номаҳо
МИННАТДОРӢ ИЗҲОР МЕНАМОЯНД
Маҳз бо дастгириҳои бевосита ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойтахти кишвари маҳбуб – шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз ободу зебо шуда, бунёди иншооти наву замонавӣ ба ҳусни ин хуррамшаҳр ҳусни боз ҳам бештарро зам менамояд.
Албатта, мусаллам аст, ки сохтмони биноҳои барҳавову ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ, таъмири роҳҳо, бунёди пулҳои замонавии мошингарду пиёдагард, мавриди истифода қарор гирифтани майдончаҳои варзиш дар саҳни биноҳои истиқоматӣ ва дар муассисаҳои таълимиву фароғатӣ ва кӯдакистонҳо, ки бевосита ба боз ҳам беҳтар намудани шароити зисту некуаҳволии шаҳрвандони пойтахти азизамон нигаронда шудааст, иқдомҳое ба шумор мераванд, ки дар маҷмӯъ сатҳи некуаҳволии шаҳрвандонро боз ҳам беҳтар менамояд.
Далели ин гуфтаҳо чанде пеш ба истифода додани пули хушсохти замонавӣ дар мавзеи қисмати ҷануби маҳаллаи Комсомоли ноҳияи Сино, назди деҳаҳои Хуҷамбиё ва шаҳраки Арғувон мебошад.
Пули мазкур дар шафати анборҳои Маркази барқу гармдиҳӣ ва муассисаи таълимии навбунёди № 84, ноҳияи Сино сохта шуда, он деҳаҳои Хуҷамбиё, Арғувон, Шодоб ва боз чандин маҳали дигарро, ки ба ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Варзоб мутааллиқанд, бо ҳам мепайвандад.
Дар пешбурду назорати корҳо дар сохтмони пули мазкур ва ободонии кӯчаҳову атрофи он Вазорати энергетика ва захираҳои об, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ баҳри устувору қуллай ва зебову назаррас гардидани иншооти мазкур ду тарафи дарёро соҳилбандӣ намуда, масофаи 2 километр роҳи маҳаллаи назди онро мумфарш намуданд. Дар васлу насби таҷҳизоти равшандиҳанда ва чароғон намудани кӯчаву атрофи пул, деворбандӣ намудани ду тарафи кӯчаҳо ва, инчунин, рангубор кардани деворҳои ин минтақа низ саҳмгузорӣ карда шуд.
Имрӯз сокинони деҳоти Хуҷамбиё, Арғувон, Шодоб ва кормандони корхонаҳои саноатии ин маҳал, бо шукргузорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ин пули зебову хушсохти замонавиро бо хушнудӣ убур намуда, ҳамзамон миннатдории худро ба онҳо аз самими қалб изҳор менамоянд.
Аҳлиддин ҲИСОРӢ, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.05.2020 №: 90 Мутолиа карданд: 3676