logo

сиёсат

ШИНОСОИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО БУНЁДИ БЕМОРХОНАҲО БАРОИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС

Дирӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти бунёди беморхонаҳои табобати гирифторони коронавирус (COVID-19) дар ҳудуди пойтахт шинос шуд.

Бино ба хабари раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, нахуст Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни сохтмони  бинои баландошёнаи нотамом, ки ҳамчун беморхона барои табобати касалиҳои сироятӣ пешбинӣ шудааст, боздид намуд.
Боиси зикр аст, ки бунёди бино моҳи апрели соли 2018 оғоз ёфта, масоҳаташ 10 355 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он 8-ошёна буда, дар он сохтмони таҳхона, ҳуҷраҳои қабул ва табобати беморон, табибон ва духтурони соҳавӣ, ташхисгоҳ, нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, техникӣ, 3 лифт, толори варзиш, маҷлисгоҳ, ошхонаи замонавӣ, ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло бино дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Рустами Эмомалӣ мақомоти дахлдор ва масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки корҳои сохтмону васлгарӣ ва рангу пардози биноро дар муҳлати 1 моҳ ба анҷом расонда, онро барои муолиҷаи то 200 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ бо тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус, мутахассисони баландихтисосу соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории баландсифат барои истифодабарӣ омода намоянд.
Рустами Эмомалӣ, инчунин, бо ҷараёни корҳои омодагӣ ва ташкилии беморхонаи дигари табобатии пойтахт барои касалиҳои сироятӣ, алалхусус гирифторони коронавирус,  шинос гашт.
Беморхонаи навбатӣ (дар бинои шашошёна) дар масоҳати беш аз 14 200 метри мураббаъ ҷойгир буда, аз 110 ҳуҷраи муолиҷавӣ ва 24 ҳуҷраи табибон, кабинетҳои доругузаронӣ ва табобатии соҳавӣ, ошхонаи замонавӣ барои 200 нафар ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, дар наздиктарин фурсат бо катҳои хоб ва дорувориву таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонда мешавад.
Зимни боздид ба роҳбарият ва  масъулини соҳаи тандурустӣ, инчунин дигар сохторҳои дахлдор, дастур дода шуд, ки беморхонаи мазкурро дар муҳлати 3 рӯз барои қабул ва муолиҷаи  600 нафар ашхоси гирифтори бемориҳои сироятӣ бо тамоми анвои доруворӣ, лавозимоти зарурии тиббӣ ва кормандони варзидаи соҳа омода намоянд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати муолиҷаи беморони сироятёфта дар кӯтоҳтарин муҳлат дар пойтахт иловатан беморхонаҳои табобатиро бо беш аз 3000 кати хоб бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус, мутахассисони баландихтисосу соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат ташкил кунад.

«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2020    №: 87    Мутолиа карданд: 1218
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед