барқияҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи ҳамдардӣ фиристонд
9 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи ҳамдардӣ фиристонд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Ҷаноби Олӣ,
Хабари зилзила дар музофоти Элазиг, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.
Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дӯсти Туркия изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонам.
Инно лиллоҳи ва инно алайҳи роҷиъун.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4435