logo

фарҳанг

РАҲМАТ ҚАЛАНДАРОВ. РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Раҳмат Қаландаров моҳи декабри соли 1939  ба хизмати ҳарбӣ даъват гардид. Баъди яку ним соли адои хизмат дар шаҳрҳои Одесса ва Минск Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ шуд. Тоҷикписари далеру ғаюр ҷангро дар наздикиҳои Брест оғоз намуд.

- Мо дар назди техникаи пуриқтидори ҷангии немисҳо истодагарӣ карда наметавонистем, - мегӯяд бобои Раҳмат. Дар муҳорибаҳои шадиди тирамоҳи соли 1941 баталёни онҳо ба муҳосира монда асир меафтанд. Ӯ шаш моҳи асириро давраи мубориза барои ҳаёт мешуморад. «Дар шаш моҳи асирӣ дар лагери консетратсионии немисҳо аз 600 нафар тахминан 40 – 50 нафар зинда мондему халос...» - бо сӯз ёд меорад қаҳрамонбобо. Хушбахтона, ба онҳо муяссар мегардад, ки моҳи апрели соли 1942 посбонони немисро кушта аз лагер фирор намоянд. Пас аз ин, онҳо ба гурӯҳҳои навтаъсиси партизанӣ мепайванданд.
Дар ҷангалҳои вилояти Житомир то нимаи аввали соли 1943 ҳамчун партизан бо немисҳо мубориза мебарад. Баъди наздик омадани фронт боз бо аскарон ҳамроҳ шуда, ҷангро идома медиҳад. Раҳмат Қаландаров дар озод кардани шаҳрҳои Кенисберг, Краков, Варшава иштирок намуда, ҷангро дар лаби дарёи Элбаи Олмон анҷом додааст. Баъди хотимаи ҷанг боз як соли дигар барои ҳифзи тартибот дар Олмон мемонад ва тобистони соли 1946 ба Ватан бармегардад.
Корнамоиҳои Раҳмат Қаландаров бо орденҳои «Ситораи сурх», «Шараф», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», медали «Барои шуҷоат» ва дигар нишонҳои  сарисинагӣ қадрдонӣ шудааст.
Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ дар ободонии кишвари хеш саҳми босазо гузоштааст. Ҳоло бобои Раҳмат дар синни 103 – солагӣ  дар деҳаи Чойхонаи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон дар ҳалқаи фарзандону наберагон даврони пирӣ меронаду шукри оромию осудагӣ ва дастархони пур аз нозу неъмат менамояд.
Ӯ имрӯз дар деҳа ва ноҳияи худ соҳибэҳтиром аст. Пиру ҷавони деҳа ҳангоми сафар ба роҳҳои дур, сохтмони иншоот, ҷашну маросим ва амалҳои хайр аз ӯ дуо мегиранд. Ин пири барӯманд ифтихори ҳамдеҳагонаш буда, дар ҳама шодию нишот ва шикасту рехти мардум ҳамроҳ асту ба онҳо дарси ибрат медиҳад.

Довудхон РАҲМАТЗОДА,
сардори зершуъбаи бойгонии Ситоди генералии
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2020    №: 92    Мутолиа карданд: 541
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед