logo

фарҳанг

ИСТАРАВШАН. ҲОЛИ ТАБОҲИ КИТОБХОНА ДАР ШАҲРИ БОСТОНӢ

Дар ҳоле ки бо сабаби зиёд шудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи китобу китобдорӣ дар кишварамон теъдоди китобхонаҳо ва нашри китоб бамаротиб афзоиш меёбад, мутаассифона, имрӯз ҳам шаҳру ноҳияҳое ҳастанд, ки китобҳои зиёд доранду вале бинои китобхона не. Шаҳри Истаравшан дар ин росто истисно нест.

- Ба шарофати таҷлили Ҷашни 2500 - солагии Истаравшан соли 2002 дар ҳудуди шаҳр бо маблағгузории Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, хусусан бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 100 иншооти хурду калон қомат афрохт. Мутаассифона, ҳамон вақт меъморони шаҳр сохтмони биноҳои театр, китобхона ва идораи фарҳангро ба ҳисоб нагирифтанд. Дар натиҷа, имрӯз китобхонаи марказии шаҳр дар бинои ориятӣ қарор дораду театри халқӣ ва идораи фарҳанг, умуман бе сарпаноҳ мондаанд, - мегӯяд яке аз собиқадорони соҳаи китобшиносии шаҳр Абдусаттор Маъруфов.
- Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан аз китобхонаҳои қадимтарини кишварамон ба ҳисоб рафта, фонди хеле бой дорад ва имрӯз ҳам дар ҳоли зиёд шудани теъдоди китобҳоямон, китобхонаи мо на бинои худро дораду на одитарин шароити кор, - мегӯяд директори китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан Мунира Муҳаммадиева.
Имрӯз китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан 24 китобхона - филиали деҳот, 2 китобхона - филиали шаҳрӣ, 1 китобхонаи марказӣ ва 1 китобхонаи бачагона, ҷамъ 28 китобхонаи оммавӣ дорад, ки дар онҳо 42 корманд ба мардум хизмат мерасонад. Соли гузашта ба китобхона аз ҳисоби китобхонаи вилоятӣ ва адибону соҳибкорон 158 китоби сиёсию бадеӣ дастрас шудаанд. Фонди умумии китобхона имрӯз 157 ҳазору 347 китобро ташкил медиҳад. Шумораи умумии аъзоёни он наздик ба 20 ҳазор нафар расидааст.
Китобхона дар таърихи 100 – солаи хеш ҳеҷ гоҳ соҳиби макони худ набудааст. Раҳбарони шаҳр дар замони шӯравӣ ҳам андешаи сохтмони китобхона, осорхона, кохи фарҳанг, театр ва дигар муассисаҳои ба истилоҳ маданию равшаннамоиро накардаанд. Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан борҳо аз як бино ба бинои дигар кӯчидааст.
“То оғози солҳои 80-уми асри гузашта китобхона дар бинои масҷиди куҳна, ки имрӯз дар он бойгонии шаҳрӣ ҷойгир аст, қарор дошт. Соли 1979 китобхонаҳои оммавии шаҳри Истаравшан ба системаи марказонидашуда гузаронда шуда, бинои чойхонаи идораи савдои шаҳрро ба мо доданд, - ба ёд меорад яке аз собиқадорони соҳа Мӯъмин Иноятов. - Мо кормандони китобхона бо машаққатҳои зиёд бинои чойхонаро каме ҳам бошад, ба китобхона мувофиқ кардем. Ин бино имрӯз дар мувозинаи Ҷамъияти саҳомии «Хуросон» қарор дошта, мо дар он иҷоранишин ҳастем. Бо сабаби кам будани ҷойҳои нигаҳдории китоб зиёда аз 5000 адабиёти таърихӣ рӯи фарши бино чида шудаанд. Аз зери бино об мегузарад, фарши он ҳамеша заҳ мебошад ва китобҳо аз маҳвшавӣ эмин намебошанд”. 
Бино ба гуфтаи масъулини бахши фарҳанги шаҳр онҳо барои ҳалли ин қазия бо имзои раисони вақти Истаравшан бо хоҳиши дастгирии сохтмони бинои нави китобхона борҳо ба Вазорати фарҳанги кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мактуб ирсол кардаанд, вале он ҳама натиҷае ба бор наовардааст.
- Вазъи ногувори китобхонаи моро барномаи танқидии “Калтак”-и телевизиони вилояти Суғд низ ба навор гирифта, бонги изтироб зада буд, вале ин ҳама тадбирҳо суде набахшиданд. Имрӯз идораи савдои шаҳрамон, ки бинои китобхонаи ҳозира мансуби он мебошад, чандин маротиба намоянда фиристода, тақозои холӣ кардани биноро дорад. Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ супориш доданд, ки ҳамаи корхонаю муассисаҳо ва ташкилоту хоҷагиҳо китобхона ташкил намоянд. Китобхонаи мо бошад, бо ин қадар дороӣ бинои худро надорад, яъне китоб ҳасту хонаи китоб не, - мегӯяд бо ҳасрат Мунира Муҳаммадиева.
Ба ин ҳама гуфтаҳо, бояд илова кард, ки то соли 2018 китобхонаи бачагонаи шаҳр дар шафати идораи фарҳанг, ки солҳои дароз дар бинои фарсудаи бештар аз 100-солаи пристави подшоҳии рус ҷойгир буд, қарор дошт, вале соли 2018 онро бо мақсади сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ чаппа карданду имрӯз китобхонаи бачагона ҳам дар ошёнаи дуюми ҳамин бинои ориятӣ қарор дорад, ки шароити ошёнаи дуюми он аз шароити ошёнаи якумаш боз ҳам ногувортар аст.
Мо умед мекунем, ки Вазорати фарҳанги кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қазияи мазкурро ҳаллу фасл карда, дар ин ҷода тадбирҳои амалӣ меандешанд ва, билохира, китобхонаи марказӣ ва бачагонаи шаҳри Истаравшан соҳиби сарпаноҳи хеш мегарданд.

Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ,
доктори илмҳои фалсафа,
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
ба номи Абулқосим Лоҳутӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2020    №: 98    Мутолиа карданд: 766
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед