logo

маориф

МАОРИФ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

«Мусаллам аст, ки бе мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, пояи устувори моддиву техникӣ ва кадрӣ пешрафти илмҳои техникиву табиӣ ва хусусан илмҳои таҷрибавӣ (экспременталӣ) ғайриимкон аст».

Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар иброз дошта, таъкид карданд, ки ҳоло маҳз бо ҳамин сабаб, тақрибан, тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олӣ, илмиву таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии кишвар наметавонанд таҳқиқоти самаранок ва ташхиси дақиқу саривақтиро ба анҷом расонанд.
Ба андешаи мутахассисон, ин гуфтаҳои Пешвои миллат бисёр масоили дигари ҳалталаби соҳаро пешорӯи мо мекушояд. Тавре Ҳайдар Одиназода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, зимни суҳбат иброз дошт, изҳори нигаронии Сарвари давлат аз таваҷҷуҳи ками ҷавонон ба фанҳои риёзию табиӣ, илмҳои техникӣ, коҳиши татбиқи илм дар истеҳсолот бисёр саривақтист. Зеро шурӯъ аз муассисаи таълимии умумӣ то донишгоҳу донишкадаҳои соҳавӣ корҳои озмоишӣ (лабораторӣ) аксар вақт «дар варақ» мегузаранд. “Дар ҳоле ки гузарондани корҳои озмоишӣ аз фанҳои физикаву химия бояд бахши амалии дарсҳоро ташкил диҳад, шифоҳӣ сурат мегирад, ки дар натиҷа хонанда аз хосияти моддаҳо, ҷисмҳо ва реаксияву алоқамандии онҳо бехабар мемонад”, - мегӯяд мавсуф.
Бояд гуфт, ки заминаи муҳими ба рушди тафаккури техникӣ расидан муҷаҳҳаз гардондани базаи моддӣ - техникии муассисаҳои таълимии оливу касбӣ ва миёна мебошад. Аммо, мутаассифона, на танҳо дар муассисаҳои таълимии умумӣ, балки дар бештари литсейу коллеҷҳои касбӣ ва ҳатто донишгоҳҳо лабораторияҳои вижаи фаннӣ вуҷуд надоранд, ки боиси нигаронист. Хушбахтона, дар Донишгоҳи техникӣ чун муҳимтарин муассисаи олӣ дар тайёр намудани мутахассисони соҳа,   ин мушкилот ҷой надорад ва базаи моддӣ - техникии муассиса иқтидори хуб дорад. Донишгоҳ бо истифода аз имкониятҳои парки технологӣ на танҳо худ, инчунин, муассисаҳои дигари таълимиро низ бо таҷҳизоти лабораторӣ таъмин карда метавонад. Чунончи, парки технологии донишгоҳ дар навбати аввал чор озмоишгоҳро аз фанни физика муҷаҳҳаз гардонда, инчунин, тавонист донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, ДДБ ба номи Носири Хусрав, коллеҷи техникӣ ва ДДОТ ба номи Садриддин Айниро бо таҷҳизот таъмин намояд.
- Асбоби лабораторие, ки олимони мо месозанд, аз ҳисоби дақиқияти ченкунӣ, мустаҳкамӣ ва тобоварӣ аз дастгоҳҳои лаборатории кишварҳои хориҷӣ камӣ надоранд. Нархашон ҳам ба маротиб арзон буда, дар ҳолати зиёд шудани фармоиш ҳаҷми истеҳсолро афзуда, саҳми худро дар тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот мегузорад, - изҳор дошт Ҳайдар Одиназода.
Ҳамин тариқ, тавре мутахассисон иброз доштанд, ҳалли мушкилоти соҳа ба такмили методика ва барномаҳои таълимӣ низ вобастагии зич дорад. Муаллим танҳо бо навиштани формула, алгоритм ва ё бо гуфтани таҷзия ва ҳосили моддаҳо қонеъ нагардад, балки мавқеи истифодашавии онҳоро бо гузарондани корҳои амалӣ ва озмоишӣ нишон диҳад. Гузашта аз ин, оғоз кардани омӯзиши компютер аз синфи чорум, бештар кардани соати фанҳои дақиқ дар барномаҳои таълимиро ба мақсад мувофиқ шумурда, куллан таҷдиди назар кардани барномаи таълимиро дар донишгоҳҳое, ки самти фаъолияташон бо илмҳои табиӣ рабт дорад, амри ногузир медонанд. Зеро дар китобҳои фанҳои табииву риёзӣ гоҳо масъала ва мисолҳое вомехӯранд, ки дарки он ба хонандаи ҳамон синну сол ниҳоят мушкил аст. Душвории масъалаҳо ва номафҳумии баъзе мисолҳо хонандаро аз фанҳои риёзӣ, химия, физика, геометрия дилсард мекунад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2020    №: 94    Мутолиа карданд: 1830
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед