logo

иқтисод

ЗЕБИ ВАТАН. БАРДОШТ АЗ ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар пайи ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва заҳмати содиқонаи сокинони шаҳр, хусусан соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатманд, Хуҷанди бостон ба дастоварду муваффаққиятҳои назаррас ноил шуда, ба яке аз шаҳрҳои замонавию зеботарини Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳр, гуфт, ки ҳоло дар тамоми гӯшаю канори шаҳр омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дошта, тибқи нақшаи чорабиниҳо то ин рӯзи таърихӣ мавриди истифода қарор додани 510 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолию коркарди саноатӣ, биноҳои маъмурию хизматӣ ва истиқоматии баландошёна, марказҳои фароғатию истироҳатӣ, хизматрасонӣ, майдончаҳои варзиш ва иншооти ҷашнии дигар дар назар аст. То 1 апрели соли равон 350 иншооти ҷашнӣ бо харҷи 600 миллион сомонӣ бунёд ёфта, беш аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
- Соли равон дар шаҳр корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ “Хуҷанд - Агро”, маркази ташхисӣ - табобатии “Дармонгоҳи Хуҷанд”, корхонаи муштараки ҶДММ “Хантана Канада ИНК”, ҶДММ корхонаи муштараки тоҷикӣ - туркии “Афранг пластик”, маркази хизматрасонии “Мавҷ”,  расадхонаи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ, боғи фарҳангию фароғатии дорои шаҳраки афсонавӣ, китобхона, дастгоҳҳои машқу тамрин ва иншооти дигари ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки ба ҳусни шаҳр ҳусн зам кард, - гуфт Маъруф Муҳаммадзода.
Ба масъалаи таъмиру тармими роҳҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Дар семоҳа 7,8 километр роҳ таъмиру мумфарш гардид. Ҳамчунин, ҳар ҳафта рӯзи шанбе ҳашарҳои умумишаҳрӣ гузаронда, ҳудуди шаҳр тозаву озода нигоҳ дошта мешавад. Дар кӯчаю маҳалла ва майдонҳои шаҳр 2419 бех ниҳоли сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз, дарахтони мевадиҳанда ва наздики 739 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонда шудааст.
Яке аз самтҳои афзали фаъоли мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр амалисозии ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръат аст. Масъулону мутахассисони соҳа ва соҳибкорони шаҳр то чӣ андоза аҳамияти бузург доштани саноатикунониро дарк мекунанд. Ҳамин аст, ки дар се моҳ 5 корхонаи нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, шароит фароҳам омад, ки аз ин ҳисоб 82 ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад. То охири сол дар шаҳр бояд 10 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ бо таъсиси 100 ҷойи нави корӣ бунёд ёбад.
Корхонаҳои саноатӣ дар семоҳа ба маблағи 283 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 дарсад зиёд аст.
Баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр 5 миллион сомонӣ сармояи иловагии дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардид. Дар самти содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар низ қадаме ба пеш гузошта шуд. Дар се моҳ ба маблағи беш аз 74 миллион сомонӣ маҳсулот содирот гардид. Айни замон дар корхонаҳои шаҳр 95 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум се лоиҳаи инвеститсионӣ - “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд”, “Беҳтар намудани вазъи оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд” ва “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” идома дорад.
Сарфи назар аз баъзе омилҳои таъсиррасони манфии беруна, нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 100,5 дарсад таъмин гардид.
Чор ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуда, 120 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор ва шаҳрвандони зиёд соҳиби роҳхат ба касбомӯзӣ гардиданд. Дар корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» 83 нафар ба курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат, аз ҷумла кор бо компютер, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, кешбофӣ, қаннодӣ, ошпазӣ, муҳосибӣ, барқчӣ, ороишгари мӯй ва касбҳои дигар ҷалб шуда, 255 нафар тариқи худмаблағгузорӣ соҳибкасб гардид. Дар заминаи татбиқи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 431 корҷӯ бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гашт.
Бовар аст, ки дар партави сиёсати оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хуҷанд бештару беҳтар рушд карда, ба як гӯшаи боз ҳам дилпазиру камназир табдил меёбад.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2020    №: 90    Мутолиа карданд: 1193
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед