logo

фарҳанг

КОРНОМА. ҚИССАИ ҚАҲРАМОНИ БОГУЧАРИ ВОРОНЕЖ МАҲКАМ КАРИМОВ

Қаҳрамони майдони ҷанг Маҳкам Каримов, зодаи ноҳияи Деваштич аст, ки корномаи набарди ӯ ба Богучар, яке аз шаҳрҳои таърихии вилояти Воронежи Россия вобастагии зич дорад. Ҳамин аст, ки роҳбарияти ин шаҳр 19 декабри соли 1982 ин марди диловарро ба тантанаҳои 40 - солагии  рӯзи аз дасти фашистон озод шудани шаҳр даъват карда буд.

Тантана басо самимиву хотирмон баргузор шуд. Баъдан, дар рӯзномаи   маҳаллии «Селская Нов» очерки журналист Федоренко бо унвони «Ҳама ном ба ном» бо аксҳои рангаи меҳмонону мизбонон ба табъ расид. Дар саҳифаи нашрия, аз ҷумла дар иртибот ба шуҷоату далерии  Маҳкам Каримов чунин омадааст: «…Роҳи ҷангии Маҳкам Каримов моҳи январи соли 1943 дар шаҳри мо қатъ гаштааст, зеро дар яке аз амалиётҳои  басо шадиду хунин худ дар торумор кардани гурӯҳи калони иборат аз техникаи ҷангиву аскарони зиёди пиёдагард фаъолона иштирок ва нақши асосӣ мегузорад ва барои ин шуҷоат бо ордени “Ситораи сурх” дараҷаи се мукофотонда мешавад. Фашистони немис дар яке аз иншооти бузург, ки онро ба анбори муҳими техникиву маводи озуқа табдил дода буданд, шабонарӯзӣ сахт муҳофизат мекарданду нафаре наздик шуда наметавонист, ба қавле ҳатто паша пар занад месӯхт. Супориши фаврии қароргоҳи шӯравӣ омад, ки ба душман бо нобуд сохтани ин анбор зарбаи ҷонкоҳ расонда, душман торумор ва аз шаҳр берун карда шавад. Амалиёт ҳамтарафа тарҳрезӣ ва вақту соати ҳуҷум муайян шуда буд. Оғози ин амалиёт хеле мушкил буд. Фашистон муқовимати сангин мекарданду тир чун борон сари аскарони шӯравӣ мерехту ба сар боло кардану тирпарронӣ илоҷе набуд. Дар ҳамин  лаҳзаҳои ҳассос ҷавони тоҷик бо садои баланди “Ура”, “Ба пеш” аз ҷояш бархесту ӯро ҳамяроқон ҷонибдорӣ карда, ба пеш давиданд ва сарфи назар аз талафоти зиёд иншооти муҳими стратегии душман, аскарону техникаи немисҳоро маҳв сохта, Богучарро комилан аз душман озод мекунанд. Дар ин амалиёт Маҳкам Каримов барои чунин далериву шуҷоат бо ордени “Ситораи сурх” дараҷаи дуюм мукофотонда шуд, аммо сахт маҷрӯҳ мешавад. Богучариҳо Маҳкам Каримовро барои ҷоннисориҳояш ҷиҳати ҳифзу ҳимоя ва озод кардани шаҳрашон бо унвони “Шаҳрванди фахрии Богучар” қадршиносӣ кардаанд”. Рӯзномаи шаҳрӣ аз рӯзгору ҳаёти баъдиҷангии Маҳкам Каримов боз мақолаҳои зиёд ба чоп расонд. Дар зери яке аз аксҳо навиштаанд: “Каримов дар сарзамини богучариҳо Ватани дуюми худро ёфтааст”.
Аз ин вохӯрӣ соле гузашту хабар расид, ки яке аз деҳаҳои шаҳри Богучар  номи фарзанди содиқи халқи тоҷик номи М. Каримов гирифта, дар деҳаи Монастиршина осорхонааш таъсис ёфтааст. Баъдан, боз яке аз боғҳои истироҳатии шаҳр ба номи ӯ гузошта шуд. Имрӯз яке аз кӯчаҳои шаҳраки Ғончӣ низ ба номи Маҳкам Каримов аст.
Маҳкам Каримов дар давоми иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва барои корнамоии ҷангӣ бо ду ордени «Ҷанги Ватанӣ» (дараҷаҳои 1, 2), орденҳои «Шараф», «Ситораи сурх» ва 11 медал қадршиносӣ гардидааст. Баъди сарбаландона аз ҷанг баргаштан котиби комиҷроияи шӯрои деҳот, мудири мактаб-интернат, мудири шуъбаи комиҷроияи ноҳия, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ҷонишини раиси хоҷагӣ, директори заводи хишт ва то поёни умраш сардори идораи гӯштқабулкуниро ба уҳда дошт.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2020    №: 91    Мутолиа карданд: 545
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед