logo

иқтисод

«ҚУТОСПАРВАРӢ. НИЁЗҲОИ СОҲА НОБАРОВАРДА МОНДАНД»

Посух ба матлабе, ки 13 июни соли 2019 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» (№ 111)  бо ин ном ба нашр расидааст.
Матлаби рӯзномаи «Ҷумҳурият» «Қутоспарварӣ. Ниёзҳои соҳа нобароварда монданд» дар Вазорати кишоварзӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифт. Дар ҳақиқат, тавре дар мақола омадааст, қутосҳо ба шароити иқлими ноҳияҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ мутобиқ буда, мавҷудияти чарогоҳҳои баландкӯҳ баҳри рушди соҳаи қутоспарварӣ мусоидат менамояд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, то 1 январи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 27186 сар қутос мавҷуд аст, ки аз ин 8296 сар дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ ва 18890 сар дар бахши аҳолӣ мебошад. Саршумори қутос дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 354 сар зиёд шудааст.
Тайи солҳои охир бо иқдом ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи парвариши қутосҳо васеъ гардонда, зиёда аз 1250 сар қутос аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияҳои Балҷувон, Лахш, Сангвор, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ оварда шуданд ва ҳоло дар ин ҷойҳо парвариш меёбанд.
Айни замон дар 6 хоҷагии зотпарварии қутоспарварии  ҷумҳурӣ 2115 сар қутос парвариш карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 сар зиёд мебошад.
Воқеан, гӯшту шири қутос парҳезӣ ва баландсифат ба шумор мераванд. Дар таркиби гӯшти қутос холестерин кам аст.
Дар Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ барои солҳои 2018-2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, № 160 тасдиқ гардидааст, мавқеи муҳим доштани рушди қутоспарварӣ таъкид шудааст. Вале аз рӯи таҳлилҳо, дар давраи амалишавии барнома барои харидорӣ намудани қутос ва ба дигар ноҳияҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ интиқол додани он аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ маблағ пешбинӣ нагардидааст.
Барои рушди соҳаи қутоспарварӣ ва харидорӣ намудани қутос аз ҳисоби маблағҳои сармояи ватанию хориҷӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ вазифадор гардидаанд.
Вазорат бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати рушди соҳаи қутоспарварӣ дар оянда низ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Мирзозода Музаффар БУРҲОН,
 муовини вазири кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2020    №: 94    Мутолиа карданд: 747
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед