logo

иқтисод

НАҚШИ КАЛИДӢ: НАРХ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТӢ

Посух ба матлаби «Пахта. Нуфузи рафта кай барқарор мешавад?», ки 18 сентябри соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 179) ба нашр расидааст.

Мақолаи «Пахта. Нуфузи рафта кай барқарор мешавад?» дар Вазорати кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Пахтакорони мамлакат ҷиҳати рушди ин соҳаи муҳим дар пайи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 майдони кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ ба 185671 гектар расонданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2019 дар ҷумҳурӣ 406579,8 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 101772 тонна зиёд мебошад.
Мутаассифона, тавре дар мақола омадааст, ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар ҳанӯз қонеъкунанда нест. Дар матлаб ҳосилнокии пахта ба солҳои шӯравӣ қиёс шудааст. Бо таассуф бояд зикр намоем, ки сабабҳои асосии паст будани ҳосилнокии пахта дар ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, нарасидани нуриҳои минералию органикӣ, гарон будани нархи онҳо, бад будани ҳолати мелиоративии заминҳо ва дар сатҳи паст қарор доштани дастгирии давлатии хоҷагиҳои пахтакор мебошанд.
Миқдори нуриҳои минералӣ, органикӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ қисмҳои эҳтиётӣ ва коркарди кимиёӣ ба муқобили ҳашароти зараррасони пахта аз ҷониби хоҷагиҳо бо роҳи худтаъминкунӣ ба роҳ монда мешавад, ки барои онҳо хеле мушкил аст. Инчунин, нокифоя будани қарзҳои имтиёзнок, пайваста боло рафтани нархи сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо барои пешравии соҳа монеа эҷод менамоянд.
Сабаби дигари муҳим, ки барои пахтакорон хеле аламовар аст, ин бо нархи ночиз харидорӣ гардидани пахта аз ҷониби корхонаҳои пахтақабулкунӣ буда, хароҷоти сарфкардаи деҳқононро намепӯшонад.
Тибқи таҳлили ҳамаҷонибаи мутахасисони Вазорати кишоварзӣ, хароҷоти истеҳсоли 1 килограмм пахта 6,7 сомониро ташкил медиҳад. Мутаассифона, масъалаи хариди пахта аз ҷониби корхонаҳои коркарди пахта бо нархи тавсиянамудаи вазорат ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.
Яке аз роҳҳои асосии зиёд намудани ҳосилнокии пахта ва истеҳсоли он ҳавасмандсозии пахтакорон ва дастгирии давлатии ин соҳаи муҳим мебошад. Дар ин ҳолат деҳқонон бо боварии комил аз ҳозир ба коркарди пурсамари замин, нуриандозӣ ва захираи нуриҳо, тухмӣ ва дигар маводи лозимӣ барои гирифтани ҳосили баланд кӯшиш мекунанд.
Вазорат  аз  вазъи  ҳамкориҳои  босамар бо Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» қаноатманд ва хостори густариши бештари ҳамкориҳои созанда ба нафъи ҷомеа ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад.

Музаффар МИРЗОЗОДА,
муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2020    №: 95    Мутолиа карданд: 756
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед