мулоқотҳо
Ҳар ду ҷониб хоҳони густариши муносибатҳоянд
1 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои худ бо Федератсияи Русия, ки ҷавобгӯи имконоти васеъ ва манфиатҳои дуҷонибаи давлатҳо мебошад, аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад”, - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. “Афзоиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии ду давлат ба андозаи се баробар дар давоми ҳафт соли охир шаҳодати воқеии рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба ҳисоб меравад”.
Муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шувалов дар навбати худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ ва саҳми муносиб доштан дар раванди рушди бемайлони муносибатҳои Тоҷикистону Русия изҳори сипосу миннатдорӣ кард.
Дар мулоқот масоили омодагии муштараки давлатҳои аъзои иттиҳод ба таҷлили ҷашни 65- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Конфронси байналмилалии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба рушди илму иноватсия баррасӣ гардиданд.
Мусоҳибон инчунин масоили рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи нафту гази табиӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, нақлиёт, бозори меҳнат, кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2060