logo

туризм

САЙЁҲИИ КӮҲӢ. САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ ИҚТИСОДӢ

Сайёҳии кӯҳӣ яке аз навъҳои ҷолиб, серталабот ва ояндадори соҳа маҳсуб ёфта, солҳои охир афзалияти бештар касб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори кофии рушди сайёҳии кӯҳӣ дошта, метавонад дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Аз масоҳати умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 дарсадро кӯҳсор ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, нисфи ҳудуди кишвар дар баландии беш аз се ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 метр) нуқтаи баландтарини он маҳсуб меёбад. Барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ доир шуда, дар он кӯҳнавардон аз 20 давлати дунё, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Испания, Англия, Канада, Эстония, Норвегия, Литва, Беларус, Украина, Германия, Италия, Туркия, Чин, Юнон, Мексика, Франсия, Шведсия, Дания ва Австрия ширкат меварзанд.
Кӯҳҳои баланд, пиряхҳои бузург, кӯлҳои зиёд, ҳайвоноту наботот, обҳои минералию нарзании хунуку гарм, ёдгориҳои таърихӣ - фарҳангӣ, манзараҳои зебо, ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ барои сайёҳии кӯҳӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ин аст, ки шумораи сайёҳони хориҷӣ ду соли охир бамаротиб афзуда, аз 430 922 сайёҳи соли 2017 ба 1 миллиону 155 ҳазор  нафар дар соли 2018 ва 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафар дар соли 2019 расид.
Ба гуфтаи коршиносон «гавҳар»-и асосӣ ва «оҳанрабо»-и Тоҷикистон дар кӯҳҳо воқеъ аст. Маконҳои аҷиб ҳастанд, ки метавонанд боиси шодмонӣ ва тааҷҷуби сайёҳон гарданд. Ин ҳам шухпаймоӣ, кӯҳнавардӣ дар қаторкӯҳҳои Помиру Фон ва ҳам истироҳат дар осоишгоҳу гармчашмаҳо ба ҳисоб мераванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати рушди он тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон  шуданд.  Дар  пайи он сохтмони як қатор иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардиданд. Инчунин, ҳамкориҳо бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият ёфта, Бонки ҷаҳонӣ 15 миллион доллари ИМА барои татбиқи Лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” маблағи грантӣ ҷудо мекунад. Лоиҳа ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ расондани мавзеъҳои таърихию табиии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, мамнӯъгоҳҳои қалъаҳои Ҳулбук ва Ямчун, бунёди меҳмонхонаҳои хурд ва дигар инфрасохтори ҷалбкунандаи сайёҳон дар атрофи мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона хоҳад гашт.
Кӯҳнавардӣ, шухпаймоӣ, рафтинг, пиёдагардӣ дар кӯҳҳо аз бахшҳои афзалиятноки сайёҳии кӯҳӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд. Аксари сайёҳон маҳз ба хотири боздид аз кӯҳҳои сар ба фалак ва зебогиҳои табиат ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Вале кормандони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ аз назорати тозагии минтақаҳои сайёҳии кӯҳӣ нигаронанд. Зеро ба гуфтаи онҳо сайёҳони хориҷӣ аз партовҳо дар ҷангалу кӯҳсори Тоҷикистон нороҳат мешаванд. Ҳамчунин, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ аз гирифтани маблағ аз сайёҳон барои воридшавӣ ба мамнӯъгоҳҳои табиӣ шикоят доранд. Ба гуфтаи онҳо кормандони ҷангал бо такя ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 ноябри соли 2007, таҳти рақами 546 ҳангоми воридшавӣ аз сайёҳон маблағи муайян талаб менамоянд. Ҳол он ки, дар зербанди 5-и замимаи 15 қарори мазкур ибораи “барои мақсадҳои солимию фарҳангӣ” омадааст, ки ба сайёҳии экологӣ ё кӯҳӣ мувофиқ нест. Бинобар ин, мутахассисони соҳа пешниҳод менамоянд, ки дар зербанди қарори мазкур барои муайян кардани мақсад тағйирот ворид шавад ё чораи дигари мувофиқ андешида шавад.  Гузашта аз ин, камбудиҳо дар хизматрасонӣ ва меҳмоннавозӣ ба мушоҳида мерасанд, ки аз нарасидани мутахассисони ҳирфаӣ сар задаанд. Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳои фарогир ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.
Гарчанд имрӯзҳо бинобар пандемияи COVID - 19 аз ҳама бештар соҳаи сайёҳӣ чун яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёт зарар дид, дар кишварҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта роҳу усулҳои нави роҳандозии сайёҳӣ пайдо шуда истодаанд. Аз ин лиҳоз, бо итминон метавон гуфт, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо талошҳои дастаҷамъонаи мутахассисону алоқамандон маҷрои наву устувор пайдо хоҳад кард.
Чанде пеш ассотсиатсияи нависандагони сафар ва саёҳати кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон намуд. Дар ҳолати ба эътидол омадани вазъ ва иҷозати сафар ба саёҳат эътирофи мазкур метавонад ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар замина гузорад.

Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2020    №: 98    Мутолиа карданд: 2659
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед