logo

ҳуқуқ

МИЛИТСИЯИ ПОЙТАХТ. АЗ БОЗДОШТИ ДОРУФУРӮШОНИ БЕВИҶДОН ТО ИДОМАИ АМАЛИЁТ

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, дар доираи баргузории амалиёти шартӣ таҳти унвони «Дорухона» чанд ҳолати ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ аз ҷониби савдогаронро ошкор ва муҷримонро ба ҷавобгарӣ кашид. Зимни амалиёти вижа, ҳамчунин, муайян шудааст, ки доруфурӯшон маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузаштаро бе сертификати мутобиқати сифат ба савдо гузоштаанд.
Дар ин бора маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, мақомоти милитсия баъд аз омӯзиши таклифу муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши маводи доруворӣ чунин амалиётро роҳандозӣ намуда, муайян кард, ки воқеан, як гурӯҳ фурӯшандагони дорухонаҳо бо эҷоди фазои сунъӣ худсарона арзиши маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббиро бамаротиб боло бурдаанд. Сарчашма менависад, ки доруфурӯшони бевиҷдон баъд аз ба қайд гирифтани пандемияи COVID-19 дар ҳудуди ҷумҳурӣ даст ба чунин амал задаанд.
Вале ин тоифа фаромӯш кардаанд, ки дар ҷомеаи қонунсолор ҳеҷ як амали худсаронаву ғайриқонунӣ дер давом нахоҳад кард ва мунтаҳо ба дасти мардумфиребашон завлона зада хоҳад шуд. Яке аз чунин нафарон Ёдгор Бойбобоев мебошад, ки кормандони милитсия ӯро 4 май ҳангоми ба фурӯш баровардани лавозимоти тиббӣ бо арзиши сунъии болобурдашуда дар дохили автомашинаи - тамғаи «Лексус» - аш дастгир намуданд. Дар идомаи чорабиниҳои тафтишот аз манзили истиқоматии номбурда, воқеъ дар деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рудакӣ як қатор лавозимоти тиббии худсохт, аз ҷумла 15600 адад даспӯшаки тиббии рангаш кабуд ва 88 ҳазор дастпӯшаки тиббии рангаш сафед, мусодира шуд, ки як қуттии онро ба ҷойи 45 сомонии муқарраршуда бо арзиши 180 сомонӣ, 290 адад ниқоби тиббиро, ки нархи як ададаш 2 сомонӣ тасдиқ шудааст, бо арзиши 10 сомонӣ ба фурӯш баровардааст. Ҳамчунин, аз манзили зисти ӯ 59 айнаки тиббӣ, 10 ҳазор қутии холӣ бо навиштаҷоти “сабр”, барои ҷойгир намудани дастпӯшакҳои тиббӣ, 50 қутии “бахил”, 1000 дона чӯбчаи тиббии барои маҳлулгирӣ дарёфт гардидааст, ки ба қимати беш аз ҳад савдо мекард.
Тавре тафтишот муайян намуд, дастгиршуда дар ҳоле ба ин амал даст задааст, ки маълумоти соҳавӣ надорад ва бидуни иҷозатномаи мақомоти ваколатдор дар шароити хона, ғайрисанитарӣ ба омодасозӣ, нигоҳубин ва фурӯши маводи тиббӣ машғул шуда, дар як муддати кӯтоҳ аз ин ҳисоб ду нақлиёти гаронарзиши тамғаи «Лексус RX-350» ба даст овардааст.
Ба нақл аз маркази матбуоти РВКД, боздоштшудаи дигар Файзулло Алиев низ бо  истифода  аз  вазъияти  баамаломада  арзиши  маводи  дорувориро худсарона чор - панҷ маротиба боло бурдааст. Ӯ ҳангоме дастгир шуд, ки доруи “Арбидол” - ро ба ҷойи 40 сомонии муқарраршуда 250 сомонӣ мефурӯхт. Ғайр аз ин, доруфурӯши беинсоф 91 адад ниқоби дуфилтраи 20 - сомониро 40 сомонӣ ва 19 адад хилъати тиббии 110 - сомониро бо арзиши 220 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст.
Ҳамчунин, дар доираи амалиёт кормандони милитсия дар ду ҳолат аз дорухонаҳои ҶДММ «Ориёнфарм» ва ҶСП «Азиз-вако», дар маҷмӯъ, 95 капсулаи «Арбидол», миқдори зиёди дорувориҳои «Батферон», «Анаферон» ва «Сиклоферон» - ро мусодира карданд, ки нисбат ба арзиши аслияшон чанд маротиба қиматтар фурӯхта мешуданд. Дар натиҷа нисбат ба нафароне, ки даст ба қонуншиканӣ заданд, мавод барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор доранд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ, маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббии мусодирагардида тавассути сохторҳои тандурустии шаҳри Душанбе ба беморхонаҳои пойтахт тақсим шудааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳушдор медиҳад, ки бо мақсади ошкор намудани чунин ҳолатҳо амалиёти шартии “Дорухона” дар пойтахти мамлакат идома ёфта, нафароне, ки бо истифода аз вазъияти баамаломада даст ба чунин кирдори номатлуб мезананд, дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2020    №: 89    Мутолиа карданд: 620
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед