logo

фарҳанг

ХОНАИ КИТОБ 85 – СОЛА ШУД

Палатаи давлатии китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Кумитаи ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои Комиссарони халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1935 таъсис ёфта, фаъолияти он ба ҳифзи осори нашрӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ  равона шудааст.
Агар ба таърихи нигоҳдошт ва ҳифзи осори нашрӣ назар афканем, ба рушди матбуоти тоҷик шиносоии бештар пайдо мекунем. Солҳои 2016-17 аз ҷониби ходимони муассиса бозшумории маводи чопӣ сурат гирифт ва аз бойгонии муассиса ду бастаи рӯзнома ёфт шуд, ки бо хатти нофаҳмо интишор шуда, бо забони русӣ «Рахмим» ном дошт. Зимни таҳқиқ маълум гардид, ки он нашрияи яҳудиёни Осиёи Миёна будааст.    Бастаи аввал ба солҳои 1910 - 16 рост меояд, ки аз 242 (256) шумора ва бастаи дуюм солҳои 1911-12-ро дар бар гирифта, аз шумораҳои  пурраи рӯзнома дар ҳаҷми 154 (149) адад иборат мебошад. Бо дарёфти ин ду баста метавон хулоса баровард, ки таърихи нигоҳдошти маводи чопӣ дар ин муассиса на ба соли 1922, балки ба соли 1910 рост меояд.
Бо назардошти пазируфтани Палатаи давлатии китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони байналмилалии ISBN 2 - юми июли соли 2005 муассиса тағйири ном намуда, ҳамчун Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шуд ва салоҳияти додани рақами байналмилалии «ISBN»-ро ба муаллифон ва муассисаҳои нашриявӣ, новобаста аз шакли фаъолияташон, пайдо кард.
Самти дигари фаъолияти муассиса ба ҷамъоварии маводи чопие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ нашр мегарданд, равона шудааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки аз соли 2016 то соли 2019 ба бойгонии Муассисаи давлатии Хонаи китоби Тоҷикистон 6000 нусха китоб, 1898 нусха маҷалла ва 25480 нусха рӯзномаҳои даврӣ ворид гардидааст.
Солҳои охир дар фаъолияти агентӣ дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омаданд.
Дар ин замина, бо ҷалби олимони шинохтаи соҳаи китобдорӣ ва матбуот ташхиси илмии бойгонӣ оғоз ёфт.  Натиҷаи мавзӯъҳои илмӣ дар мақолаву рисолаҳои олимон, дар маҷмӯаи “Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон” дар ду маҷмӯа ба табъ расид.
Зикр намудан ба маврид аст, ки омодасозии “Репертуари китобҳои тоҷик (солҳои 1922-1962)” идома дорад.
Соли 2019 муассиса “Шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаи илмӣ”- ро соҳиб гардид. Ин санад ба муассиса имконият фароҳам меорад, ки дар тӯли панҷ сол корҳои илмию тадқиқотӣ  анҷом диҳад.
Лоиҳаи  навбатии муассиса зери унвони «Таъмини таҷҳизоти пойгоҳҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон» ба Ташкилоти байналмилалии JAICA соли 2018 манзур гардида буд, соли 2020 аз ҷониби ҳукумати Япония дастгирӣ  ёфт.
Мақсад аз лоиҳа таъмини пурраи Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” бо таҷҳизоти замонавӣ ва беҳтарнамоии фаъолияти кормандони он мебошад. Ҳамзамон, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳифзу нигоҳдории захираҳои анъанавии бойгонии нодири миллӣ ва рақамгардонии он аст. Дар доираи лоиҳаи мазкур муассиса на танҳо бо компютерҳои замонавӣ,  балки бо 4 “ЭларСкан” - сканерҳои зудкори гаронбаҳо, дастгоҳи дар ҳолати муътадил нигоҳ доштани ҳавои дохили бойгонӣ  ва дастгоҳи муосири чопӣ, ки барои нашри солнома, феҳрист ва баргаҳои библиографӣ ба муассиса чун обу ҳаво заруранд, таъмин мегардад.

Акбар АБДУСАМАДОВ,
корманди Агентии миллии
Созмони байналмилалии  рақамгузории
 стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2020    №: 92    Мутолиа карданд: 564
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед