logo

фарҳанг

ЧАРО ПОСУХИ МАСЪУЛОНИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК БА «ҶУМҲУРИЯТ» ПАС АЗ ЯК СОЛ РАСИД?

Хонандаи гиромӣ, 16 майи соли 2019 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”, № 93 (23 696), бо матлаби хабарнигори рӯзнома Б. Карим бо номи “Ноҳияи Темурмалик. Китобхонаҳо чӣ вазъ доранд?” ошно шуда буд.  Муаллиф дар он пас аз таҳқиқу омӯзиши вазъи китобхонаҳои  ноҳияи  Темурмалик  мушоҳидаҳояшро доир ба умдатарин мушкилоти соҳа баён дошт. Мувофиқи Фармони № 622- и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳое, ки фаъолияти расонаҳои хабарии ҷумҳуриро ба танзим медароранд, мақомоти дахлдор бояд дар давоми як моҳи пас аз чопи мақола ба матолиби нашрнамудаи матбуоти даврӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ вокуниш нишон диҳанд. Аммо чаро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ба матлаби рӯзнома пас аз як сол посух дод? Шояд аз талаботи фармони мазкур ва қонунҳои соҳавии воситаҳои ахбори омма огоҳ нестанд? Не, чунин фикр намекунем. Мувофиқи иттилои як манбаъ, роҳбарият ва идораву муассисаҳои соҳавии ноҳия аз нашр шудани чунин маводҳои танқидӣ, умуман, парво надоранд. Ҷавобе, ки ба матлаби рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз номи муовини раиси ноҳияи Темурмалик Р. Талбакзода пас аз як сол пешниҳод шуд, аз супориши қатъии мақомоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ бармеояд.
Бо мақсади ошноии бештари хонандаи азиз бо моҳияти масъала ва ҳам муқоиса ҷавоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Темурмаликро иқтибос меорем: “Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик матлаби корманди рӯзномаи “Ҷумҳурият” Б. Каримро (аз 16 майи соли 2019, № 93 (23 696), бо номи “Ноҳияи Темурмалик. Китобхонаҳо чӣ вазъ доранд?”, дар машварати кории назди раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия баррасӣ намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ин давра бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳа бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ китобхонаҳои ноҳия ба қадри имкон таъмиру навсозӣ гардида, онҳо бо адабиёти тозанашр таъмин шуданд. Вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 (таҳти № 38) «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба китобхонаҳои оммавии ноҳия барои хариди таҷҳизоти компютерӣ ва мизу курсӣ 46 125 сомонӣ ҷудо гардид. Бо қарори раиси ноҳия китобхонаҳои деҳаҳои Шибанай, Танобчӣ, Қушқия ва Қазоқ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, ба биноҳои собиқ идораҳои давлатӣ кӯчонда шуда, онҳо ба мувозинаи бахши фарҳанги ноҳия гузаронда шуданд. Инчунин, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ китобхонаҳои деҳаҳои Чавроқ ва Дӯстӣ таъмиру навсозӣ шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва ҳашари сокинон барои деҳаи Баҳманрӯди деҳоти Танобчӣ, ки китобҳояш дар хона – вагон ҷойгир буд, китобхонаи нав бунёд гардид. Ҳамзамон, бинои нави китобхонаи деҳаи Ҳалқаёр тариқи ҳашари сокинон ва қисман мабалғгузории бахши фарҳанги ноҳия сохта шуд. Китобхонаи деҳаи Баҳористон, ки солҳои тӯлонӣ бино надошт, бо дастгирию маблағгузории сокинони деҳа соҳиби бинои нав гардид.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои сохтмон, таъмир ва навсозии дигар китобхонаҳои ноҳия, харидани адабиёти тозанашр, компютер ва маводи иттилоотӣ, умуман, муҳайё сохтани шароити мусоиди корӣ, ҳоло мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои зарурӣ андешида истодааст...”.
Ҷавоби муовини раиси ноҳия Р. Талбакзода аслан сухани нав надорад, ҳамон маълумотест, ки моҳи майи соли 2019 дар матлаби нашрнамудаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” дарҷ шуда буд. Яъне, вазъи китобхонаҳои ноҳия ҳамон таврест, ки то 16 майи соли  2019 қарор дошт, ягон дигаргунии назаррас эҳсос намешавад. Аммо ду нукта бояд таъкид шавад. Якум, мудири бахши фарҳанги ноҳия Баҳодур Ғаниев пас аз нашри матлаб дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”  (2019) аз вазифааш сабукдӯш шуд. Сабаб бе гирифтани розигии роҳбарияти ноҳия додани маълумот ба рӯзноманигор аст. Масъулони ноҳия фикр карданд, ки, шояд баъд аз вазифа гирифтани мудири бахш мушкилоти соҳа ҳал мешавад.  Ана, ба ин “тадбири саривақтӣ” чӣ мегӯед?
Дуюм, роҳбарияти ноҳия моро бовар кунондан мехоҳанд, ки тамоми мушкилоти соҳа то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ рафъ мегардад. Ба ин ҷашни фархунда бештар аз як сол вақт мондааст. Дар ҳоле ки даҳҳо китобхонаи ноҳия ба бинои нав ва таъмиру навсозӣ ниёз доранд, оё метавон бовар кард, ки дар чунин фурсати кам  мушкилоти китобхонаҳо пурра бартараф карда мешаванд? Дар чунин вазъ озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки асосан бо китобхона робита дорад, чӣ гуна ҷараён дошта бошад? Бовар дорем, ки дар кӯтоҳтарин фурсат (на як сол) ин саволҳо посухи мусбати худро меёбанд.

Бахтовар КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2020    №: 98    Мутолиа карданд: 786
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед