logo

фарҳанг

ОРЗУ. ХОТИРОТИ ҲАМСАФАРӢ БО ЯК ТОҶИКИ АФҒОНИСТОНӢ

Аз шаҳри Душанбе бо мошинаи мусофиркаше ба Хоруғ меомадем. Ин сафари аввалинам дар ин  масир баъде, ки дар ноҳияи Дарвоз сел фаромада, роҳро вайрон, деҳаи  Хоставро зер карда буд. Сел аз рӯдхона сарозер шуда, деҳаҳои сари  роҳашро ба коми худ фурӯ бурду дарёи Панҷро чанд муддат банд  кард. Деҳаи Хостав ва қитъаи шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки қад-қади дарё мегузарад, зери об монд. Дар давоми як шабонарӯз бо заҳмати зиёд тавонистанд дарёро  рахна кунанд. Хонаҳои зиёд хароб шуданд. Роҳ ҳам аз  истифода баромад.
Вақте аз посгоҳи БДА-и ноҳияи Дарвоз гузаштем, мусофире, ки дар курсии паҳлуям менишаст ва аз суҳбат маълумам шуд, ки  аз  тоҷикони Афғонистон  аст, ба  ман  муроҷиат  карда  гуфт:
- Инак, ба ватани ман наздик омадем. Хонаи ман, ана дар пушти ҳамин кӯҳдоман ҷой гирифта буд - ҳамсафарам ба он тарафи дарё - марзи Афғонистон ишора карда, афзуд: - Хона ҳам не, як кулбаи вайронае доштам, ки сарамонро дар сардиву гармӣ он ҷо паноҳ мекардем. Он рӯзи наҳс кулбаи мо ҳам дар қатори даҳҳо кулбаҳои  дигари ҳамсояҳоямон туъмаи сел гардид. Ҳама замини  кишту боғи сарсабзамон дар як лаҳза аз байн рафт. Хайрият, аъзои  хонаводаам осебе надиданд.
 Дар он тарафи дарё изи сел намоён буд. - Мо бо азобе бо зану кӯдаконамон рӯди пуртуғёни кӯҳиро убур  карда, тайи се рӯз дар ҳамин дашт, - Ҳокимшо боз ба он тарафи дарёи  Панҷ ишора карда, нақлашро идома дод, - аз сел паноҳ ҷустем. Дар тарафи шумо аз  соатҳои аввали офати табиӣ ҳукуматдорон расиданду  корҳои бартарафсозии хисорот сар шуд.
Сел маҷрои дарёро баста оҳиста – оҳиста мавқеашро аз даст медод. Сатҳи оби кӯли табиӣ ҳам торафт поин мефуромад. Роҳсозон аз ду тараф - ҳам аз ҷониби Дарвоз ва ҳам аз тарафи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) бо техникаву механизмҳои азиму замонавӣ беист хоку шағал кашонда, роҳро баланд мебардоштанд. Дидем, ки қитъаи харобшудаи роҳ ҳам ба ҳолати аввала баргардонда шуду ҳаракати нақлиёти мусофиркашу  боркашон барқарор гардид. Ҳукумати Тоҷикистон  дар як муддати кӯтоҳ барои зарардидагон хонаҳои навро бо тамоми таҷҳизоту шароитҳояш сохт. Мактаб, бунгоҳи тиббӣ бунёд кард.
- Вале мо, хонабардӯшони он тарафи дарё, - суханашро  идома дод  мусофир, ҳамаи инро назора  мекардему ҳасад мебурдем. - 2-3 сол пеш, вақте ки сел дар ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон  фаромада, 85 хонаводаи се деҳаро хароб кард, нақл карданд, Сарвари  тоҷикон худашон 2 маротиба ба назди осебдидагон омада, дилашонро ба зиндагӣ аз нав гарм кард. Дастур  дод, ки дар як муддати кӯтоҳ барои ҳама мувофиқи табъашон хонаҳои тарҳи замонавӣ сохта, бо таҷҳизоташ бидиҳанд. Муовини Сарвазири мамлакат, раисони  вилояту ноҳия ҳамроҳи мардуми осебдида хайманишин буданд, ба  рафти корҳои сохтмонӣ назорат мекарданд. Сарвари давлат  омада, ба мардум калиди хонаҳояшонро бо тамоми таҷҳизоташон супурданд. Хайрият, се  сол баъди ин офат як  ташкилоти хайриявӣ пайдо шуду барои мо каме маблағ ҷудо кард. Бо он тавонис-тем, муҳоҷир шавем ва  як навъ рӯз гузаронем. Имрӯз ба ин деҳи ободи навбунёд, чеҳраҳои хандони ҳар кадоми шумо, бародарони тоҷикистонӣ, нигоҳ карда, иқрор мешавам, ки дар ҳақиқат хуштолеед, ки Худованд чунин Сарвари меҳрубонро бароятон арзонӣ доштааст. Кошки мо ҳам чунин Сарвар медоштем.

Раҳмони  ГУЛЗОР,
 “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2020    №: 94    Мутолиа карданд: 523
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед