мулоқотҳо
Гуфтугӯи телефонии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия
Нимаи дуюми рӯзи 4 марти соли 2010 гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев баргузор гардид.
Сарони ҳар ду давлати дӯст вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба раванди амалишавии қарордодҳои зимни мулоқотҳои ахири хеш бадастомада, мубодилаи афкор намуданд.
Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба рӯзнома ва баъзе масъалаҳои ташкилии вобаста ба мулоқотҳои дарпешистодаи сарони давлатҳои ИДМ, СААД ва СҲШ ибрози андеша намуда, оид ба таҳким ва густариши фаъолияти ин ниҳодҳо як қатор пешниҳодот илова намуданд.
Сарони давлатҳо инчунин ба масоили дорои характери минтақавӣ ва байналмилалидоштаи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн дахл намуданд.
АМИТ «Ховар»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1940