logo

маориф

ТАРБИЯ. ЗИЁИИ ҲАҚИҚӢ МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ДОРАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамараи хеш ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи дурахшони насли навраси миллат устуворона қадам мегузоранд ва мардуми шарафманди тоҷикро беш аз пеш ба ватандӯстию худогоҳӣ, омӯзиши маърифати баланди илмию фаросати давлатдорӣ ва ободкорию созандагӣ ҳидоят месозанд.
Сарвари давлат чун омили расидан ба чунин ҳадафҳои неку дурандешона масъалаи рушди соҳаҳои илму маорифро яке аз самтҳои хеле муҳиму афзалиятноки сиёсати давлатӣ дониста, барои пешрафти онҳо шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам меоранд, ки ин бесабаб нест. Зеро пешрафти давлату миллат ба густариши соҳаи маориф ва беҳбуд бахшидани  заминаҳои моддиву маънавии таълиму тарбияи насли наврас вобастагии зич дорад. Яъне, парвариши насли солиму бофарҳанг ва эҷодкору донишманд асоси пешрафти давлат, ободии ҷомеа ва боиси зиндагии шоистаи мардум маҳсуб мешавад.
Гузашта аз ин, Пешвои муаззами миллат зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар бо назардошти аҳамияти масъала оид ба баланд бардоштани нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ибрози андеша карда, масъулинро вазифадор намуданд, ки барои татбиқи пурраи нишондодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Консепсияи миллии тарбия  чораҳои таъсирбахшу зарурӣ андешида шаванд.
Аз суханронӣ ва таъкидҳои Роҳбари давлат бармеояд, ки  зиёиён бояд равшангари роҳи ҷомеа бошанд, чун тарбияи ватандӯстии мардум,  бахусус, ба ҷодаи дуруст раҳнамун сохтани насли наврасу ҷавонон, ба зиммаи онҳост. Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии тарбия расидани давлату миллат ба пешравию муваффақиятҳо мебошад ва дар ин самт дар ҳама давру замонҳо аҳамият ва мақоми соҳаи маориф дар рушди ҷомеа муассир буд ва мемонад.
Бинобар ин, барои баланд бардоштани обрӯй ва мавқеи омӯзгор дар ҷомеа, моро лозим меояд, ки дар асоси сиёсати маорифпаваронаи Пешвои миллат, бо дасту дилу нияти пок ва поквиҷдононаву содиқона дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат ва ҷавонон бо як масъулияти баланди ватандорӣ саҳм бигирем. Ҳар як омӯзгор чун зиёии ҳақиқӣ, бояд талош варзад, ки эҳтироми фарҳангу маънавиёти миллӣ ва забонро ба ҷо оварад, густариш диҳад ва ба таври арзанда миёни наврасону ҷавонон муаррифӣ намояд.

Муродгул САЪДУЛЛОЕВА, мудири бахши маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Данғара, унвонҷӯи ДДД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2020    №: 93    Мутолиа карданд: 2077
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед