logo

фарҳанг

ҲАКИМ КАРИМ. АЗ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БОСМАЧИҲО ТО МАЙДОНИ ҶАНГ

Нависандаи неруманду шуҷоъ Ҳаким Карим бо иродаи қавӣ ва саргузашти ибратбахшаш аз дигарон фарқ мекунад. Зеро ҳаёташ саропо аз мубориза ва задухӯрдҳо иборат буд. Агар дар ҷавонӣ ба рағми босмачиҳо ҷангида, дар рӯзномаи «Бедории тоҷик» (ҳоло «Ҷумҳурият»)  бар зидди аъмоли ношоистаи ин гурӯҳи иртиҷоӣ мақолаҳо чоп карда бошад, баъдтар ба ҷанги зидди фашистон рафт ва барои ҳифзи Ватан ҷон бохт.
Тибқи иттилои сарчашмаҳо, Ҳаким Карим соли 1925, пас аз хатми омӯзишгоҳи кишоварзии Қӯқанд фаъолияти меҳнатиро аз шуъбаи тарғибу ташвиқи Кумитаи комсомоли шаҳри Душанбе оғоз  бахшида, қариб як сол котиби шӯрои деҳоти Қаратоғ буд. Соли 1927 котиби Кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб таъйин гашта, дар муҳорибаҳои зидди босмачиҳо ҷонбозиҳо намуд. Сипас, дар Донишкадаи кишоварзии Тошканд таҳсил карда, аввали солҳои 30-юм дар Нашриёти давлатии халқҳои СССР (Маскав) ва бахши тарҷумаву таҳрири идораи табъу нашри Душанбе фаъолият бурдааст.
Соли 1934 баъди навиштани маҷмӯи ҳикояҳо ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мепайвандад. Ҳаким Карим одами хоксор, меҳнаткаш ва садоқатманд будааст. Ӯ азбаски таҷрибаи ҳарбӣ дошту дар гузаштаи на чандон дур бо босмачиҳо муштбагиребон шуда буд, ӯро барои дифои Ленинград сафарбар карданд.
Аз таърихи ҶБВ маълум аст, ки шадидтарин муҳорибаҳо дар ин шаҳр гузаштааст. Ҷанг торафт авҷ мегирифт, хатари ба муҳосира афтодани  Ленинград вуҷуд дошт. Аз ин рӯ, ҷанговарони шӯравӣ, ки дар сафашон адиби тоҷик Ҳаким Карим ҳам буд, бо ҳар тори мӯ, бо дандону нохун муборизаро давом медоданд, то душман пирӯз нашавад. Аммо дили ҳассосу муборизи нависандаро соли 1942 дар набарди Старая Руссаи назди Ленинград фашистон аз тапиш боздоштанд.
Ҳаким Карим аз ҷумлаи устодони варзида ва асосгузорони жанрҳои ҳикоя ва новеллаи адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад. Соли 1933 аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номи «Садои рӯзҳо» нашр шудааст. Баъдан китобҳои «Ҳикояҳои майда», «Ҳикояи устоди мисриён», «Оқшуда» ва ҳикояҳои дигар», «Ҳикояҳо» - яш (1940)  дастраси хонандагон шуданд. Беҳтарин новеллаи ӯ, ки онро шеъри мансур ҳам мегӯянд, «Марҳабо, баҳор!»  ном дорад. Он намунаи олии суханварӣ буда, вирди забони имрӯзиён низ ҳаст. Ҳикояи «Одам дар халта» эҳсосоти амиқу маҳорати волои нависандаро дар бобати офаридани қаҳрамони адабӣ муҷалло сохтааст.
Ҳаким Карим яке аз аввалин драматургони тоҷик буда, намоишномааш «Ҷанговарон» (1934) сазовори мукофоти давлатӣ гардида буд. Соли 1936 намоишномаи «Соли 1916» - ро (ҳамроҳи Зариф Раҷабов) иншо намуд, ки аз таърихи муборизаи озодихоҳии мардуми тоҷик ҳикоят мекунад.
Адиб ба ҷамъоварии эҷодиёти шифоҳии мардум ҳам машғул буд ва соли 1931 зарбулмасалҳои тоҷикии ҷамъовардаи ӯ дар шакли китоб (дар Маскав, бо хати порсӣ) нашр гардид. Соли 1940 дар маҷаллаи «Шарқи сурх» мунтахаби афсонаҳои халқи тоҷик бо таҳрири ӯ ба табъ расиданд. Чанд асар аз адибони ҷаҳонӣ Л. Толстой, М. Твен, А. Чехов ва М. Горкийро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Имрӯз мо нависанда Ҳаким Каримро ҳамчун қаҳрамони се ҷабҳа – мубориза бар зидди босмачиҳо, ҷанг муқобили фашизми гитлерӣ ва рушди адабиёти тоҷик ёд мекунем. Ёдаш ба хайр ва осораш ҷовидон бод!

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2020    №: 88    Мутолиа карданд: 672
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед