logo

иқтисод

ЗАФАРОБОД. ШУМОРАИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

Корхонаҳои саноатии ноҳияи Зафаробод давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 48 миллиону 346,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 972 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ноҳия соҳаи саноат, асосан, аз ҳисоби коркарди пахта ва маҳсулоти он рушд ёфта истодааст. Давоми се моҳ 2285,4 тонна нахи пахта ва 2159,3 тонна пунбадона истеҳсол гардида, аз ин ҳисоб корхонаҳои равғанбарорӣ тавонистанд 286,2 тонна равған тавлид намоянд.
Ба андешаи мутахассисон, соҳаи саноати ноҳия мавсимӣ буда, ҳиссаи корхонаҳои коркард дар ташаккули Буҷети давлатӣ ҳанӯз ночиз аст. Зеро бисёри аз корхонаҳо ҳангоми фаъолияти истеҳсолӣ бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар сабаби то ашёи хоми қабулгардида, аз ҷумла нахи пахта, фаъолияти корхонаҳо то моҳи сентябр боздошта мешавад.
Фабрикаи “Наврӯз” ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ машғул буда, бо сабаби пайдо накардани харидор ҳамагӣ 10 -12 дарсади иқтидори истеҳсолии худро истифода менамояд. Умуман, дар корхонаҳои саноатӣ, ки, асосан, коркарди онҳо аз маҳсулоти пахта вобаста мебошад, ҳамагӣ 30 дарсади иқтидори истеҳсолӣ истифода бурда мешаваду халос.
Тавре аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия иттилоъ доданд, барои рушди соҳаи саноат ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо Қарори раиси ноҳия аз 1 августи соли 2019 Шӯрои рушди саноати ноҳия таъсис дода шудааст. Татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” то андозае ба рушди соҳаи саноат дар ноҳия таъсир гузошт, аммо корҳои ҳанӯз иҷронагардида хеле зиёданд. Дар се моҳи аввали соли 2020 - ум, 2 коргоҳ ва 2 корхона бо 65 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд. Корхонаҳои навтаъсис ба истеҳсоли гӯшти паранда ва маҳсулоти ширӣ машғуланд. Алҳол дар ноҳияи Зафаробод беш аз 20  корхонаи саноатии хурду калон ва коргоҳҳои истеҳсолӣ буда, дар соҳаҳои коркарди пахта, истеҳсоли равған, масолеҳи сохтмонӣ, парандапарварӣ ва қаннодӣ фаъолият менамоянд. Дар самти таъсиси корхонаҳои саноатии истеҳсоли афшураи меваю сабзавот, хушк кардани пиёз ва коркарди пӯсту пашм дар ноҳия имкониятҳо фаровон буда, барои таъсиси чунин корхонаҳо талошҳои зиёд ба назар мерасанд.

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2020    №: 91    Мутолиа карданд: 756
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед