logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲАСАНИ РӮҲОНӢ

6 май суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо якдигар ва мардумони кишварҳои худро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намуданд.
Сарони ҳар ду давлат алоқамандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ иброз доштанд. Дар робита ба ин, изҳори умед шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда баргузор мегардад.
Ҳангоми суҳбат сарони ду давлат атрофи масъалаҳои ташвишовари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуда, дар пасманзари  паҳншавии пандемияи коронавирус мавзӯи зуҳуроти буҳрониро дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин зимн, ҷонибҳо оид ба иқдомҳои амалӣ ҷиҳати мубориза бо пандемия мубодилаи иттилоъ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Эрон изҳори ҳамдардиву тасаллият ва ба ҳамаи беморон шифои комил орзу намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои қотеона ва саривақтии ҷониби Эрон дар мубориза бо ин бемории сироятӣ баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз пандемияи коронавирус ва оқибатҳои он таъкид гардид.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор дода, аҳамияти андешидани чораҳои заруриро бо мақсади паст кардани сатҳи таъсири манфии пандемияи коронавирус ба ҷараёни рушди онҳо таъкид карданд.
Бо дарназардошти таҷрибаи ғанӣ дар мубориза бо паҳншавии пандемияи коронавирус Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои расондани кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо таҷҳизот, мутахассисони соҳавӣ ва маводи доруворӣ изҳори омодагӣ намуд.
Дар рафти суҳбат, инчунин, дигар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилаливу минтақавӣ матраҳ гаштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2020    №: 88    Мутолиа карданд: 639
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед