бо номи Доналд Раск Кюрри  дар санавбарзори Боғи миллии  Грейт Бэйзини иёлати Невада таҳқиқот мегузаронд, ки асбоби корияш дар гаҷи сахти пояи дарахт руст монд. Ҷангалбони маҳаллӣ ба кумаки ӯ омада, дарахтро аз бехаш мебурад ва асбоби донишҷӯро раҳо мекунад. Кюрри, ки аз ғафсии танаи дарахт дар ҳайрат монда буд, ҳалқаҳои ӯро  мешуморад ва аниқ мекунад, ки санавбар умри наздик ба 5 000 - сола дорад. Дар ҳақиқат, санавбари буридашуда куҳансолтарин дарахти дунё буда, буридани он яке аз мудҳиштарин хатоҳо маҳсуб меёбад.

15. Манораи Пизан
Барои бунёди манораи Пизан 177 сол лозим омад. Вале аз соли 1372, яъне ҳамагӣ баъди даҳ сол, бинобар фурӯ рафтани заминааш қариб 5,5 дараҷа як тараф каҷ шуд. Ҳарчанд баъди навсозӣ каҷии манора то 3, 99 дараҷа ислоҳ ёфту ба қавли коршиносон то 200 соли дигар ба таъмир ниёз наҳоҳад дошт, вале амалкарди сохтмончиён аз хатоҳои таърихӣ боқӣ мемонад.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


ТОП 10
ШАҲРҲОЕ, КИ БО ШУМОРАИ ЗИЁДИ БИНОҲОИ ОСМОНБӮС МАШҲУРАНД
 Шэнчжэн
Шэнчжен дувумин шаҳри калонтарини Чин ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун маркази бузурги иқтисодӣ шинохта шуда, бо меъмории зебои худ машҳури олам аст. Дар он 83 бинои осмонбӯс, ки 150 метр баландӣ доранд, қомат афрохта, айни ҳол сохтмони боз 40 бинои дигар идома дорад.
Айни замон баландтарин иншооти шаҳр бинои «КК100» (441 метр) мебошад. Аввалин бинои осмонбӯси Шэнчжэн, ки баландиаш  165 метрро ташкил медиҳад, соли 1987 бунёд гардида буд.
Таҳияи Комрон ЗИКРУЛЛО


КЕЙТ ШЕППАРД
Аз аввалин бонувоне мебошад, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мубориза бурдааст. Маҳз бо талошҳои хастанопазири ӯ аввалин бор ҷаҳон соли 1893  дар Зеландияи Нав  қонун қабул гардид, ки тибқи он занон ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсии умумихалқиро пайдо намуданд.
Кейт Шеппард тамоми фаъолияти пурсамари хешро баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии занон бахшидааст. Ӯ арз медошт, ки ҷудо намудани инсонҳо ба нажод, ҷинс, синф ва дин одамгарӣ нест ва бояд чунин андеша аз беху бун барканда шавад.  
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ДУЗДӢ
БО УСУЛИ КАЙҲОНӢ?
Деҳқони 65-сола Оскар Завалета, аз деҳаи домони Буэнос-Айрес, бо як инодкорӣ бовар кунондан мехост, ки ӯро ашхоси номаълум тавассути «лаълии паррон» дуздида буданд. Ва ӯ бо онҳо ба масофаи 2000 километр парвоз кардааст.  Вақте ки вай баъди кор шомгоҳон ба хона бармегашт, нохост худро бемадор ҳис мекунад. Ҳамин вақт назди ӯ шахси булаҷабе омада, ба ангушти ишоратии дасти чапаш сӯзандору гузарондааст. Баъд ӯ ба ҳаво хестааст. «Ман дар дохили «лаълӣ» менишастам ва вақте ки ба замин фуромадем, маълум шуд, ки аз хона ба масофаи 2000 километр парвоз намудаам», - нақл кард Оскар.
Аммо ҳамагон инро бофтаи хаёли ӯ мепиндоштанд. Вале як чиз боиси таҳайюр буд, агар воқеан Оскарро пулис дар биёбони аз манзилаш 2000 километр дур дар шимоли ҷанубии Буэнос-Айрес пайдо намекард, ин воқеаро афсона номидан мумкин буд. Ҳеҷ кас наметавонист шарҳ бидиҳад, ки вай чӣ гуна ба биёбон афтод, агар бо ёрии «лаълии паррон» набошад?
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


МАҲОРАТИ ҒАЙРИОДӢ
Бонуи эронӣ Зуҳро Атозода модарзод бе даст ба дунё омадааст. Аммо истеъдоди фавқулодааш ӯро шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид. Мусаввараҳои нодири ин бону  дили ҳар бинандаро тасхир менамоянд. Аҷибаш ин ки Зуҳро расмҳояшро бо пойҳояш эҷод мекунад. Ҳамаи расмҳо табиӣ ва дилписанд буда, харидорони бешуморе пайдо кардаанд. Маҳорати фавқулодаи ин бону илҳомбахши наққоши ҳинд Ани Кей гардида, ӯро низ ба офаридани ангораҳо бо усули ғайриодӣ раҳнамун сохтааст. «Аслан, барои офаридани ҳар асар 3 – 4 рӯз заҳмат мекашам, аммо мондашавиро эҳсос намекунам. Дар аввал аз бӯи рангҳо сардард мешудам, аммо ин монеи шуғлам шуда натавонист. Ман тамоми мусаввараҳоямро бо забон меофарам», - мегӯяд Ани Кей.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


10  КИШВАРИ ХУРДТАРИН ДАР ҶАҲОН
2. Монако
Дуюмин кишвари хурдтарин дар ҷаҳон Монако аст. Дар тӯли 20 соли охир, бо сабаби хушк шудани баҳр, масоҳати кишвар зиёд шуд ва ҳоло он ба 2,02 км2 расидааст. Сохти давлатдориаш монархист. Аҳолиаш ба 30 ҳазор нафар мерасад. Даромади асосиро барои сокинон сайёҳӣ меорад.

1. Ватикан
Ватикан шаҳри пӯшида аст. Он дар яке аз минтақаҳои Рим ҷойгир буда, 44 гектар масоҳат дорад. Он соли 1929 таъсис ёфта, попи Рим онро идора мекунад.
Ватикан дорои зеботарин биноҳои ҷаҳон: Капеллаи Сикстинӣ, Шиморхонаи Пётри Муқаддас, иқоматгоҳи Поп - Қасри Апостолӣ аст. Ғайр аз ин, нисфи кишварро боғҳои Ватикан ишғол мекунанд. Шаҳрвандони Ватикан 800 нафар буда, чанд ҳазор итолиёвӣ барои кор ҳар рӯз омада мераванд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


САГ, БАБР, МАЙМУН
Саге дар ҷангал ба дунболи шабпарак медавид. Дар ин ҳол рӯбарӯяш бабре мебарояд. Саг дармеёбад, ки бабр гурусна аст ва қасди ӯ хоҳад кард. Аз ин рӯ,  меандешид, ки чӣ гуна аз чанголи бабр бираҳад. Ба атроф назар карда, устухонеро мебинаду пушташро ба тарафи бабр намуда, онро хоидан мегирад ва бо садои баланд мегӯяд:
- Бисёр бабри болаззат менамояд. Каме сабр мекунам, то бабре дигар ҳам биояд. Баъдан ба серӣ ҳардуро мехӯрам.
Бабр суханҳои сагро мешунавад ва аз тарс пушти дарахте пинҳон мешавад.
Маймун, ки болои дарахт буд, ин ҳамаро мушоҳида мекард. Барои худашро аз бабр халос кардан, ба поён мефарояду асли воқеаро ба ӯ нақл мекунад. Бабр аз ин рафтори саг дар ғазаб мегардад ва ба маймун мегӯяд, ки болоям бибаро, рафта ҷазои сагро медиҳем.
Саг онҳоро дида, намегурезад. Ҳамоно хоидани устухонро идома медиҳад. Вақте ки бабр ҳамла карданӣ мешавад, саг бо садои баланд мегӯяд:
- Маймуни ахмақ куҷо шуд? Як соат гузашт, аммо ҳанӯз ҳам бароям бабр наовард, то ки нӯши ҷон бикунам.
Бабр аз тарс ин бор ҳам худашро аз саг дур мекунад.
Таҳияи Зебинисо ҲАМИДЗОДА, донишҷӯи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ АЗ ҲАЁТИ БУЗУРГОН
1. Бенҷамин Франклин ҳеҷ вақт бе истеъмоли панир дар бораи  масъалаи баҳсталабе хулосаи хешро намебаровард. Зеро танҳо дар ин сурат ӯ андешаашро ҷамъ оварда метавонист.
2. Чун сухан аз нобиғаҳо равад, Оноре де Балзак кулоҳ аз сар мегирифт. Аксаран, вақти дар бораи худаш рафтани сухан ин амалро анҷом медод.
3. Шиллер одати аҷибе дошт: то пойҳояшро ба тағораи оби хунук наандозад, таълиф кардан барояш мушкил буд.
4. Иоҳанн Штраус мусиқиҳои мондагорашро ҳини давидан эҷод кардааст.
5. Достоевский ба иншои асари наваш танҳо замоне машғул мешуд, ки шартномаи асари қаблиаш ба анҷом расад.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА


ОДАТҲОИ АҶИБИ АДИБОНИ БУЗУРГ
Марк Твен
Номи аслии нависандае, ки барои ҳамагон чун Марк Твен маъруф аст, аслан Сэмюэл Лэнгҳорн Клеменс мебошад. Яке аз одатҳои ӯ дилбастагӣ ба сигоркашӣ буд. То ҷое мерасид, ки  давоми рӯз то 40 дона  сигор мекашид.
Ба ҷуз ин, Твен миёни ҷонварон гурбаҳоро меписандид ва дар хонааш   даҳ гурба дошт. Ӯ, ҳатто, ҳангоми ба ғазаб омадан,  мисли гурбаҳо садо бароварда, бад-ин васила, асабҳои худро ором мекард.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


БОЛИНИ ПАР ВА ҲИКМАТИ ДУРӮҒПАРОКАНӢ
Ду дӯст бо ҳам пархош карданд. Яке аз онҳо, ки сабру таҳаммул надошт, миёни мардум нисбати рафиқаш суханҳои носазо гуфт. Аммо баъди чанде  ором шуда, фаҳмид, ки хато кардааст.
Ба назди дӯсташ омада, узр пурсид.
Дӯсташ гуфт:
- Хуб! Ман туро мебахшам, вале бо як шарт. Як болин пари қуро дар кӯча пароканда кун.
Гунаҳкор хостаи рафиқашро ба ҷо овард. Баъдан, пеши дӯсташ омада, бо қаноатмандӣ гуфт:
- Шарт иҷро шуд. Маро мебахшӣ?
- Акнун, ҳама парҳоро аз нав ба болишт ҷамъ овар, пас оштӣ хоҳем кард.
- Худат медонӣ, ки ҷамъ кардани онҳо имконнопазир аст, - норозигӣ баён кард рафиқи бетаҳаммул.
- Албатта. Пас, бидон, ки суханони нохуб ва дурӯғеро ҳам, ки байни мардум доир ба ман гуфтӣ, мисли парҳои қу ҷамъ оварда намешавад, - гуфт дӯсташ.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.05.2020    №: 85    Мутолиа карданд: 1167
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед