logo

фарҳанг

БЕНАЗИР. ДАР СИТОИШИ "КОХИ НАВРӮЗ"

Истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва рушди санъати меъмории ниёгон заминаи хуб фароҳам овард. Тарҳи иншооти Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Амфитеатр, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Осорхонаи миллӣ ва чойхонаи "Хуррамшаҳр" дар замири бинанда хотираи гузаштагонро зинда ва муҷалло месозанд. Кохи Наврӯз намунаи олии эҳёи суннатҳои меъмории миллӣ, таҷассумгари ормонҳои аҷдодони барӯманди мо ва самари замони соҳибистиқлолист.
Кохи Наврӯз ҳамчун маҳсули донишу хиради фарҳанги ориёӣ, на танҳо ифодагари шукӯҳу шаҳомати кишвари озоди мо, балки макони ҳамоиши сарони кишварҳои гуногуни дунё, муҳаббатгоҳи оламиён аст. Ҳар равоқ, долон, фаршу сақф, толорҳои алоҳидааш, ки бисёр зебову нозук оро ёфтаанд, намунаи эъҷози ҳунари миллати тоҷик мебошанд. Бинандаи закӣ чи қадаре ки бо ин меъмории беназир, ба тасвирҳои пурҷило ошно шавад, донишу хираду фазилаташ ҳамон андоза афзун мегардад.
Кохи Наврӯз боргоҳест дар ғояти оливу шукӯҳмандӣ. Аз ҳар дару девори он гӯиё Хуршед медурахшад. Зери анвори дурахшони он сутунҳои баланди барҳаво ва шаршараҳои дилрабо ҷило медиҳанд.
Он чун Тахти Ҷамшед меҳмонони воломақоми Машриқу Мағрибро дар Ҷашни Наврӯз ба оғӯш мегирад. Нақшу нигори дару деворҳо наврӯзиҳои бо ҷалолу шукӯҳ, мутантани аҳди Куруш, Доро, Сосониёну Ҳайтолиён ва Сомониёнро дар ёдҳои мо зинда месозанд.
Дар фарши даромадгоҳи Кохи Наврӯз нақши ҳашткунҷа ба чашм мерасад, ки рамзи боварҳои қадими мардуми ориёист. Моҳияти он наҷотбахшӣ, раҳоӣ аз балоҳои заминиву осмонӣ мебошад. Дар даромадгоҳи асосӣ амсилаҳои қуллаҳои барфпӯш, ҷариҳою хамгаштҳои пурхатари кӯҳсор, гӯсфанду бузҳои кӯҳӣ, дарандаю парандаҳои нодир хеле ҷаззобу назаррабо офарида шудаанд.
Шоҳсутунҳои саҳн ба шакли гули нилуфар сохта шудааст, ки шабеҳи сутунҳои Тахти Ҷамшеданд. Нилуфар маънии таваллуд шуданро дорад. Моварои сутунҳо, сақфи барҳаво, тасвири манзараҳои ҳайратовар касро мафтун месозад ва тамошогар худро дар базмгоҳи ин шоҳи адолатпеша ва бунёдгузори Ҷашни Наврӯз тасаввур менамояд. Дар сақфи хеле баланд, болои шаршараи хушоҳанг рамзҳои қадимаи давлатдории мо тасвир шудааст.
Оре, ин бино нахуст бо мақсади бунёди чойхонаи миллӣ тарроҳӣ гашта буд. Бо дастури Сарвари давлат ба мақсади муаррифии ҳунари волои мардум ва ҷалби сайёҳон, ғановатманд ва пурҷозиба гардид. Меҳмонони олиқадри хориҷӣ, сайёҳони зиёд, ки ба ин макон ташриф меоваранд, дурудароз дар саҳни долон таваққуф менамоянд, шефтаи манзараҳо мегарданд ва мегӯянд: «Мо қасрҳои зиёди муҳташами оламро дидаем, аммо чунин нафосату назокати ҳунари зебои дастиро бори аввал мебинем».
Бино аз панҷ ошёна иборат аст. Намои болоии он аз баландии парвози паранда ба тоҷ ва ҳафт ситора шабеҳ мебошад, ки он рамзи соҳибдавлатии миллати тоҷик мебошад. Вазни қандили биринҷии айвони даромадгоҳи асосӣ 4,5 тоннаро ташкил медиҳад. Бурҷи болои қандил ба 16 қисм ҷудо шуда, таърихи халқи тоҷик дар 16 лаҳза тасвир ёфтааст.
Дар толорҳо чил дари нақшин истифода шудааст, ки ҳар кадоме нигориши такрорнашавандаанд. «Дидор» толори ҷамъомади мардум аст, шумо метавонед дар он маъракаҳои ҷашнӣ, маросими дидорбинӣ ва дигар чорабиниҳои тантанавиро гузаронед. Дар ороиши сақф аз ранги сабз истифода шудааст, ки ишора ба даврони меҳрпарастӣ дошта, рамзи тавлиди зиндагӣ ва хоси ҳунари мусаввирони ориёитабор аст.
Дар оинаи даромадгоҳи толор Хуршеди оламтоб гаҷкорӣ шудааст. Ранги кабуд осмон аст, шуоъҳоро бо зарҳал кашидаанд. Даври оина бо чӯби садр ороиш ёфта, ҳамчунин, фаршу деворҳо бо пораҳои ин чӯби қиматбаҳову хушбӯй рӯпӯш гаштаанд. Даври оинаи бузургро бо оби тилло маҳин зарандудаанд. Кас вақте вориди толори «Дидор» мегардад, ба машом накҳати гуворое мерасад. Ин бӯйи чӯби кедр аст. Он шираи муъҷизанок ва табиатан хосияти маҳвсозии барангезандаҳои зарарнокро дорад, ки боду ҳаворо мубарро, назиф ва пок мегардонад. Барои саломатии инсон муфид буда, хосияти табобатӣ ҳам дорад.
«Аржанг» китоби муқаддаси пайравони Монӣ мебошад, ки бо номи «Артанг» низ машҳур аст. Киноя аз «Аржанг» ном гирифтани яке аз толорҳо муъҷизаи мусаввараҳои он, нафосату зебоии кандакориҳо, тасвирҳои ҳаккокишуда, пайванду парчини сангҳои мармар, хоро ва кошинкориҳост. Ду тарафи деворҳо бо санги нодири мармар ва хоро рӯпӯш гаштааст. Нақшу нигори ориёӣ бо ин сангҳо хеле устокорона, пурмазмун, андешапарвар ба чашм мерасанд. Аз пушти он санги оникс (як навъи ақиқ, санги сулаймонӣ) парчин гаштааст.
Шакли толор бо вассаҳо ороиш ёфтааст. Сутунҳои бузург ба толор ҷозибаи дигар мефизоянд. Ҳар сутун 20 метр баландӣ дорад. Теъдоди сутунҳои айвонҳои хурд ба 16 адад мерасад. Нигоришоти дарҳои чӯбин кундал буда, дар яке аз аксҳо мурғи афсонавии Симурғ ба чашм мерасад. Ҳар дари нақшини қаср маҳсули тахайюлу асрори эҷоди ҳар усто буда, дорои ғояву мазмуни ҷудогона мебошад.
Қандили бузурги байни сақфи толор се тонна вазн дошта, аз биринҷ ва булӯр сохта шудааст. Дар байни мизи мудаввар низ сангҳо хеле шинаму дилрабо чида шудаанд.
Дар толори «Зарандуд» дару девор, нақшу нигор, сақфу қандилҳо зарҳалкорианд. Паҳнои толор 36 метрро ташкил медиҳад. Қандили сақфи толор қариб  7 тонна вазн дорад ва 1116 фурӯзонак толорро мунаввар мекунад.
Девори рӯ ба рӯ оинабандӣ шуда, болои он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сангҳои дурахшон парчин шудааст.
Гунбази толори «Зарандуд» аз ҳама калонтарин гунбаз дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Гулҳое, ки дар гунбаз ва дарҳо тасвир шудаанд, нусхабардорӣ аз «Тахти Ҷамшед» буда, 16 барг доранд.
 «Гулистон» аз ҳама калонтарин толор мебошад, ки 1650 метри мураббаъ масоҳат дорад. Дохили толор бо чӯбҳои кандакорӣ зинат ёфтааст. Фарши он аз чӯб буда, толор дорои 16 сутун аст, ки нақшу нигори ҳар кадоме нотакрор мебошад.
Дар ошёнаи дуюм барои мусиқинавозон ҷои хоса ҷудо, саҳна бо чӯбҳои кандакории садр оро ёфта, оинабандӣ шудааст. Дар байн Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ду тарафи он тоҷу болояш ҳафт ситора гаҷкорӣ ва бо зарҳал оро ёфтааст. Дар фарш тасвири нақшу нигори аҳди зардуштиро мебинем. Муъҷизаи ҳунари меъморон бесутун истодани гунбази бузург мебошад.
Дар ду тарафи толор хонаҳои хурде бо нақшу нигори аҳди ориён барои пазироии меҳмонони олиқадр мавҷуд мебошанд. Дарҳои толор аз чӯби чормағз сохта шудааст. Нақшу нигори гаҷкорӣ бо зарҳал ва нуқра оро ёфтаанд. Ба ғайр аз ин, Кохи Наврӯз боз толори саққозанӣ – «Зарринтоҷ» ва синамо – «Ахтарон» дорад. Деворҳо бо шиша, оинаҳои ранга, тасвири чакан оро ёфтаанд.
Бешак, сармеъмори ин маҷмаа Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва аз оғоз то анҷоми сохтмон зуд-зуд ташриф оварда, маслиҳатҳои судманд медоданд. Ҷаҳд мекарданд, ки иморат дар заминаи таҷрибаи меъмории ниёгон, дониш, хирад, эъҷоз, ақлу заковат ва маҳорати ҳунармандони маҳаллӣ бунёд гардад.
Дар рафти сохтмон 40000 метри мураббаъ корҳои гаҷкорӣ, кандакорӣ, ороиш бо сангҳои қиматбаҳо, мармарҳои Тоҷикистон, наққошӣ дар кундалҳо, чӯбкорӣ, оинабандӣ дастӣ ба анҷом расидааст. Тарҳи бинои бошукӯҳ, тасвирҳо, манзараҳо, ороиши дару тирезаҳо, деворҳо, фарш таҷассумгари ормонҳои ниёгонамон мебошанд.

Садриддин ҲАСАНЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2020    №: 92    Мутолиа карданд: 534
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед