logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.

1. Яке аз баҳрҳои солими арӯз.
2. Номи мақом.
3. Воситаи ифодаи фикр.
4. Номи мақом.
5. Насаби мақомхони машҳури тоҷик, ки дастаи ҳунарие номи ӯро дорад.
6. Оҳанге, ки Борбади Марвазӣ ба муносибати иди Наврӯз тасниф кард.
7. Шабакаи телевизионӣ дар Тоҷикистон.
8. Жанри шеър.
9. Асбоби мусиқии Юнони Қадим, ки дар яке аз донишкадаҳои пойтахт мавҷуд аст.
10. Асбоби мусиқӣ.
11. Суруд аз силсилаи «Муноҷот».
12. Муаллифи оҳанги мусиқии «Навои бузург».

Таҳияи Ҷурабек Муминов, сокини ноҳияи Файзобод


ҶАВОБ БА ЧАЙНВОРДИ «БАХШИДА БА «РӮЗИ ҒАЛАБА» АЗ 8 МАЙИ СОЛИ 2020
1. Ҳайдар. 2. Раҳматов. 3. Валухов. 4. Виктор. 5. Разин. 6. Неъмат. 7. Турдиев. 8. Вернидуб. 9. Буюкли. 10. Исмат. 11. Тухтасин. 12. Назаров. 13. Волгоград.

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
- Гапи шумо дуруст, вале ман таҷрибаи муаллимӣ надорам. Баъд, чизҳое, ки ман мехоҳам бинависам, барои бачаҳо нест.
- Барои бачаҳо нависед. Бачаҳо фардо мардак мешаванд. Имрӯз ёд гиранд, фардо ба кор меоянд.
- Фардо ба роҳи худаш. Алҳол мавриде шудааст, ки аввал имрӯзро бубинем. Амиқтар бубинем, ки дар чӣ ҳолем, ба чӣ машғулем? Ҳоламон бад бошад, чӣ хел беҳ карда метавонем? Шуғламон бесамар бошад, кадом шуғл самар медиҳад?
* * *
Оҳ, агар боз туро медидам,
Сар ба пою қадамат месудам.
Аз ҳама печу хами ҷодаи умр,
Дар хами зулфи ту меосудам.

Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 8 майи соли 2020
Адулҳамид Самад
Ҳофиз

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


«ШОҲНОМА». ТАРҶУМАИ  ПУРРА  БО  ЗАБОНИ  ФАРОНСАВӢ
Бори нахуст «Шоҳнома» бо забони фаронсавӣ пурра тарҷума ва нашр гардид. Тарҷумони ин асари мондагори ҷаҳонӣ шарқшиноси белгиягӣ Пиер Локок буда, чопи онро нашриёти муътабари «Бел Летр» - и Фаронса ба сомон расонд.
Пиер Локок зимни тарҷума ба тасҳеҳи матни Саид Нафисӣ такя карда, сарсуханро пажӯҳишгари эронӣ Ниҳоли Таҷаддуд навиштааст. Нуктаи муҳим ва қобили мулоҳиза он аст, ки шакли фаронсавии достонҳо дар баҳри мутақориб буда, вазнаш низ бо вазни арӯзии он тавъам аст.
Нахустин касе, ки дар Аврупо бахше аз «Шоҳнома» - ро ба забони фаронсавӣ баргардонд, Луи Ланглес, нависанда ва ховаршиноси фаронсавӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки «Шоҳнома» то имрӯз танҳо ба забони русӣ ба таври комил тарҷум шуда буд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ТОМАС МУР
ШАХСИЯТЕ, КИ БОЯД БИШНОХТ!
Томас Мури 100 - сола бо мақсади дастгирии табибоне, ки бемории ӯро муолиҷа карданд, дар яке аз интернет - платформаҳо барои ҷамъоварии маблағ аксия кушод. Тибқи он Томасро мебоист бо асобағал гирди ҳавлиаш 100 маротиба давр занад. Ӯ ваъда дод ин амалро, то ҷашни мавлудаш, ки ба 30 апрел рост меояд, анҷом медиҳад ва умед дошт, ки ақаллан, 1000 фунт ҷамъоварӣ намояд. Аммо баъд аз чанд рӯзи марафон ба суратҳисоби ӯ якбора 5 миллион фунт ворид гашт. Вақте Томас 100-умин даврзании худро дар пахши мустақими БИ-БИ-СИ ба намоиш гузошт, ба суратҳисобаш 32 миллион евро ҷамъ омада буд. Ин маблағро Томаси хайрхоҳ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии пандемия ба Вазорати тандурустии Британияи Кабир эҳдо намуд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ТАСОДУФИ ҒАЙРИОДӢ
Соли 1944 рӯзномаи «Дейли телеграф» кроссвордеро чоп кард, ки дар он тамоми рамзҳои махфии амалиёти фурудоварии қувваҳои иттифоқчиён дар Норманд ҷой дода шуда буданд. Дар кроссворд калимаҳои «Слова», «Нептун», «Юта», «Омега», «Юпитер», рамз шуда буд. Иктишофчиён ба ҷустуҷӯи маълумот шитофтанд ва омодакунандаи кроссвордро дарёфтанд, ки  он як муаллими куҳансоли мактаб будааст. Аммо худи ӯ аз чунин ранг гирифтани кор бехабар буд ва аз ин тасодуфи ғайриодӣ мисли хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳайрат монд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ИМЗОИ МУСТАОР
Боре, дӯстони дерина Владислав Ходасевич ва Алексей Максимович Горкий  маслиҳат мекунанд, ки адаби яке аз сарсахттарин мунаққидонро диҳанд, то ба дигарон сабақ шавад. Бо маслиҳати пешакӣ, Ходасевич дар шумораи навбатии маҷаллаи "Беседа" якбора ду ҳикояи Горкийро чоп мекунад, вале дар ҳикояи дуюм, ки «Дар бораи як роман» ном дошт, имзои мустаори "Василий Сизов"-ро мегузорад. Мунаққид ғайричашмдошт дар саҳифаи рӯзномаҳо ҳардуи ҳикояро зери тозиёнаи танқид мегирад. Аз қазо рӯзи дигар нависандаи шинохта Андрей Собол, ки ба гумони ғолиб ҳар ду ҳикояро хонда буд,  ба идораи маҷалла омада, фикрашро чунин баён мекунад:
- Ҳеҷ шубҳа надоштам, ки аз мутолиаи ҳикояи ҷаноби Горкий ҳаловат мебарам, офарин! Вале навиштаи ким-кадом Сизов зеби маҷаллаи шумо надошт. Ин аблаҳро на танҳо садқаи маҷалла, балки садқаи қалам кунад...
Нимашаб Горкий чароғро даргиронда, Ходасевичро таъкид мекунад:
- Дӯстам, Худо накарда, асли воқеаро ба Собол гӯӣ, вагарна мо баробари рӯ ба рӯ задан, ҳар ду чун рӯҳониҳои бараҳна аз шарм мемурем. 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
Ҷиддияти инсони шӯхтабиат сад бор ҷиддитар аз ҷиддияти инсонҳои ҷиддист.
А. П. Чехов
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ЧУН БА ПИРӢ РАСӢ…
Марде назди олим ба шикоят аз падараш гуфт:
Падарам маро бисёр асабӣ мекунад. Пир шудааст ва талаб дорад, ки  ман дар замин як рӯз гандум, рӯзи дигар пунба бикорам ва худ низ чӣ хостанашро намедонад. Бигӯ, ки бо ӯ чӣ кунам?
Олим гуфт: бо ӯ бисоз.
Наметавонам.
Оё фарзанди кӯчаке дорӣ?
Бале, дорам.
Агар фарзандат рӯзе девори хонаро хароб кунад, ӯро мезанӣ?
На, чун тақозои сину солаш чунин аст.
Ӯро насиҳат мекунӣ? 
На, чун фаҳмаш қабул намекунад.
Медонӣ барои чӣ бо фарзандат чунин рафтор мекунӣ? Чун ту даврони кӯдакиро тай кардаӣ ва медонӣ, ки кӯдакӣ чист, аммо чун ба сини пирӣ нарасидаӣ аз ин сабаб ҳаргиз тақозои як пирро дарк карда наметавонӣ. Дар ин даврон одам зудранҷ, асабию гӯшанишин мешавад ва эҳсоси нотавонӣ мекунад. Пас, эй фарзанд, бирав бо падарат мадоро кун, ки тақозои пирӣ ҷуз ин нест.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


РОБЕРТ СТИВЕНСОН ВА ПОВЕСТИ СӮХТАШУДА
Баҳори соли 1886 Фанни - ҳамсари нависандаи бритониёӣ Роберт Стивенсон дастнависи повести машҳури ӯ «Саргузашти аҷиби духтур Ҷекил ва ҷаноби Хайд» - ро сӯзонд. Ӯ ин амалашро дар мактуб ба дугонааш чунин шарҳ додааст:
«… Повест воқеан, беназокат ва орӣ аз ҳунару истеъдоди нависандагист. Бинобар ин, мехоҳам онро оташ занам». Пас аз ин воқеа, Стивенсон, бо вуҷуди бемории сил доштан маҷбур шуд, ки дар муддати се рӯз матни иборат аз 30 ҳазор калимаро аз хотирааш бознависӣ кунад. Дар ниҳоят китоб сари вақт ба нашриёт супурда шуд ва ба Стивенсон шуҳрати беандоза ва даромади ҳангуфт овард. 
Таҳияи М. СӮФИЗОДА


БУЗУРГТАРИН  ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
18. ИШТИБОҲ
Дар замони вабои бузурги Лондон (соли 1665) мардум фикр кард, ки паҳнкунандаи беморӣ гурбаҳоянд, бинобар ин, барои шаҳрро пок сохтан, ба несткунии оммавии ин ҷонварҳо шурӯъ карданд. Вале, ғайричашмдошт, ҳар қадар ки шумораи гурбаҳо кам мешуд, сироятёбӣ баръакс боло мегирифт. Баъдтар, маълум шуд, ки паҳнкунандаи воқеии вабо на гурба, балки мушҳо будаанд. Яъне, агар мардум сари вақт ба нобудсозии мушҳо даст мезаданд, шояд ин беморӣ дар 18 моҳ ҷони 100 000 ё аз чор як қисми аҳолии ҳамонвақтаи Лондонро намебурд ва «Вабои бузург» ном намегирифт. 

19.  ФАРОМӮШХОТИРӢ
Дар миёнаҳои қарни панҷум Константинопол бузургтарин ва бойтарин шаҳри Аврупо ба ҳисоб мерафт. Ба андешаи коршиносон, сабаби асосии чунин шуҳратмандӣ эмин мондани Константинопол аз мудҳиштарин ҳуҷумҳои таърихӣ буд. Барои мисол, на арабҳо, на варварҳо ва на булғору русҳо онро истисмор карда натавонистаанд. Вале соли 1453, вақте ки туркҳо Константинополро муҳосира карда буданд, кадом як шаҳрванд маҳкам кардани яке аз дарвозаҳоро фаромӯш мекунад. Маҳз фаромӯшхотирии як нафар ба душман имкон медиҳад, ки дохили шаҳр шавад, мардумро сар занад, қисмеро ба ғуломӣ гирад ва худи император Константин XI-ро ба дор овезад.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


ГИ КУРИ  АЗ КАРАНТИН ҲАМ МАНФИАТ БУРД
Ги Кури - писарбачаи 11-солаи бразилиягӣ дар варзиши скейтбординг инқилоб кард. Ӯ дар ҷаҳон аввалин касест, ки тариқи скейтбординг ба ҳаво ҷаҳиш карда, се даврзании пурраро дар 1080 дараҷа анҷом додааст. Куриро бо ин дастовардаш скейтбордингчии дастон Тон Хоук табрик гуфт. Кури рекорди 21 сол қабл гузоштаи Тониро пушти сар гузошт. Волидайни Кури маҳорати писарашонро Худодод арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо,  чунин ҷаҳишро писарашон аз 8-солагӣ тамрин менамуд, вале бо сабаби он ки ба мактаб мерафту  ба омодасозии дарсҳо банд буд, барои ба мақсад расидан имкони камтар дошт. Чун баъди хуруҷи коронавирус дари мактабҳо баста шуд, Кури ҷиҳати тамрин вақти зиёд пайдо намуд ва ин боис гардид, ки ӯ рекорди нав гузорад. Акнун, орзуи ягонаи Кури иштирок дар олимпиада мебошад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


МАН КӢ ШУДА МЕТАВОНИСТАМ?
Дар як шаҳр ду бародар ба сар бурданд, яке муваффақу машҳур, дигаре авбошу ғоратгар.
Боре полис он бародари ҷиноятпешаро дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Рӯзноманигорон, ки ӯро дар саҳни бинои суд иҳота карда буданд, аз пурсиданд:
- Чӣ гуна шумо ҷинояткор шудед?
- Давраи кӯдакиам хеле мушкил гузашт, - гуфт ӯ. – Падарам менӯшид, модарам маро мезад. Боз ман кӣ шуда метавонистам?
Пас аз чанде рӯзноманигорон дар як ҳамоиш аз бародари дигар суол карданд:
- Шуморо бо дастовардҳои бузургатон мешиносанд. Лутфан, мегуфтед, ки ин ҳама муваффақиятро чӣ гуна ба даст овардед?
Мард лаҳзае андеша кард ва сипас гуфт:
- Ман давраи кӯдакии хеле мушкил доштам. Падарам менӯшид, модарам ману бародарамро мезад. Ин ҳама, боис ба мушкилнописандию пуртоқатиам дар зиндагӣ шуданд. Ман наметавонистам хатои онҳоро такрор кунам.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


ҶАЗОБАТИ ЯК ОРЗУ
Рӯзноманигори муваффақ Ҳилберт Каплан, тавонист дар синни 25 – солагӣ маҷаллаи худро таъсис диҳад. Маҷаллаи ӯ бо номи «Institutional Investor» тӯли понздаҳ сол ба яке аз нашрияҳои бонуфуз дар ҷодаи соҳибкорӣ мубаддал гашт. Аммо Ҳилберт чун ба синни 40-солагӣ расид, тиҷорати худро фурӯхт. Ин амалаш суолбарангез буд.
Баъдан маълум шуд, ки ӯ бори аввал симфонияи дуюми композитор Густав Малерро шунида, ба он дил бастааст.
Густав Малер, композитори австрияӣ соли 1895 як қисми мураккаби мусиқӣ бо номи "Симфонияи № 2" ё худ "Эҳё" - ро офарид. Бо шунидани мусиқӣ Ҳилберт ба ваҷд омад. Мепиндошт, ки дар ӯ эҳсосоте бедор шудааст, ки муддати тӯлонӣ хоб буд. Ба назараш ин мусиқиро танҳо ӯ хуб эҳсос кард ва танҳо ӯ метавонад ба дигарон муаррифӣ созад.
Ҳилберт Каплан ба ин хотир маҷалларо ба маблағи 72 миллион доллар фурӯхта, тасмим гирифт, ки дирижёр шавад ва ба ҷаҳониён бузургии Малерро нишон диҳад.
Коршиносон ин корашро беақлона меҳисобиданд. Дар ин синну сол ва дур аз кору фаъолияташ дирижёр шудан ғайриимкон буд. Дӯстон ҳам ба кори ӯ хандиданд.
Аммо Ҳилберт новобаста аз он ки ягон асбоби мусиқӣ навохта наметавонист, дар назди беҳтарин устодони санъат ба омӯхтан пардохт.
Ниҳоят, пас аз ду сол орзуяш амалӣ гардид.
Ҳилберт Каплан бо оркестри симфонии Лондон бо иҷрои Симфонияи дуюми Малер барномаи яке аз ҷашнвораҳои бонуфузи ҷаҳон - Залсбургро кушод. Ӯ муваффақтарин албоми классикиро дар Амрико навохт ва ҳамчун роҳбар ва дирижёри беҳтарин, ки Малерро эҳё намуд, дониста шуд. Ба гуфтаи ӯ, агар инсон орзуе дар дил дорад, ин аллакай як қадам ба пеш аст, зеро орзу мисли оҳанрабои азимест, ки тамоми шароити заруриро барои инсон ҷалб мекунад.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


ПУЛ ВА ҲАЁТ
На ҳама вақт пул василаи асосии пешбурди зиндагист. Ин ҷо пандҳоеро аз зиндагӣ меорем, ки дар ҳалли бисёре аз муаммоҳои ҳаёт дуюмдараҷа будани пулро мефаҳмонанд.
Бо пул метавонем хона бихарем, вале на муҳити онро.
Кати хоб мехарем, вале на хобро.
Китоб мехарем, на донишро.
Соат мехарем, на вақтро .
Дору мехарем, на саломатиро.
Таҳияи Ташрифулло  САЪДУЛЛОЕВ


САДОҚАТИ САГ
Рӯзе аҳли хонаводаи Смит - Диана ва Гери аз шаҳри Зиланди ИМА мушоҳида намуданд, ки сагашон Раскал камҳаракату хаста метобад ва чизе намехӯрад
Дарҳол зану шавҳар ба қарор омаданд, ки Раскалро ба назди байтор бибаранд. Ҳангоми бурдан, дар роҳ дида мешуд, ки ҳолати ҷонвар беҳтар мешавад. Дар беморхона ҳама гуфтанд, ки саг ба касалие гирифтор нест. Аммо вақте ба хона баргаштанд, боз ҳолати саг ҳамоно бад мешуд. Пас, ҳамсарон ин воқеаро ба дӯстонашон ҳикоят карданд. Яке аз онҳо гуфт, ки шояд сабаби ин нуқс доштани таҷҳизоти гази хонаатон бошад. Зеро ҳангоми дар хона паҳн шудани газ саг ба чунин ҳолат гирифтор мешавад, аз ин рӯ, бояд, фавран, ба мутахассисон муроҷиат кард.
Пас аз даъвати мутахассисон, фарзияи дӯсташон тасдиқ ёфт ва муроҷиати саривақтӣ оилаи Смитро аз фалокат эмин дошт.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2020    №: 93    Мутолиа карданд: 1091
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед