logo

фарҳанг

ҲОМИИ ЗАБОН. ДАР БОРАИ ТАЛОШҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РОҲИ ҲИФЗ ВА ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Забони тоҷикӣ тӯли ҳазорсолаҳо, новобаста ба гирудорҳои таърихӣ, мақому манзалати худро  ҳифз намуда, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо талошҳо ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон такомул ёфт ва ба омили асосии  пешрафти илму фарҳанги миллат табдил гардид. Воқеан, тавре Пешвои муаззами миллат дар китобашон «Забони миллат – ҳастии миллат» иброз доштаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Президенти мамлакат дар ин асари пурарзиши хеш ба решаҳои забон таваҷҷуҳ намуда, баъзе вожаҳои бостониро бо калимаву ибораҳои мавриди истифодаи имрӯза муқоиса менамоянд ва пайванди ин ду марҳиларо нишон медиҳанд. Дар китоб таъкид мегардад, ки ниёгони мо барои рушди ин забон фидокорӣ намуда, осори гаронбаҳое ба мо мерос гузоштаанд. Дар давраи Ҳахоманишиҳо, Кӯшониён, Тоҳириён, Саффориён, бахусус Сомониён, забон хеле неруманд гардида, дар тамоми қаламрави ин кишварҳо густариш пайдо карда буд ва ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардид. Ба таъкиди Пешвои миллат, забони мо дар тӯли таърих ҳамеша пайвандгар ва омили ваҳдати мардуми ориёитабор ва, ҳатто, қавмҳои дигар буд.
Дар рисолаи «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври пайдарпай решаҳои гузашта, таҳаввул ва ба мушкилиҳо дучор шудани забон дар партави таърих мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Барои дарки бештари моҳияти забон ҷиҳати рушди фарҳангу адаби халқ фаъолияти илмию адабии шахсиятҳои маъруфи садаҳои ҳашт ва баъд мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Таъкид мегардад, ки барои омӯзиши фарҳанг, таърих, адаб ва дигар соҳаҳои илм забон бояд сарчашмаи муҳим бошад.
Вожаи «тоҷик» тибқи сарчашмаҳо таърихи беш аз ду ҳазорсола дорад, вале истилоҳи «забони тоҷикӣ» баъдан ба вуҷуд омада, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳи хоса ёфт ва бо номи Тоҷикистон вобастагии калон пайдо карда, забони расмии он гардид. Имрӯз дар арсаи ҷаҳон ин забон ҷойгоҳи сиёсӣ ва мақоми махсуси фарҳангиро соҳиб аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад». 
Ҳоло мо дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор дорем. Ҳар забоне, ки дар ин ҷараён муқовимат карда наметавонад, аз байн меравад. Забон, ки аз байн рафт, миллату кишвар низ пойдор намемонад. Пешвои миллат аз таҳдиди ин хатар борҳо ёдовар шуда, таъкид мекунанд: «Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад».

Арабзода Фирӯзҷон ҲАМРОХОН, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2020    №: 99    Мутолиа карданд: 864
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед