logo

фарҳанг

ҲАБИБ ЮСУФӢ. ШОИРЕ, КИ ҶОН ФИДОИ ВАТАН КАРД

Шоири ҷанговар, шаҳиди майдони мардонагӣ Ҳабиб Юсуфӣ аз зумраи эҷодкорони асиле буд, ки на танҳо васфи Ватанаш – Тоҷикистонро кард, балки дар ҳаёт низ ба дифои он бархоста, дар майдони набард қаҳрамонона ҳалок гардид ва ба қавли Ҳофиз собит кард, ки дилаш бо забон якест.
Шеърҳои «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар», «Вақти он аст, эй қалам», «Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам», «Гар, Ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон» ва дигар ашъори дилошӯби ӯро дар бештари хонадони тоҷикон медонанду месароянд. Баъзе аз мисраъҳои барҷастаи шеъри шоир ба шиор ва масал табдил ёфтаанд.
Ҳабиб Юсуфӣ дар бештари шеърҳояш ишораи равшан дорад, ки ман омодаам барои ин Меҳан фидо шавам. Аз ҷумла:

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.
                          ***
Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,
То шавам чун қаҳрамонҳои ту ман ҳам қаҳрамон.
Бавижа, дар замони ҶБВ меҳанпарастии шоир дучанд боло гирифта, суханонаш бо ҳарорату эҳсоси ҷӯшон ба коғаз рехтаанд. «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар»  гуфтани шоир айнан ба рӯзҳои аввали оғози ҷанг робита дорад. Яъне, адӯ ба хоки ту қадам монду қадру қимат, меҳру муҳаббати туро бештар ҳис кардам ва шинохтам.
Шоир аслан, аз оғоз забткориҳои фашистонро маҳкум мекард, ҳол он ки пои онҳо то ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ нарасида буд. Дар баробари ин, ба амалҳои зиддинсонии душманони кишварҳои шӯравӣ ҳамеша вокуниш нишон медод. Барои ин шеърҳои ба ҷавонони Испания бахшидаи ӯ – «Зи ту қаҳрамонию аз мо мадад», «Ба душманони Ватан – ҷосусони тротскичӣ», «Ба Долорес Ибаррури», «Туфу бар ту, эй гурги малъун, туфу!» (Ба фитнагарони ҳарбии Япония), «Ин Ватан зинда дар ҷаҳон мебод!» (Ба муносибати воқеаҳои Чехословакия) намуна шуда метавонанд.
Гуфтан сазост, ки шоири ҷавонмарди мо бештари ашъори меҳанпарастӣ ва мақолаҳои нағзу пурмағзашро доир ба забон ва фарҳанг дар саҳифаҳои «Ҷумҳурият», ки он замон «Тоҷикистони Сурх» ном дошт, интишор додааст. Пайдост, ки ин ҷарида ҳамеша минбари баланди Ватан ва ватандӯстон будаст.
Агар дафтарҳои ҷангии шоир гум намешуданду то ба мо мерасиданд, то кадом дараҷа ватандӯсти азхудгузашта будани шоирро бештар эҳсос мекардем. Бо вуҷуди ин, эҳсоси баланди садоқаташро ба Меҳан аз номаҳои он ки дар майдони разм навиштааст, пай бурдан мумкин аст.
Масалан, ба устод Лоҳутӣ чунин менависад: «Дар байни ин ҳама ҷангу ҷидоли пуршиддат саломатии Шумо барин устодони азиз …барои халқу Ватан хеле чизи пурқимат аст. Шумо ҳеҷ гоҳ аз ёди ман фаромӯш намешавед. Чунки рӯзе нест, ки байтҳои Шуморо нахонам». Аз ин ҳам ҳарфҳои гармтарро бо шавқ ба коғаз рехта, дар охир таъкид мекунад: «Ман ин сатрҳоро дар зери снаряд ва тири душманон нишаста менависам.  Хоҳиш мекунам, ба самимияти онҳо боварӣ намеояд…».
Дар шеъри «Мактуб аз Шарқи Дур» (Ба маҳбуб) ба ҳамсараш менависад:
Ҷудо шудам зи туву омадам ба кори Ватан,
Зи як диёри Ватан бар дигар диёри Ватан.
Агарчи буд гарон кардам ихтиёр инро,
Чаро ки ёри ту – фарзанди дӯстдори Ватан.
Дар ҳусни матлаъ хоҳиш мекунад, ки ба аҳду паймони ёрӣ содиқ бимон:
Ту пойдор ҳамеша ба аҳду паймон бош,
Ки ман ба ишқи туам чун ба корзори Ватан.
Аҳду паймони рӯҳонии шоир бо Ватанду дилабараш канда нашуда бошад ҳам, аммо сад дареғ, ки ҷисми ӯ 2 моҳ пеш аз пирӯзӣ бо хоки Варшава пайваст ва ӯ дигар ба дидори Ватани муқаддасаш, ки вассофи якумраи он буд, нарасид. Дар номаи комиссариати ҳарбӣ, ки ба унвони хонаводаи шоир ирсол шудааст, ин паёми пурдареғ сабт аст: «Лейтинант Юсуфов Ҳабибулло (ному насаби ҳуҷҷатии шоир – Б. Б.) дар фронт сахт ярадор шуда, 4 феврали соли 1945 дар Полша вафот кард ва дар қабри 9-уми қабристони ҳарбиёни рус, дар мавзеъчаи Вешнуи губернияи Варшава дафн шудааст».
Шоир то вопасин нафас ноумед набуд. Ҳар лаҳза таъкид мекард, ки пирӯзӣ наздик аст. Воқеан ҳам, ғалаба бар фашизм аз ормонҳои Ҳабиб Юсуфӣ буд, ки бо худ ба хок бурд. Аммо ба ивази ҷонфишонии шоир хоки Меҳанаш дар амон монд. 75 сол аст, ки чандин насли одамӣ аз шаҳди ғалаба ва лаззати озодие, ки ба ивази ҷони Ҳабиб Юсуфӣ ва миллионҳо ҷавонмардони далери дигар ба бор омад, мечашанд. Аммо ин таъкиди шоирро ҳаргиз фаромӯш набояд кард:
Ҳаёти дилкашу зебо ҳаёти озод аст,
Чунин ҳаёт на арзон ба даст афтодаст.
Барои он ки ҳаёте чунин диҳад моро
Ҳазор бор Ватан сад ҳазор ҷон додаст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2020    №: 87    Мутолиа карданд: 1165
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед