logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ АНҶОМ ДОДАНД

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Федератсияи Россия ва мардуми бародари русро бо солгарди 75-уми ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик намуда, ба кишвари дӯст барору комёбӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.
Таъкид гардид, ки ин ғалаба бо шарофати муттаҳидӣ ва шуҷоати тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омад.
- Рӯзи Ғалаба - иди муштараку мунаввари мост ва он барои қалбҳову ёдҳо пурарзиш мебошад, - таъкид намуданд Сарвари давлат.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки падарону бобоёни мо бо қаҳрамонии бемисл ва меҳнати зарбдори худ дар майдонҳои набард ва ақибгоҳ бароямон ҳисси доимии ифтихор, зиндагии пурсаодатро муҳайё карда, ба наслҳои оянда сулҳу озодиро фароҳам сохтанд.
Қаҳрамонию ҷоннисории пуршарафи онҳо ҳамеша дар хотираи мо ҷовидон хоҳад монд. Итминон дорам, ки Рӯзи Ғалаба минбаъд низ барои рушди муназзами муносибатҳои Тоҷикистону Россия хизмат хоҳад кард.
Дар рафти суҳбати самимӣ сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия, ҳамчунин, як қатор масъалаҳои ҷории ҳамкории дуҷониба ва ҳалталаби шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Роҳбари кишвари Россияро бо Рӯзи Ғалаба таҳният гуфта, барояшон саломатию комёбӣ орзу карданд.

8 май  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат роҳбарони ҳар ду давлат дар фазои дӯстӣ ба муносибати 75-солагии Рӯзи Ғалаба унвонии мардумони Тоҷикистону Беларус табодули табрикоти гарм, таманниёти некуаҳволӣ, сулҳ ва шукуфоӣ намуданд.
Аснои мубодилаи андешаҳо вобаста ба мавзӯи зуҳуроти глобалии буҳронии муосир, ҷонибҳо ба ҳамдигар оид ба вазъе, ки бар асари паҳншавии фарогири коронавирус дар ҳар ду кишвар ташаккул ёфта истодааст, иттилоъ доданд.
Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларусро таъкид намуданд.
Таъкид гардид, ки ин ба манфиатҳои аслии ду халқи бародар ҷавобгӯ мебошад. Вобаста ба ин, ҳамоҳангсозии минбаъдаи талоши ҷонибҳо ҷиҳати бартараф кардани таъсири манфии оқибатҳои пандемияи коронавирус ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус муҳим дониста шуд.
Президенти Тоҷикистон изҳори итминон намуданд, ки муносибатҳои ду кишвар минбаъд низ идомаи мантиқии худро хоҳанд ёфт ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ дар ин самт таъкид карданд.
Ҷонибҳо, инчунин, як қатор масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалиии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди муҳокима қарор доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2020    №: 90    Мутолиа карданд: 790
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед