logo

фарҳанг

"МИХАИЛ СИНЕЛНИКОВ ДӮСТИ МАРДУМИ ТОҶИК АСТ". СУХАНЕ, КИ ҲАНӮЗ УСТОД ТУРСУНЗОДА ГУФТА БУДАНД

Шоир, тарҷумон, мунаққид ва журналисти шинохтаи рус Михаил Синелников панҷоҳ сол боз дар Россия ва ҷаҳон бо тарғибу тарҷумаи адабиёти классику муосири тоҷик машғул аст. Ибораи «дӯсти мардуми тоҷик» тавсифи хушбинонаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода нисбат ба қаҳрамони мост.
Ишқу алоқа ва иродату ихлоси шоир бо чанд ҷумлаи устод Мирзо Турсунзода дар рӯзномаи «Комсомолская правда» оғоз меёбад ва то имрӯз идома дорад. Ӯ дар сарсухани китоби «Огненные знаки» («Рамзҳои оташин», 2011) чунин изҳор доштааст: «Маро Мирзо Турсунзода дар ҷаридаи «Комсомолская правда» дӯсти мардуми тоҷик гуфта буд. Он замон 26 сол доштам ва ростӣ, баъди кушода дидани саҳифаи «Комсомолская правда» ба чашмонам бовар накардам. Чунин баҳои баланд ногаҳонӣ ва фараҳбахш буд. Аз ҳамон замон то ҳол кӯшидаам, ки сазовори ҳамон тавсиф ва бовар бошам».

ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Михаил Синелников соли 1946 дар Ленинград ба дунё омад, ҳамон шаҳре, ки он солҳо тоза аз муҳосираи фашистон раҳо шуда буд. Падараш журналисти ҳарбӣ ва модараш омӯзгори забон ва адабиёти рус буданд. Ӯ пеш аз он ки соли 1969 ба Институти адабии ба номи Горкий шомил шавад, нахуст Институти педагогии Оши Қирғизистонро хатм кард. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони СССР мебошад. Солҳо дар моҳномаи «Дружба народов» ва «Литературная газета» фаъолият бурдааст.
Аввалин маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Абрҳо ва парандаҳо» соли 1975 интишор ёфт. Бори аввал ба Тоҷикистон соли 1972 омад. Ӯ бори нахуст шеърҳои бачагонаи тоҷикиро тарҷума кард. Баъдтар ба олами рангину ғановатманди адабиёти тоҷик шомил шуда, ашъори шоирони классикро низ ба русӣ баргардонд ва ба ташналабони адабиёт расонд.
Ӯ мураттиби чандин алманахҳо (фаслномаҳо) мебошад. Бавижа, таҳиягари антологияи озариву туркманӣ ба забони русист. Ҷоизаи бонуфузи Бунинро дорад. Ашъораш ба даҳҳо забонҳои дунё тарҷума шуда, дар бонуфузтарин нашрияҳои Амрикову Аврупо интишор ёфтаанд.

АРМУҒОНИ ШОИРИ РУС БА МИЛЛАТИ ТОҶИК
Тоҷикистон соли 2011 бистсолагӣ ва 2016 биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатии худро ботантана ҷашн гирифт. Дар ин ду ҷашни муборак Михаил Синелников ду китоби бисёр нодиру пурмазмун армуғон овард, ки бисёр сутуданист. Яке «Огненные знаки» ва дигар «Сердце Азии» («Дили Осиё», 2016) буда, намунаи олии садоқати ӯро нишон медиҳанд.
Китоби «Огненные знаки» ба хотираи дӯст ва ҳамқалами деринаи Синелников, шоири шаҳири тоҷик Ҳабибулло Файзулло бахшида шудааст. Китоб аз 3 қисмат иборат буда, бахши аввал шоирони классики моро аз устод Рӯдакӣ то Сайидои Насафӣ, бахши дувум адибони муосир, қисмати сеюм ашъори пурихлоси муаллиф ва қисмати чорум қайдҳои солҳои гуногуни нигорандаро фаро мегирад.
Дар аввалсухани китоби мазкур устод Муъмин Қаноат аз номи миллати тоҷик ба шоири рус сипос гуфта, аз ҷумла менависад: «Ман ба корҳои неки Синелников арҷ мегузорам, ӯ барои шинохти дурусти мардуми рус аз адабиёти мо хидмат кардааст». Дар баробари ин, зикр мекунад, ки мо бояд чунин дӯстони садоқатманди худро фаромӯш накунем ва ба қадрдонии онҳо бикӯшем.

«ДИЛИ ОСИЁ» ЧӢ ГУНА ТАПИШ ДОРАД?
Китоби калонҳаҷму хуштарҳи «Сердце Азии», ки ҳамчун антология муаррифӣ мешавад, ба Синелников Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро армуғон овард. Шоири рус Тоҷикистони азизи моро ба дили тапанда дар вуҷуди Осиёи Марказӣ ташбеҳ додааст. Ӯ қариб ҳама сарчашмаҳои адабиву илмии русиро солҳо мутолиа карда, шеъру достон ва манзумаҳоеро барои ин китоб ҷамъ овардааст, ки васфи фарҳангу тамаддун ва фарзонафарзандони тоҷикро мекунанд. Онро доираҳои адабии кишвари мо гарм истиқбол карданд.
Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин маҷмӯаи зебову пуршукӯҳ пешсухан навиштаанд.  Сарвари давлат ба равобити деринаи фарҳангии мардумони тоҷику рус, тарҷумаи осори  адабии  мо  ба  забони  русӣ  ва, баръакс, ишора карда, аз ҷумла таъкид кардаанд: «Бо заҳмати шоири маъруфи москвагӣ, дӯсти деринаи Тоҷикистон Михаил Синелников беҳтарин намунаҳои шеърии наслҳои гуногуни эҷодкорони рус ба ин антология шомил шудаанд. Маҷмӯа «Дили Осиё» ном гирифта, кишвари мо ва шаҳрвандони моро водор мекунад, ки ба ин тавсиф сазовор бошем».
Китоб аз 384 сафҳа иборат буда, бобҳои «Асрҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ» (тарҷумаву бардоштҳои шоирону пажӯҳишгарони рус аз осори классикии мо), «Садбаргҳои Тоҷикстон – Замони нав» (шеърҳо ва хотироту сафарномаҳои адибони рус доир ба Тоҷикистон) - ро фаро мегирад.

АРЗАНДАИ ҶОИЗА
Синелников ҳамчун мураттиб ва таҳиягар ба китоби «Дили Осиё» дар ҳаҷми 18 сафҳа сарсухани зебову пурмазмун навишта, аз назари илмӣ ба собиқаи робитаҳои адабии миллатҳои русу тоҷик, баҳрабардориҳои адибони рус аз адабиёти тиллоии тоҷик ва ашъори тасвириву тавсифии онҳо барои Тоҷикистон истода мегузарад.
Аз ҷумла, ба китобҳои «Регҳо ва садбаргҳо»-и Константин Липскеров, «Савтҳои форсӣ»-и Сергей Есенин, «Чойхонаи анор»-и Александр Волков ва дигар осори гаронмоя ишора карда, таъкид меварзад, ки шоирону нависандагон ва пажӯҳишгарону сайёҳони рус ҳамеша ошиқи Шарқ, бавижа дилбохтаи санъату адаб, мардум ва табиати Тоҷикистон будаанд.
Ҳамчунин, менависад, ки хушбахтона, чанде аз адибони рус зодаи Тоҷикистонанд, ё дар Россия даҳҳо адибони тоҷиктабор ҳастанд, ки ба русӣ менависанд. Таъкид мекунад, ки Тоҷикистон ва пойтахти он - шаҳри Душанбе хонаи умеди намояндагони миллатҳои дигар ҳам ҳастанд.
Боби «Асрҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ» бо тарҷумаи достони «Рустам ва Суҳроб» ба забони русӣ оғоз меёбад, ки Василий Жуковский анҷом додааст. Бо ошноии ин боб ба мо ҳувайдо мешавад, ки фарҳангиёни рус ҳамеша муҳаббат ва самимият ба адабиёти Шарқ доштаанд. Дар ин қисмат агар ному нишони Авасто, Зардушт, Рӯдакӣ, Хайём, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бухоро, Самарқанд ба чашм расанд, дар қисмати «Садбаргҳои Тоҷикистон – Замони нав» номвожаҳои Душанбе, Хатлон, Бадахшон, Хуҷанд, Чойхонаи «Роҳат» ва дигар падидаҳои маърифатию мадании халқи мо мавҷ мезананд.
Дар шеърҳои шоирони рус ва русзабонони Россияи муосир Тоҷикистон тавсиф мешавад ва худи мураттиб як силсила ашъори худро ба Тоҷикистон ва дӯсти азизаш Ҳабибулло Файзулло тақдим дошта, ишқу алоқаашро ба ин миллат ифшо менамояд.
Ин китоб дар муаррифии мо ба халқи рус ва миллатҳои бо забони русӣ қарин бисёр муҳим аст. Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ниҳодҳои дахлдор кошки ба тарҷумаи баъзе аз қисматҳои ин китоб ва шеърҳои Синелников бипардозанд, то ки баҳри худшиносии тоҷикистониён ва рӯҳбаландии шоири рус сабаб гардад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2020    №: 95    Мутолиа карданд: 550
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед