logo

туризм

САЙЁҲӢ. АГАР МУТАХАССИСОН ҲИРФАВӢ БОШАНД...

Рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ аз сатҳи касбии мутахассисонаш вобастагӣ дорад. Маҳз мутахассисони босалоҳият, донишманд, кордон ва дорои сатҳи баланди тахассусӣ рақобатпазирии корхонаҳои соҳаро таъмин карда метавонанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки иқтидори ҳар корхонаро кадрҳо ташкил медиҳанд. Андешаҳои наву тоза, технологияҳои навтарин, шароитҳои берунаи ҷолиб бе мавҷудияти иқтидори кадрии босалоҳият ба манфиати соҳа ва корхонаҳои он хизмат карда наметавонанд.

Шароити иқтисоди бозорӣ, ки охири садаи XX ва ибтидои асри XXI руҷӯъ кард, системаи таҳсилоти даҳсолаҳо муназзамгардида, ҳамзамон, бо ҷои корҳои холӣ таъмин гардидани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олиро комилан тағйир дод. Ин раванд зарурати ворид кардани ислоҳот  дар мазмуну мундариҷаи таҳсилот, инчунин,  ҷорӣ кардани таҳсилот дар риштаҳои ихтисосу тахассусҳои навро ба миён овард. Вобаста ба ин, системаи таҳсилот мунтазам таҳлил гардида,   талабот ба ин ё он ихтисосу тахассусҳо ва самтҳои омода намудани мутахассисон бояд муайян карда шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештар эҳтиёҷот танҳо бо назардошти соҳаҳои мушаххас ба назар гирифта шуда, талаботи бозори меҳнати шаҳр, минтақа нисбат ба мутахассисони соҳаҳои заруриятдошта сарфи назар мегарданд.
Норасоии кадрҳои соҳибихтисос имрӯз дар тамоми соҳаҳои истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ, ба мушоҳида мерасад. Нишондиҳандаи кору машғулият дар соҳаи сайёҳӣ, тавре ноиби президенти Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба сайёҳӣ (WTTC) Ричард Миллер зикр мекунад, муҳаррики муҳим барои иқтисодиёт маҳсуб меёбад. Зеро саноати сайёҳӣ рушди соҳаҳои ба сайёҳӣ аз ин ё он ҷиҳат алоқамандро аз қабили сохтмон, инфрасохтор ва тамоми бахшҳои марбут ба хизматрасонӣ (нақлиёт, муассисаҳои савдою тиҷорат, хӯроки умум, фарҳангу фароғат, варзиш, алоқа, молия, суғурта… ва ғайра)-ро  низ таъмин хоҳад кард.
Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) иброз доштанд, ки бо мақсади рақобатпазир гардондани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем.
Айни ҳол бо назардошти таззодҳои зудтағйирёбандаи вобаста ба соҳаи сайёҳӣ,  мушкилот дар ин самт бештар ба назар мерасад.
Муассисаҳои таҳсилотие, ки ба омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ машғуланд, на ҳамеша  бо истеҳсолот дар соҳа робита дошта, омодасозии кадрҳо характери қолабӣ дорад. Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии соҳа    ва  барномаҳои таҳсилотӣ чандон ба эҳтиёҷоти воқеии саноати сайёҳӣ мувофиқат намекунанд. Ҳамзамон, норасоӣ дар адабиёти соҳавӣ, китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ низ эҳсос мешавад. Ҷиҳати бартарафсозии ин камбудиҳо бояд дар омода намудани стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва дастуру нишондодҳои методӣ кормандону коршиносони варзидаи соҳаи сайёҳии ватанию хориҷӣ аз истеҳсолот ҷалб шаванд.
Мушкилоти дигар дар самти омодасозии мутахассисони соҳа бархӯрдор набудан аз таҷрибаи тарбияи мутахассисон дар кишварҳои дар ин ҷода пешрафтаи ҷаҳон мебошад.
Бо назардошти иқтидори сайёҳии Тоҷикистон доираи ихтисосу тахассусҳое, ки аз рӯи онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мутахассисон тайёр карда мешаванд, каманд. Бахусус, набудани  тахассусҳои менеҷменти сифати  хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умум, менеҷменти сифати хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт, хоҷагии меҳмонхонаҳо, менеҷменти меҳмонхона, технологияи иттилоотӣ, тиҷорати электронӣ ва индустрияи сайёҳӣ, тарҷумонҳо, саёҳатшиносӣ, кормандони мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, кормандони осоишгоҳҳо, идоракунии паркҳо ва захираҳои табиии миллӣ, аниматорҳо ва амсоли инҳо эҳсос мешавад. Зарур аст, ки дар риштаҳои таҳсилоти олии тахассусии соҳаи сайёҳӣ зертахассусҳои зикршуда ворид гардида, тибқи он мутахассисон тайёр карда шаванд.
Ташкил ва баргузории машғулиятҳои омӯзишии амалӣ дар ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, мавзеъҳои истироҳату фароғат, осоишгоҳҳо, ширкатҳои нақлиётӣ ҳамчун раванди воқеии робита бо амалия метавонад ба болоравии малакаву маҳорати тахассусии муҳассилини ихтисосҳои сайёҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат кунад. Зеро омезиши назария ва амалия хусусияти асосии таҳсилот дар риштаи сайёҳӣ ва меҳмонпазироӣ мебошад. Такмили ихтисоси кормандони соҳа, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии марбут ба сайёҳӣ низ аз масъалаҳое мебошанд, ки бояд дар наздиктарин муҳлат ҳалли худро ёбанд.
Ҷорӣ намудани низоми муназзами тарбияи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ кори якҷояи субъектҳои хоҷагидории соҳа, олимону коршиносон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мақомоти идоракунии давлатии соҳа буда, масъулияту таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамояд. Танҳо мутахассисони варзидаю кордон метавонанд рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳии мамлакатро дар бозори сайёҳии ҷаҳон таъмин намоянд ва Тоҷикистонро ба як кишвари аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта мубаддал созанд.

Фазлиддин ҚОДИРОВ,
номзади илмҳои педагогӣ,
дотсенти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2020    №: 94    Мутолиа карданд: 2576
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед