logo

фарҳанг

ҲАФТ АХТАРИ ТОБОН

Консерти баҳориеро тамошо доштем. Раққосаи хушхиром Хайринисо Ватанова дар рақси «Куртачакан», бо сабку услуби ба худ хос мехиромид. Оҳанги марғубу дилнишин ва рақси мавзун ҳушу гӯш мерабуд. Ҳини чархзаниҳои раққоса чанд тан аз ҷавонон аз ғояти фараҳ завқ мебурданд. Ва, ҳамзамон, дар сифати бонуи нозанин, истеъдоду ҳунари шевои рақси ӯ суханҳои дилнишин мегуфтанд.

Аввалӣ изҳор намуд, ягон раққосаи тоҷик мисли Хайрӣ рақси «Куртачакан» - ро ба дараҷаи олӣ иҷро карда наметавонад. Беҳуда ӯро ҳунарпешаи халқӣ унвон намегиранд, гуфт дигаре. Вақти он расида, ки масъулони бахши фарҳанг дар шаҳри Душанбе ба Хайринисо дар таъсиси мактаби рақсии тоҷикони кӯҳистон дасти мадад дароз кунанд. Зеро ин бонуи пурҳунар зиёда аз 30 сол аст, ки дар ин ҷода гоми устувор мениҳад ва имрӯз дар миқёси кишвар мисли ӯ раққосаи мумтоз кам ёфт мешавад, тақвият бахшид савумӣ. Ман рақсҳои кӯҳистонии бонуро ба назар дорам. Ба ҷуз ин ҳама ӯ раққосаест навовар…
Ҳамин муколама боис гашту паи дарёфти маълумот дар хусуси бонувони ҳунарманде, ки ба унвони ҳунарпешаи халқӣ ноил гаштаанд, кӯшиш ба харҷ додам. Аввалтар аз ҳама «Энсиклопедияи Кӯлоб» (Душанбе, ОАО «Московская типография» № 2, 2006) – ро варақ гардондам. Дар саҳифаҳои 136 – 137 шарҳи ҳоли Ватанова Хайринисо Умаршоевна (4.4.1971) зикр ёфтааст. Мавсуф соли 1997 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шарафёб гашта будааст. Пас ин ному насабро дар «Энсиклопедияи миллии тоҷик» (Душанбе, 2014) ҷилди 3, ҳарфи «В», саҳифаи 523 ҷустам. Мутаассифона, маълумоте пайдо нагашт…
Бо имкони муносиб дар хусуси бонувоне, ки дар аҳди шӯравӣ сазовори унвонҳои баланди ҳунарӣ гаштаанд, риштаи таҳқиқ баркашидам. Ва, қабл аз ҳама, ба дорандагони унвони олии давлати шӯравӣ – Артисти халқии СССР таваҷчуҳ намудам. Ҳафт тан аз бонувони ҳунарманди тоҷик, ҳафт ахтари тобон ба ин унвон сазовор шуда будаанд. Инак онон (ба тартиби хронологӣ): Лутфӣ Зоҳидова (балерина, 1957), Туҳфа Фозилова (актрисаи театр, 1957), Ҳанифа Мавлонова (сарояндаи опера, 1968), Малика Собирова (балерина, 1974), Лутфӣ Кабирова (сарояндаи опера, 1977), Мазол Калонтарова (Малика Қаландарова, раққоса, 1984) ва Зебо Аминзода (раққоса, 1986). Аз ин рӯйхат бармеояд, ки бонувони тоҷик бо ҳунари волои хеш масъулону арбобони давлати шӯравиро низ қоил кардаанд.
Ҳамин тавр рӯшан гашт, ки байни ҳафтнафара ду тан раққоса ва ду балерина, ки он ҳам ба санъати рақс иртибот доранд, соҳибунвонанд…
Шояд нафаре фаҳмидан хоҳад, ки он чи гуна унвонест. Унвони фахрии Артисти халқии СССР 6 сентябри соли 1936 бо Фармони Комитети Иҷроияи Марказии СССР таъсис ёфтааст. Ин унвон ба барҷастатарин ходимони санъатҳои халқҳои СССР, фаъолтарин намояндагони театр, мусиқӣ ва кинои шӯравӣ дода мешуд. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1991) унвон аз байн рафт.
Зикри бамаврид аст, ки дар зарфи 50 сол (1941 – 1991), аз байни ходимони фарҳанг, ҳунармандони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 18 нафар бо ин унвон қадрдонӣ шудаанд.
Нахустин ҳунарманди тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, актёри театру кино соли 1941 ва охирин нафар Ҳошим Гадоев (актёри театру кино) соли 1988 бо ин унвон мукофотонда шудаанд.
Бо ин иктифо накарда, ба таҳқиқи қисмати дигари унвони фахрӣ гузаштем. Бонувони мазкурро аз рӯйхати дорандагони унвони Артисти халқии РСС Тоҷикистон ҷустем. Аз хазинаи маълумотҳо – қомуси миллӣ маълум гашт, ки бо ин унвон нахуст Туҳфа Фозилова соли 1941 мушарраф шудааст. Дигарон: Лутфӣ Зоҳидова (1949), Ҳанифа Мавлонова (1951), Лутфӣ Кабирова (1967), Малика Собирова (1969), Малика Қаландарова (1976) ва Зебо Аминзода соли 1980 бо ин унвони фахрӣ сазовор гашта будаанд.
Унвони Артисти халқии РСС Тоҷикистон 28 – уми марти соли 1939 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон таъсис ёфта, 51 сол амал кардааст. Соли 1990 дар мамлакат ба ҷои он унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд.
Унвони фавқуззикр ба актёрону коргардонҳои театру кино, овозхонон, оҳангсозон, мутрибон, дирижёрон, устодони рақс, роҳбарони бадеии дастаи навозандагон, хор ва дигар намояндагони санъат барои маҳорати баланди ҳунарӣ, офаридани образҳои барҷаста, асарҳои баландмазмуни саҳнавию мусиқӣ, намоишномаҳои театрӣ, кинофилмҳо, инчунин, барои хидматҳои бузург ҷиҳати инкишоф ва омода сохтани кадрҳои санъати ҷумҳурӣ дода мешуд.
Бо сару бар шудани ин ду зинаи ифтихорӣ ба андешаи он ки то марра ками дигар мондааст, ному насаби ҳафт ахтари тобони санъати тоҷикро аз байни барандагони зинаи аввали ифтихорӣ – рӯйхати Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон кофтем. Пешаварони мумтоз Туҳфа Фозилова соли 1939, Ҳанифа Мавлонова (1943), Лутфӣ Кабирова (1957), Малика Собирова (1965), Малика Қаландарова (1973) ва Зебо Аминзода соли 1975 ба ин унвон сарфароз шуда будаанд. Танҳо як ном - Лутфӣ Зоҳидова (балерина) – ро дар рӯйхати дорандагони ин унвон («Энсиклопедияи миллии тоҷик», ҷилди 1, Душанбе, 2011, саҳ. 556 – 568) дучор нагаштем.
Ногуфта намонад, ки ин унвон низ соли 1990 тағйири ном карда, кунун ба нафарони лоиқ ҳамчун Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дода мешавад.

Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2020    №: 96    Мутолиа карданд: 788
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед