logo

фарҳанг

САРАЗМ. ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ МУТАМАДДИН

Имсол 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо даъвати меҳмонону олимони шинохтаи хориҷӣ дар шаҳри Панҷакент ҷашн гирифта мешавад. Дар натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносиву археологӣ олимони соҳа Саразм - ин шаҳри бостонӣ ва  ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷии гузаштагони мо дар Варорӯдро дарёфтанд, ки ба миёнаи ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III то мелод мансуб аст.

Ба андешаи олимону бостоншиносон Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳавзаи қадимтарини пайдоиши инсон ва ташаккули ҷомеаи инсонӣ шомил мебошад. Ҳафриёти бостоншиносии ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, ки теъдодашон на кам аз се ҳазор ададро ташкил медиҳад ва қадимтарини он осори давраи палеолити поёни Кӯлдараи Ховалинг аст, аз ин шаҳодат медиҳанд. Омӯзиши мунтазам ва пайвастаи археологии Осиёи Миёна ва ҳамзамон ҳудуди Тоҷикистон, ки ҳанӯз охири солҳои 30 - юми асри бист оғоз ёфта буд, имрӯз яке аз ҳавзаҳои омӯхташудатарини илми бостоншиносӣ маҳсуб мешавад.
Пеш аз ҳама, бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳодат аз он медиҳанд, ки сокинони Осиёи Миёна - асри санг, мису биринҷӣ ва оҳанро тай намудаанд. Яке аз марҳилаҳои муҳимтаринро мутахассисон асри биринҷӣ номгузорӣ намудаанд. Зеро, маҳз дар ҳамин давра қувваҳои истеҳсолкунанда ва сохти иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ рушд мекунад. Ба андешаи академик Бобоҷон Ғафуров, дар ин марҳила истихроҷ ва гудозиши маъдан, сохтани олоти филизӣ, обёрии сунъӣ, гузариши пурра ба хоҷагии истеҳсолкунанда, бунёди масканҳои бузурги истиқоматӣ ба мисли нахустшаҳрҳо ба вуқӯъ меоянд.
Омӯзиши осори аҳди энеолит ва асри биринҷӣ дар Осиёи Миёна ҳанӯз солҳои 80 - уми асри XIX ибтидо гирифта бошад ҳам, пажӯҳиши пайвастаи он солҳои 50 - уми асри XX аз тарафи бостоншиносони шӯравӣ ба роҳ монда шуд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза низ омӯзиши мунтазами илмии ёдгориҳои асри биринҷӣ, новобаста аз бозёфтҳои тасодуфӣ, миёнаи солҳои 50 - уми асри XX шурӯъ гардид.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ ёдгориҳои дигари таърихии асри биринҷиро аз ҳудуди Тоҷикистон ба мисли Кангурттут, Баракикурук, Тегузак, Даҳана, инчунин, ёдгориҳои миёноб ва поёноби Вахш, водии Ҳисор ва ахиран Фархор кашф шуданд, ки имрӯз мавриди пажӯҳиши мутахассисони дохилию хориҷӣ қарор доранд. Умуман, дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдгориҳои бостонию таърихӣ, ки таҷассуми таърихи тӯлонию ғанӣ ва тамаддунофарии тоҷикон мебошанд, ниҳоят зиёданд.
Кашфи Саразм ва омӯзиши он бо номи бостоншиноси шинохта ва ҷӯяндаи асрори куҳан Абдуллоҷон Исҳоқов пайваст аст. Соли 1977 калонтарин ва қадимтарин осори аҳди энеолит ва асри биринҷӣ – шаҳри бостонии Саразм бо сарварии ӯ дарёфт гардид. Ташхисҳои аввалин нишон доданд, ки масоҳати ёдгории Саразм на кам аз 100 гектар аст, вале мутаассифона, аз асри VI мелодӣ сар карда, дар ҳудуди он деҳаҳои нав, биноҳои маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ бунёд шудаанд. Имрӯз дар ҳудуди ёдгорӣ деҳаҳои Раҷабалӣ, Авазалӣ, Ғурач ва Соҳибназар ҷойгиранд, ки боиси аз байн рафтани зиёда аз 40 гектар масоҳати ёдгорӣ гардидаанд. Тахминан ҳудуди 35 гектари берун аз маҳали зистмондаи ёдгорӣ, ки он низ ба сифати чарогоҳ ё замини кишти лалмӣ истифода мешуд, камтар осеб дидааст. Вале шудгори замини кишт бо ҷуфти гов ва баъдан трактор сабаби пурра аз байн рафтани қабати болоии мадании ёдгорӣ гардидааст.
Кашфи Саразм яке аз дастовардҳои назаррастарини илми бостоншиносии тоҷик дар охири садаи гузашта буд. Таҳқиқоти нахустини бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм тирамоҳи соли 1976 оғоз гардид ва аллакай соли 1977 натиҷаҳои аввалини бадастомада, ки аз таърихи хеле қадимаи ёдгорӣ шаҳодат медоданд, таваҷҷуҳи олимони шинохтаи шӯравӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Аз ин пас, Саразм ба яке аз марказҳои бонуфузи ҳафриётӣ ва пажӯҳиши бостоншиносони шинохтаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Воқеан, Саразм бошишгоҳи шакли мадании муқимии кишоварзии минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб буда, тамаддуни он  наздики 1500 сол идома ёфтааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба арзиши шаҳри бостонии Саразм изҳор доштаанд: «Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад».
Воқеан, Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорӯд буда, аз ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ибтидо мегирад. Ин хулосаи илмӣ дар заминаи таҳқиқоти тӯлонии олимони ватанию хориҷӣ дар чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ иброз гардид ва вобаста ба таърих ва пажӯҳиши Саразм силсилаи асарҳову мақолаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ бо забонҳои гуногун ба нашр расидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихии шаҳраки Саразми бостониро ба инобат гирифта, соли 2000 шаҳри Саразмро ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнӯъгоҳи таърихӣ - бостоншиносӣ» эълон намуд. Саразм бо бозёфтҳои нодиру нотакрораш дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хосаро соҳиб буда, ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳон аз тамоми гӯшаву канори дунё қарор гирифтааст. Ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид шудани шаҳри Саразми бостонӣ ҳамчун қадимтарин ёдгорӣ ва мероси таърихии тоҷикон, мояи ифтихор мост.
Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Ҷашн гирифтани 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ 2 майи соли 2019 қарори дахлдор қабул намуда, нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ тасдиқ гардид.
Таҷлили Ҷашни 5500 - солагии Саразми бостонӣ воқеан барои таҳқиқ ва омӯзиши ин ёдгории нодир давраи комилан навро ибтидо гузошт. Пеш аз ҳама, ковишҳои бостоншиносӣ ва омодасозии ҳафриёт ба ҷашн бо суръати дучанд вусъат пайдо намуданд. Барои идомаи ковишҳо бостоншиносони шинохтаи ватанию хориҷӣ ҷалб гардиданд.

Мадина ЗАМИРОВА, 
омӯзгори МТМУ № 3, ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2020    №: 94    Мутолиа карданд: 579
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед