logo

фарҳанг

РАЗВЕДКАЧӢ. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ АБДУҲАЛИМ ҲАКИМОВ

Исми ӯ дар китоби “Ҷангномаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ” зикр шуда, ҳамчунин, дар ёддошту очеркҳои таърихе чун “Ёде аз дӯстону рафиқони ҷангии ман” - и адиби ҷанговар – Захар Якови украинӣ, “Разведчик аз Ворух” - и Иван Зинченко, “Старшина Ҳакимов”, “Разведкаи шабона” корномаҳои ҷангиаш ба тасвир кашида шудааст.

Абдуҳалим Ҳакимов, зодаи деҳаи Ворухи шаҳри Исфара соли 1941 ба фронт рафт. Дар ҳайати қисми 395 - тирандозии Байрақи сурхи дорандаи ордени Суворови дивизияи Таман меҷангид. Ин ҷанговари далери тоҷик то Берлин расид ва бо ғалаба ба Ватан баргашт. Корнамоӣ ва ҷонбозиҳои А. Ҳакимов дар бахши разведкаи ҷангӣ бо ду ордени “Шараф”,  чор ордени “Ситораи Сурх”, ордени “Байрақи сурхи ҷангӣ”, даҳҳо медалу сипосномаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ қадршиносӣ шудааст.
Дар варақаи мукофотонӣ барои қадршиносии сержанти тоҷик Абдуҳалим Ҳакимов бо ордени “Шараф” дараҷаи сеюм, фармондеҳи полки тирандозии 395 Таман полковник  Симоненко  ҷанговари тоҷикро чунин сифат кардааст: “Дар давоми хизмат дар взводи пиёдаи разведка сержант Ҳакимов хешро чун ҷанговари далеру шикастнопазир ва боинтизом дар иҷрои супоришҳои қисм нишон медиҳад. Ҳангоми яке аз муҳорибаҳои шадидӣ шабона Ҳакимов бебоку нотарсона худро ба хандақи душман андохта, нуқтаи тирпарронии шадиди пулемётиро бо граната маҳв сохта, дар ин ҳолат боз чанд тан душманро нобуд сохт. Бо ёрии ҳамяроқони худ 2 ҷанговари немисро асир гирифт. Дар идомаи ин амалиёти ҷангӣ ба сержант Ҳакимов ҳамзамон муяссар мешавад, ки нуқтаи дигари  тӯпҳои душманро нобуд сохта, ба ҳуҷуми муваффақонаи аскарони шӯравӣ шароит муҳайё созад. Месазад барои чунин мардонагиву шуҷоат сержант Ҳакимов бо мукофоти давлатии Ордени “Шараф” сарфароз гардонда шавад”.
Дар майдони набард ҳар як амалиёти ҷангӣ барои Абдуҳалим Ҳакимов як санҷиши далериву шуҷоат, мактаби мардонагӣ маҳсуб меёфт. Баъд аз як амалиёти ҷангии барои Артиши шӯравӣ аҳамияти стратегидошта, ки моҳи феврали соли 1945 дар сарзамини душман ба амал омад, А. Ҳакимов бори дигар ҷасорати бемисл нишон дод. Амалиёт аллакай дар хонаи душман - соҳили ғарбии дарёи Одер, маҳаллаҳои аҳолинишини Тишвис Мглич буд. Ҷанг басо шадиду пурқурбонӣ идома меёфт. Душман, ки дар лонаи худ қарор дошт, ба ҳуҷумҳои артиши шӯравӣ муқобилияти сахт нишон дода, новобаста ба талафоти зиёд ақибнишинӣ намекард. Дар ҳамин ҳол, ин тоҷикписари ғаюр бо садои баланди “Ба пеш барои ғалаба” ҳамяроқони худро рӯҳбаланд сохта, худ ба хати аввали ҷабҳа гузашт. Дигар ҳамяроқонаш бо пайравӣ аз ӯ ба ҷониби муқобил зарба мезаданд, дар натиҷа 25 сарбози душманро маҳв сохта,  3 афсар ва 6 нафар сарбози немисро асир гирифтанд.
Ҳайати фармондеҳии дивизия ба ҷуръату ҷасорати сарбози тоҷикистонӣ аҳсан гуфта, ӯро ба унвони баланд - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод мекунанд. Мутаассифона, пешниҳоди фармондеҳи дивизияи Таман, полковник Симоненко дар ин бора дар зинаҳои болоӣ бо сабабҳои норӯшан роҳ наёфт. 
Абдуҳалим Ҳакимов аз ин ҳолат маъюсу рӯҳафтода нашуд. Зеро вай аллакай қаҳрамон буд, дар ғалабаи бузург бар фашизм дастболо шуд. Рисолати фарзандии худро дар назди халқу Ватан бо сарбаландӣ анҷом дода, пирӯзмандона ба Ватан баргашт.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2020    №: 88    Мутолиа карданд: 545
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед