logo

сиёсат

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ. ТАРБИЯТДИДАИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро мардуми Тоҷикистон хубу хуш пазируфта, дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият дуои некаш доданд.

Рустами Эмомалиро ҳамагон чун роҳбари кордон, навназар ва дар мавқеаш устувор шинохтаанд. Гузашта аз ин, чун шогирди сазовори мактаби сиёсии Пешвои миллат, мардумро беш аз пеш ба ояндаи неку дурахшони мамлакат, рушди устувору босубот, таъмини зиндагии шоиста дилгарм мекунад.
Тӯли чанд соли масъулияти баланду ҳамзамон гарони шаҳрдории Душанберо ба зимма доштан ӯ тавонист симои пойтахти мамлакатро ба куллӣ дигаргун созад. Бунёду навсозии биноҳои маъмурию маскунӣ бо тарҳу намои миллӣ, майдончаҳои варзиш, гулбоғу сайргоҳҳо, мавзеъҳои фарҳангию тафреҳӣ ниҳоят фараҳафзову рӯҳбахшанд. Ҳоло шаҳри Душанбе бо таносуби риояи суннатҳои шаҳрсозии шарқиёнаву тарҳи роиҷ дар Ғарб, ба яке аз зеботарин шаҳрҳои рӯйи олам тадбил ёфтааст. Дар ин ҷо сайёҳони чӣ аврупоиву чӣ осиёӣ, тамоми мардумони олам барои худ василаи мувофиқи тафреҳ пайдо карда метавонанд.
Ҳамин корбарии муваффақонаи шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ буд, ки Душанбе аз ҷониби хабаргузориҳои байналмилалӣ ва созмонҳои машҳури ҷаҳонӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ҳамчун шаҳри «барои сафари тирамоҳӣ ҷолибтарин», «барои сафари баҳорӣ ҷолибтарин», дар дунё яке аз шаҳрҳои амнтарин эътироф гардида, ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта шуд.
Ободкориҳо дар пойтахти мамлакат ҳамоно бомаром идома доранд. Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар шаҳри Душанбе эъмори боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи «Истиқлолият ва Озодӣ», 9 меҳмонхонаи замонавӣ, минтақаи саноатии Душанбе бо бунёди даҳҳо корхона дар мавзеи шарқӣ, Масҷиди марказии Душанбе, ки бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, варзишгоҳи калонтарин, маҷмааи шиноварӣ ва садҳо иншооти бузурги дигар бомаром идома доранд.
Шаҳрдори ҷавони Душанбе ҳоло 32 сол дорад ва аз он 21 солаш барои таҳсил дар мактаб, Донишгоҳи миллӣ, Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ва Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипарӣ шудааст. Ихтисосҳояш иқтисодиёти ҷаҳон, ҳуқуқшинос, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ буда, дар баробари забони модарӣ се забони хориҷӣ - русӣ, англисӣ ва олмониро медонад. Рустами Эмомалӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, рутбаи тахассусиаш Мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Фаъолияти меҳнатии Рустами Эмомалӣ солҳои 2006-2009 аз вазифаи сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, баъдтар дар як қатор мансабҳои масъул идома ёфтааст. Ӯ солҳои  2009-2011 дар вазифаҳои сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011 - 2012 сардори раёсати мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2012 - 2013 муовин ва 2013 - 2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015 - 2017 директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор  кардааст.
Аз моҳи январи соли 2017 инҷониб  раиси шаҳри Душанбе мебошад.
- Ба унвони шаҳрдор ва ё раиси шаҳри Душанбе - пойтахти давлати Тоҷикистон таъйин гардидани Рустами Эмомалӣ рӯйдоди  муҳими сол, манзурам январи соли 2017 аст, шинохта шуд, зеро дар таърихи давлатдории миллӣ аз қишри ҷавони ҷумҳурӣ намояндае ба сифати шаҳрдори Душанбе муаррифӣ гардид, - изҳор медорад Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллӣ.
Сокинони вилояти Хатлон итминон доранд, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ чун чеҳраи тобноки олами сиёсат ва пайрави ҳақиқии Пешвои муаззами миллат, бо ғояҳои инсонпарварӣ, татбиқи муваффақонаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ва хизмати содиқона ба Ватан, дар инкишофи тамаддуни миллати тоҷик ва рушди Тоҷикистони азиз саҳми сазовор мегузорад.
Барояш дар иҷрои ин масъулияти бузург комгорӣ, барору муваффақият орзумандем.
 
Н. МАЪМУРЗОДА, Ҳангомаи ИСМАТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2020    №: 95    Мутолиа карданд: 1066
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед