logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. МУБОРИЗАРО ЗИДДИ ҲАШАРОТ ЧӢ ГУНА ТАҚВИЯТ БАХШЕМ?

Роҳи аз ҳама босамари мубориза бо ҳашароти зараррасони зироат бо мақсади ба даст  овардани  ҳосили  баланд  аз  замин ҳамкории густурдаи олимону  кормандони   муассисаҳои   давлатию  илмии  муҳофизати  рустаниҳо   бо  кишоварзони  ҷумҳурӣ  мебошад. Ин ҳамкорӣ дар  раванди  тадқиқоту омӯзиши хусусиятҳои экологии зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ ва муайян кардани роҳу усулҳои мубориза ба муқобили ҳашароти зиёновар нақши асосӣ мебозад.

Бо ин мақсад, дар пахтазори деҳоти Шаталов ва Зиракии шаҳри Кӯлоб таҳқиқоти васеъ гузаронда шуд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки айни замон ба зироати пахта дар минтақаи Кӯлоб бештар ду намуди хашарот - кирмаки реша (Helicoverpa armigera Hbn) ва кирмаки кӯраки пахта (Agrotis segetum) зарар мерасонанд.
Давраи зараррасонӣ ва ғизогирии кирмаки решаи пахта аз аввали сабзиши пахта то пайдо шудани 6 - 8 барги асосии он мебошад. Дар аввали сабзиш кирмакҳо метавонанд тамоман решаи пахтаро хӯрда ниҳолҳоро нобуд кунанд. Дар натиҷа шумораи ниҳолҳои пахта дар қитъаи замин аз меъёри муқаррарӣ ва ҳосилнокӣ кам мегардад.
Дар шароити минтақаи Кӯлоб хавфноктарин давраи зараррасонии ин кирмак ба пахта аз даҳаи 3-юми моҳи май оғоз мешавад. Зараррасонии кирмакҳо дар он заминҳое бештар аст, ки шумораи ниҳолҳо кам ё нашъунамо қафо монда бошанд. Инро ба назар гирифта, дар даҳаи 3- юми моҳи май бар зидди ин зараррасон бояд заҳрдору пошида шавад. Дар пахтаи дер киштшуда ин чорабинӣ бояд дар ҳоле гузаронда шавад, ки шумораи кирмакҳо 0,3 - 0,5 дона дар як метри мураббаъ бошад.
Барои он ки зараррасонии кирмак дар оянда зиёд нашавад, дар заминҳои пахта боз баъзе қоидаҳои агротехникиро риоя кардан лозим аст. Масалан, агар то даҳаи сеюми моҳи май алафҳои бегонаи дар замини пахта рӯидаро якчанд рӯз (3 - 4) нигоҳ дорем, кирмак аз ҳисоби алафҳои бегона ғизо гирифта, ба зоча мубаддал мешавад ва ба ниҳолҳои пахта зарари камтар мерасонад.
Ҳашароти дигари зараррасон  шапалаки кирмаки кӯраки пахта ба ҳисоб меравад. Вобаста ба шароити водиҳои пахтакори Тоҷикистон ин намуд аз 3 то 5 маротиба насл медиҳад. Ба пахта  насли дуюм зарари ҷиддӣ мерасонад. Инкишофи насли якумаш дар моҳи июн ва 2- юмаш дар моҳи июл аст. Мушоҳидаҳои мо нишон доданд, ки шумораи ин зараррасон ҳар сол якхела нест: ду сол зиёд мешавад, ду сол кам (мониторинги С. М. Мухиддинов). Айни  замон ин ҳолат на дар пахта, балки дар помидор бештар мушоҳида мешавад, махсусан дар минтақаи Хатлон.   Давраи хавфноктарини зараррасонии насли якум дар нимаи 2-юми июн ва насли дуюм дар нимаи дуюми июл аст. Истифодаи дурусти  омилҳои агротехникӣ, махсусан обмонӣ, додани нуриҳои азотӣ, чеканка, инчунин, баландии қади ниҳоли пахта  ба коҳиш ёфтани шумораи зараррасонҳо дар зироат мусоидат мекунад.
Инчунин,  кишти саривақтии пахта (дар аввали моҳи апрел) метавонад  қобилияти  зараррасонии ҳашарот,  аз  ҷумла  болсафедакро,  ба қадри  имкон  кам  гардонад.

Зилқадамоҳ БОТУРОВА, корманди Маркази илмии Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2020    №: 96    Мутолиа карданд: 783
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед