logo

иқтисод

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. САНОАТ РӮ БА ПЕШРАФТ ДОРАД

Истиқлол аз шаҳрҳои саноатиии мамлакат аст, ки иқтисодиёташро танҳо аз ҳисоби фаъолияти корхонаҳои соҳа пеш мебарад. Аз ин рӯ, фаъолияти корхонаҳои саноатии амалкунанда бо иқтидори пурраи лоиҳавӣ ва ба ин васила  расидан ба нишондиҳандаҳои баландтари  рушд  ҳадафи асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳсуб меёбад.

Сохторҳои марбутаи он ҷиҳати татбиқи дастуру   супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи амалӣ гардондани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат ва барои  боз ҳам тақвият бахшидани рушди саноати шаҳр тадбирҳои зиёди натиҷабахш роҳандозӣ карда, новобаста аз вазъи баамаломада ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаанд.
 Ҳамин аст, ки нишондиҳандаҳои соҳа тӯли семоҳаи  аввали соли 2020 сарфи назар аз омилҳои таъсиркунанда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 афзудаанд. Дар ин муддат  ҳаҷми маҳсулоти саноатии шаҳр  бо нархҳои муқоисавӣ ба зиёда аз 6 миллиону 912, 6 ҳазор сомонӣ расида, суръати рушд 133,4  дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ҳамагӣ дар  4 корхонаи саноатӣ -  КВД “Нури Ховар”, ҶДММ “Нуқрафом”,  ҶДММ “Кафолат Азия” ва ҶСК “Табошар мрамор”  ба  3 миллиону 525 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи  соли пешӣ  38,1 дарсад афзудааст.
Дар таркиби  маҳсулоти  саноатии шаҳр маводи резинавӣ-техникӣ,  оҳании КВД  “Нури Ховар” ва  коркарди консентрати нуқраи ҶДММ “Нуқрафом” нақши асосӣ доранд. Баланд бардоштани  иқтидори истеҳсолии корхонаҳои дигари шаҳр низ мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр қарор дорад. Ҳоло соҳибкорони маҳаллӣ  вобаста ба тақозои  бозор,   аз ҷумла ба  истеҳсоли маҳсулоти  нонӣ,  ширу гӯштӣ,  филизӣ, мебелҳои гуногун,  либосҳои мактабӣ ва маводи полимерӣ, рӯ овардаанд.
Зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар имрӯзҳо барои бо суръати баланд роҳандозӣ намудани  калонтарин комбинати металлургӣ дорои  иқтидори коркарди солонаи 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ корҳои зиёд ба роҳ монда шудаанд. Дар ин корхона  бо ҷойи кори доимӣ ва  музди маоши хуб таъмин намудани беш аз 500  сокини маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.  Дар назар аст, ки корхонаи азим  имсол  ба фаъолияти муътадил ба кор медарояд.
Ба ғайр аз ин,  дар минтақаи саноатии шаҳр, дар масоҳати қариб  70 гектар бунёди  панҷ корхонаи муҳими саноатӣ, аз ҷумла дар самти тавлиди  маҳсулоти сохтмониву кимиёӣ, бо таъсиси зиёда аз 1000 ҷои кор дар назар аст. Амалишавии  нақшаҳои тарҳрезишуда имкон медиҳад,  ки  баробари  саноат, бахшҳои дигари   ҷомеа, пеш аз ҳама, вазъи  иҷтимоӣ, фарҳангу хизматрасониҳо беҳбудӣ ёфта, иқтисодиёт пеш меравад, шаҳр боз ҳам ободу зебо мегардад, ки ин ҳама зиндагии шоистаи мардумро бозгӯ менамоянд.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2020    №: 97    Мутолиа карданд: 774
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед