logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАИСОНИ ВИЛОЯТҲО ВА ЯК ҚАТОР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

Субҳи 2-юми май  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин раисони шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакиро доир ба иҷрои амру фармонҳои Президент ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус (COVID – 19) шуниданд.
Дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати тақвияти тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID – 19, ба аҳолӣ фаҳмондани корҳои пешгирикунанда, риояи дастуру супоришҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодгардида, манъи чорабиниҳои оммавӣ, истифодаи ниқоб зимни баромадан ба кӯчаву ҷойҳои серодам, безараргардонии муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозору дуконҳо ва гулгашту хиёбонҳо, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки корҳои пешгирӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ яке аз тадбирҳое мебошад, ки имрӯз барои ҳар як шаҳрванд аз ҳарвақта дида заруртар аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки бо мардум алоқаи зич дошта, тамоми масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастаҷамъона ҳаллу фасл намоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин,  супориш доданд, ки барои фаровонии бозорҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷоннок намудани киштукори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва, махсусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти ниёзи аввал, тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
- Мардум бояд ба зиндагии рӯзмарра ва осоишта идома дода, ба реҷаи кории ҳаррӯза ва ҳаёти осоишта дар доираи тадбирҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ идома диҳанд,- таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2020    №: 86    Мутолиа карданд: 1130
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед