logo

иқтисод

НУРОБОД ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

Дар ноҳияи Нуробод ба ободонӣ аҳамияти махсус зоҳир гардида, бо вуҷуди мушкилот дар баъзе  самтҳо корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҳаётан муҳим бомаром идома доранд.
Тибқи иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод Зафар Ҳисориев ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми мардум ва соҳибкорон аз 248 иншооти таъйиноти гуногуни нақшавӣ то имрӯз 150 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар 96 иншоот сохтмон идома дошта, дар 2 - то кор оғоз нагардидааст.
Дар давоми се моҳи соли 2020 тибқи нақша барои сохтмону ободонӣ аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузор 39 миллиону 406 ҳазору 26 сомонӣ, аз ҷумла 28 миллиону 966 ҳазору 26  сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” ба нақша гирифта шудааст.
Айни ҳол корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” дар бинои мактаби автомобилии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия, дар маҳаллаи 2-юми шаҳраки Дарбанд, идомаи сохтмони марҳилаи 2-юми роҳи марказии шаҳраки Дарбанд дар масофаи 1400 метр, сафолакпӯш намудани роҳравҳои пиёдагардон ва чароғон кардани он, аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи сохтмони бинои қасри фарҳанг дар маҳаллаи 2-юми шаҳраки Дарбанд ҷараён доранд.
  Соли 2019 тибқи нақша барои сохтмону ободонӣ 51 миллиону 631 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо гардида буд. Нақша 102,7 фоиз иҷро шуд.
Боиси хушнудист, ки рӯз ба рӯз сафи шахсони саховатпеша ва ватандӯсти ноҳия низ бобати сохтмону бунёди иншооти ҳаётан муҳим афзуда истодааст. Сокини деҳаи Тегирмии деҳоти Комсомолобод Эмомалӣ Шеров аз ҳисоби маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъовардаи худ ба бунёди пули мошингузар барои ҳамдиёрон иқдом намуд. Сокинони деҳаи Юсти Ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов пули мошингузари деҳаро бо сифати баланд  таҷдид намуданд.
Дар ин радиф соли гузашта ба истиқболи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди ноҳия 27 адад иншооти таъйиноти гуногун ба маблағи 15 миллиону 219 ҳазору 100 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи баъзе аз онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.
Дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ низ 30 адад бинову иморатҳои таъйиноти гуногун бо маблағи 8 миллиону 448 ҳазору 200 сомонӣ  ба истифода дода шуданд.
Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии № 9 дорои 5 синфхона воқеъ дар деҳаи Сарҷӯйи деҳоти ба номи И. Ҳалимов ба маблағи 773 ҳазору 600 сомонӣ, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ дорои 8 синфхона дар деҳаи Хуфаки деҳоти Хумдон ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои ошхона ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ, дигаргунсозии бинои маркази хизматрасонӣ ба маблағи 84 ҳазор сомонӣ, дорухона дар кӯчаи марказии шаҳраки Дарбанд ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ, бинои сехи коркарди дару тирезаҳои чӯбӣ ба маблағи 64 ҳазор сомонӣ, сехи истеҳсоли хишти сементӣ дар деҳаи Улфатободи деҳоти Сафедчашма ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ, бинои мағоза ва сартарошхона дар деҳаи Миёнадараи деҳоти ба номи И. Ҳалимов ба маблағи 43 ҳазор сомонӣ, хатҳои интиқоли барқи (ХИБ) 110 кВт дар соҳилҳои чап ва рости обанбор ба маблағи 5 миллиону 114 ҳазору 600 сомонӣ, бинои ду синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ № 35, деҳаи Шаҳтути Болои деҳоти Ҳакимӣ ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ, бинои ду синфхонаи иловагӣ дар назди МТМИ № 55, деҳаи Девлохаки деҳоти Комсомолобод ба маблағи 49 ҳазор сомонӣ ва хатти оби нӯшокӣ барои аҳолии деҳаи Ҳакимии Поён ба маблағи 19 ҳазор сомонӣ дар масофаи 2,5 км аз зумраи он иншооте мебошанд, ки дар соли 2019  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2020    №: 93    Мутолиа карданд: 800
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед