logo

фарҳанг

ҒОРҲОИ АЙВОҶ. САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИ ВАТАН ТАҲҚИҚИ БЕШТАР МЕХОҲАД!

Дар мавзеи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритуз, наздикии марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон силсилағорҳои камназире мавҷуданд, ки таърихашон пурра омӯхта нашуда, барои ҳифзашон низ тадбирҳои муассир рӯйи кор наомадаанд.

Дар қисмати болоии теппаҳои канори рости дарёи Омӯ тақрибан дар масофаи 100 метр 18 ғор пайиҳам кофта шудааст, ки қисме ба хок яксонанд. Бештари ҳуҷраҳо васеъ буда, девору фаршҳояшон чоркунҷа ва сақфашон нимдоираанд. Баландии деворҳо беш аз 2 метрро ташкил медиҳад. Дар муқобили дарҳои ҳуҷраҳои берунӣ чизе монанд ба меҳроб тарошида шудааст. Дар хоку санги сақфи ду ҳуҷра шакле монанд ба салиб тарошида шудааст, ки якеаш дар ҳоли рехтан асту барои чашми одӣ ноаён. Дар канори ҳуҷрае чуқурии доирашакли тагаш монанд ба гунбаз, баландии деворааш 1,5 ва паҳноияш 2 метр ба чашм мерасад. Аз нисф камтари фарши ҳуҷраи дигар 40 – 50 сантиметр паст карда шуда, дар канори росташ мӯрии тангу дарозест, ки охираш ба тарафи чап тоб мехӯрад.
Мардуми маҳаллӣ ғорҳои мазкурро бо номҳои “Ҳаждаҳхона”, “Ҳаждаҳғора” ё “Теппаи ғорҳо” ёд мекунанд. Вале дар бораи ғорҳо қариб ягон ривоят ё қиссае намедонанд. Танҳо яке аз роҳбаладони мо – омӯзгори собиқадори таърих Тӯрдимурод Очилдиев, ки айёми кӯдакияш дар ҳамин мавзеъ гузаштааст, чунин нақл кард: “Солҳои 60 -70-уми қарни гузашта ҳангоми сохтани роҳи оҳан чархи як трактор ногаҳ ба чуқурие меғӯтад. Мебинанд, ки ғори аҷибест, ба роҳбарият хабар медиҳанд ва баъдан бостоншиносон барои омӯзиш ҷалб мешаванд”.
Ба қавли Шералӣ Хоҷаев, сардори шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанг, ёдгории мазкур ҳанӯз дар интиҳои солҳои 50-ум аз ҷониби олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда буд. Аммо бостоншиносон аз ғорҳо экспонат пайдо кардаанд ё не, бароямон норӯшан монд. Зеро ба гуфтаи Тӯрдимурод Очилдиев дар ин хусус дар ҳеҷ манбаъ иттилоъ мавҷуд нест.
Танҳо дар шабакаи интернет дар хусуси ғорҳои Айвоҷ ба забонҳои русӣ, лаҳистонӣ, олмонӣ ва англисӣ бо навиштаҷоте вохӯрдем, ки ба гумони ғолиб маҳз дар заминаи кори ҳамон гурӯҳи археологҳо солҳои 70-ум мураттаб гардидаанд. Ва аксари таълифот ба яке аз иштирокдорони асосии экспедитсия – олими рус Сергей Григоревич Хмелнитский ва муҳаққиқони осори ӯ мансубанд. Вале бо гузашти 50 сол бо забони тоҷикӣ ягон мақолае ба нашр нарасидааст.
Дар ғорҳои Айвоҷ нишонаҳои меъмории диниро низ дидан мумкин аст.  Ва Хмелнитский бо Атаханов дар мақолаи ҳисоботии гурӯҳ бо номи “О работе Шаартузского археологического отряда в 1968-1970 гг.” кӯшиш кардаанд, ки бо аниқ кардани мансубияти динии ёдгорӣ замони бунёдашро муайян созанд.
“Аз нуқтаи назари банақшагирӣ, сохтори дохилӣ ва усулҳои бинокорӣ ёдгории мавриди назар дар меъмории осиёимиёнагии баъдиарабӣ, яъне давраҳои мусулмонӣ назир надорад. Баръакс, дар меъмории асримиёнагии тоарабии барвақтии Шарқи Миёна маҷмӯи ғорҳои сунъии азим хуб маъмул буда, дар ҳама ҷо бо иншооти як таъйиноти муайяндошта - дайрҳо алоқаманданд”, - бозёфтҳои таърихиро ба ёд оварда менависанд онҳо.
Муаллифи рисолаи “Ефталитите: археологический и исторический анализ” (ба забони лаҳистонӣ) менигорад, ки ин маҷмааи бостонӣ ҳамчун дайри насронии эҳтимол несторианӣ истифода мешуд. 
Аммо олими пуртаҷриба Борис Анатолйевич Литвинский хулосаҳои эшонро дар худи ҳамон нашри “Археологические работы...» ноқис шуморида, мегӯяд: “Т. Атаханов ва С. Г. Хмелнитский дар хусуси ғорҳои айвоҷӣ гумони дигареро манзур карданд: оид ба мансубияти онҳо ба насрониҳо. Заъфи далелҳои онҳо дар мақола оварда нашудани муқоиса ва исботе, ки аз таҳлили таҷрибаҳои бинокории динии насронияти шарқӣ маншаъ мегирад”. 
Бостоншиносон гӯё худ ин камбуди хулосаи илмиашонро дарк карда будаанд, ки дар охири мақола нигоштаанд: “Тасдиқ ё инкори ниҳоии фарзияи болозикр фақат пас аз анҷоми пурраи ҳафриёти ёдгорӣ ва омӯзиши амиқи минбаъдаи он имконпазир аст”.
Азбаски асрори ин маҷмааи ҷолиби қадимӣ дигар пажӯҳиш нашуд, масъалаи муайян кардани мансубияти динию замониаш низ то имрӯз нуҳуфта аст.
Ба қавли Сафармо Ятимова, сарвари собиқи Осорхонаи таъриху кишваршиносии “Авасто”-и вилояти Хатлон, дар соҳили дарёи Панҷ – наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон боз ду ғори монанд ба ғорҳои Айвоҷ ҳастанд. “Соли 2007 ба он ҷо сафар доштам. Дар сақфи ин ғорҳо низ салиб тарошида шуда буд”, - мегӯяд ӯ.
Ба андешаи Хушвахт Абдуназаров, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чунин ғорҳо бештар дар кӯҳҳои назди соҳили дарёҳо кофта шудаанд.
- Мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон маконе дорад бо номи Ҷармасҷид. Он ҷо ҳамин гуна ғорҳо ҳастанд, ки меҳроб доранд. Бо қабули дини ислом онҳоро ба масҷид табдил додаанд. Инчунин, чунин ғорҳоро дар ноҳияи Сангвор дар оромгоҳи Ҳазрати Бурх низ мебинем, - гуфт ӯ.
Мусалламан, кашфи дигар ғорҳои дорои меъмории динӣ дар ҳудуди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бостоншиносону таърихнигорон тавассути хулосаи ягонаи умумии илмӣ ниҳоят ба “шикофтани муаммо”-и ғорҳои Айвоҷ комёб гарданд.
Ба таъкиди аввалин ҳафриётгарони ғорҳои Айвоҷ – Хмелнитский ва Атаханов, “ёдгории мазкурро, ки бузургтарин ансамбли меъмории дорои қимати таърихӣ ва бадеист, мебояд ҳифз кард”.
Дар ин росто, мусоҳибони мо зарурати болопӯш кардан ё дар сурати дарёфт нашудани маблағ бо хок пур кардани дохили ғорҳо, коҳиш додани таъсири нақлиёти роҳи оҳан, таҳияи лоиҳаи минтақаи ҳифзшаванда, гузоштани нишонаҳои ҳимоявӣ, ҷалби мутахассисони варзидаи дохилию хориҷӣ барои корҳои пажӯҳишӣ, таҳияи маводи илмӣ ва ҷой додани ёдгорӣ дар барномаҳои таълимиро зарур шумурданд. Вобаста ба ин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” (моддаи 16) омадааст, ки мақоми ваколатдори давлатӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангиро, ки ёдгории Айвоҷ ҳам ба феҳристи он ҷойгир аст, назорат кунанд ва дар панҷ сол як маротиба бо мақсади таҳияи барномаҳои ҷорӣ ва дурнамои нигаҳдорӣ вазъи онҳоро таҳқиқ ва муайян намоянд.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2020    №: 94    Мутолиа карданд: 738
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед