logo

фарҳанг

ШАШМАҚОМ. ҚУЛЛАЕ, КИ ҲАНӮЗ ФАТҲ НАШУДААСТ

12 май расман Рӯзи Шашмақом эълон шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии худ дар замони кунунӣ тамоми шароити заруриро барои рушду такомули ин санъат фароҳам оварданд. Зеро моҳият ва эътибори он, ки бо фарҳангу тамаддуни куҳани халқи тоҷик робитаи мустақим дорад, ботинан дарк намуда, зарурати инкишофи онро муҳим донистанд. Дар яке аз суханронии худ Пешвои миллат таъкид доштаанд: «Шашмақом ин ҷаҳони мо, забони мо, фарҳанги мо ва ҳастии мост! Агар «Шоҳнома» - и безаволи Фирдавсӣ дар олами назм қуллаи тобон бошад, пас шашмақом дар олами мусиқӣ қуллаи тобноки дигар аст».
Бо шарофати дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли бисёр масоил дар ҷодаи таҳқиқи ин мероси мусиқии тоҷикон, ғанӣ гардондани он бо андешаҳои нав ва тозакориҳои эҷодӣ, ташкили гурӯҳҳои дарсиву эҷодӣ, тарбияи насли ҷавон ва ба воя расондани мутахассисони кордон ва коршинос эҳё ва густариши минбаъдаи суннатҳои устодона ва классикии иҷрогарӣ имконоти хуб фароҳам омад. Мероси мусиқии суннатии тоҷик - шашмақом дар тӯли асрҳои зиёд инкишоф ёфта, мукаммал мегардид ва аз насл ба насл ба таври шифоҳӣ дар шакли анъанаи зинда - тариқи робитаи мутақобилаи устоди пуртаҷриба бо шогирд, яъне тавассути низоми суннатии «устоду шогирд» интиқол меёфт. Дар ҳар давру замон ҷомеа вобаста ба ақидаву назар ва зебоишиносӣ ва тасаввуроти худ дар пешбурд ва инкишофи санъати шашмақом, дар такомули идроки ғояҳои он, сабкҳои нави сарояндагиву иҷрогарӣ, эҷоди шаклҳову силсилаҳои тоза саҳми худро мегузошт. Аз ҷумла, дар назди ҷомеа ва донандагони шашмақом дар марҳилаи нав вазифаи дигар меистод. Ин на танҳо дар ҳофизаву хотираи ҳунармандон, балки дар воситаҳои сабти хаттӣ низ дарҷ гардидани ин шоҳасар буд. 
Солҳои 1947-1967 дар Тоҷикистон ҳунармандони барҷастаи санъати мақом, устодон ва донандагони бузурги шашмақом Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов китоби панҷҷилдаи «Шашмақом» - ро, ки шомили матни ашъор ба забони асл — забони тоҷикӣ буд, бори нахуст омода ва нашр намуданд. Ин рӯйдод дорои аҳамияти бузурги таърихӣ буд. Онҳо тавонистанд бори нахуст дар таърихи инкишофи шашмақом ин санъати бузургро сабт намоянду тариқи хати адвор хусусиёти мусиқии классикиро эҳтиёткорона нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда интиқол намоянд.
Дар рушди мероси мусиқии классикии тоҷикон дар давраи навин нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Дар иртибот ба рушди шашмақом кушоду равшан муҳокима ё сухан кардан муҳим арзёбӣ намешуд.
Ба шашмақом имрӯз роҳбарони сатҳи гуногун ва зерсохторҳои фарҳангу санъат, телевизиону радиои Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо таваҷҷуҳи хосса доранд. Ҳамаи ин иқдомҳо аз муносибати ҷиддии Ҳукумат ва давлатдорони мо ба мероси гаронбаҳои ниёкон шаҳодат медиҳанд.
Бо мутахассисон дар бораи зарурати тарбияи санъаткорони ҷавоне, ки дастоварди гаронбаҳои халқамон - шашмақомро минбаъд инкишоф хоҳанд дод, андеша кардем. Дар натиҷаи таҳлилҳо ба хулосае омадем, ки бояд барои ташкили чунин мактаби мақомхонӣ анъанаҳои қадимаи мо - устодию шогирдӣ ва системаи таълимоти мусиқии суннатӣ эҳё шавад. Ин мактаб бояд марҳила ва даврҳои ибтидоӣ ва олии таълимро дар бар гирад. Система аз таълимоти муназзами мақомхонӣ иборат бошад.
Дар амалӣ гардидани консепсияи санъати шашмақом дар замони муосир натиҷаҳои муайян ба даст омаданд. Соли 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби ҳирфаии шашмақом - Муассисаи таълимии хусусии “Академияи мақом” таъсис ёфт, ки он дар миқёси Осиёи Марказӣ мақому манзалати эҷодӣ ба даст овард. Бавижа, дар самти инкишофи ин санъат Академияи мақом чандин корҳои воқеан мушкил ва муҳими аз тарафи Сарвари давлат таъкидшударо анҷом дод. Таҳриру тафсири тоза ва шарҳи мухтасари илмӣ - назарӣ ва амалӣ таҳияву интишори китобҳои шашҷилдаи “Шашмақом” ва “Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом”, иҷро ва сабт намудани маҷмӯи силсилаи шашмақом дар студияи сабти овоз ва эҳёи анъанаи асили силсиласароии шашмақом дар Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи ин корҳоянд. Шаш силсилаи бахши овози шашмақом дар иҷрои ансамбли Академияи мақом бори нахуст дар таърихи шашмақомсароӣ дар давоми 6 рӯз пайи ҳам (аз 5 то 10 майи соли 2007) дар Театри давлатӣ - академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, назди ҳаводорону мухлисони мусиқии классикӣ иҷро гардид. Ин рӯйдоди фарҳангӣ дар таърихи санъати шашмақомсароӣ, хотираи мардуми кишвар ва хазинаи тиллоии садову симо хоҳад монд.
Дар баробари ин, санъаткорони Академияи мақом тавонистанд дар муаррифии миллат саҳм гирифта, соҳиби чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ гарданд. Соли 2006 дар Амрико (иёлати Вашингтон) дар Ҷашнвораи 49-уми дарёфти ҷоизаҳои байналмилалии «Грэмми» яке аз Албомҳои мусиқии классикии шашмақом - мақоми Рост, ки аз ҷониби ансамбли Академияи мақом таҳия ва сабт гардида буд, аз албомҳои олӣ шинохта шуда, дар номинатсияи «Албоми беҳтарин дар бахши мусиқии суннатии халқҳои ҷаҳон» соҳиби ҷоиза гашт. Соли 2018 дар нахустин Форуми байналмилалии санъати мақом дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ансамбли Академияи мақоми Тоҷикистон дар байни мақомхонони 73 давлати ҷаҳон беҳтарин дониста шуд ва соҳиби волотарин мукофот Шоҳҷоиза (Гран-при) гашт.
Мутаассифона, баъзе аз ҷиҳатҳои муҳими мусиқии суннатиамонро аз даст додаем. Аз ҷумла, аз эҷоду офариниши суруду мусиқии классикӣ, санъати ҳирфаии бастакорӣ дур шудем ва ба нигоҳ доштану инкишофи он дар замони нав эътибори лозимӣ дода натавонистем. Аз ин рӯ, имрӯз санъати шашмақом танҳо иҷро мешавад, аммо офариниши асарҳои мусиқӣ ва силсилаҳои нави мақом ба назар намерасад. Дар ин мавзӯъ Пешвои миллат дар вохӯриҳои хеш борҳо ба аҳли илму ҳунар муроҷиат менамоянд: “Эҷод кунед, асарҳои нав офаред, шогирдони хуб тарбия намоед, кӯшиш кунед, ки Ватани азизамонро бо тозакориҳои хеш обод созед”.
Имрӯз мо ба таъсиси муассисаҳои таълимиву эҷодии давлатӣ, ба монанди маркази шашмақом, мактаби шашмақом ва академияи шашмақом ниёз дорем. Чунин муассисаҳо метавонанд, минбаъд самтҳои муҳими инкишофи ин санъатро дар сатҳи ҳирфаӣ ба роҳ монда, тарбияи насли наврас ва мутахассисони мукаммали соҳаро таъмин намоянд. Муассисаҳои номбаршуда метавонанд пайваста бо сохторҳои эҷодӣ ва дастаҳои ҳунарии мусиқии суннатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ кор бурда, дар танзими барномаҳои эҷодии онҳо саҳмгузор бошанд.

Абдувалӣ АБДУРАШИДОВ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,
устоди ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2020    №: 90    Мутолиа карданд: 697
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед