logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

РИШВАСИТОНӢ
Боздошти корманди андоз бо 21000 сомонӣ
Мутахассиси пешбари нозироти андоз дар ноҳияи Зафаробод Мирзобек Муродов ҳангоми гирифтани 21000 сомонӣ ҳамчун ришва аз сӯи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шуд.
Дар ин бора маркази матуботи агентӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, номбурда 22 феврали соли ҷорӣ аз роҳбари як хоҷагии деҳқонӣ шаҳрванд «Б» барои ба манфиати ҳамин хоҷагӣ ҳал намудани санҷиши андоз 21000 сомонӣ талаб намудааст. Худи ҳамон рӯз дар натиҷаи гузарондани як амалиёт М. Мурдов ҳангоми гирифтани маблағи нишондодашуда боздошт гардидааст.
Сомонаи агентӣ менависад, ки ҳоло нисбат ба М. Муродов бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в, г» - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд ва бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

ҚАЛЛОБӢ
Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи шахси фиребгар
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси шикояти ду сокини пойтахт аз ошкор шудани ҳодисаи қаллобӣ хабар дод, ки дар содир кардани он марди 38 - солаи сокини кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе гумонбар мешавад.
Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино дар асоси шикояти шаҳрвандон муайян карданд, ки номбурда моҳи ноябри соли 2019 ба боварии марди 28 - солаи сокини пойтахт даромада, мошини тамғаи «Лексус ЛС-460» - ашро ба маблағи 33 ҳазору 500 доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро надодааст. Гумонбар бо ҳамин усул аз сокини дигари шаҳр «Мерседес-Бенс» - ро гирифта пулашро барнагардондааст.
Дар робита ба ин ҳолатҳо, нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.
 Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2020    №: 86    Мутолиа карданд: 1228
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед