logo

паёмҳо

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон, 28 майи соли 2020

Муҳтарам генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати 26-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иродаи қавӣ, неруи матин ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти касбиатон барору комёбиҳо орзумандам.
Таъсис ёфтани Қӯшунҳои сарҳадӣ ба сифати сохтори алоҳидаи низомӣ дар таърихи навини Тоҷикистон рӯйдоди муҳим буда, ҷиҳати пойдории  давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар нақши бузург ва таърихӣ бозид.
Давлату Ҳукумати мамлакат дар замони истиқлоли давлатӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдории мустақил, эътибори аввалиндараҷа дода, барои муҳайё кардани шароити хизмативу маишии ҳайати шахсӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонда истодааст.
 Хусусан, дар зарфи солҳои охир дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ даҳҳо дидбонгоҳи нави сарҳадӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи таъмини  ҷузъу томҳои марзбонӣ бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ низ эътибори зарурӣ медиҳад.
Зеро мардуми Тоҷикистон ва роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба сарҳадбонон ҳимояи муҳимтарин дороии худ – марзу буми Ватани аҷдодиро бовар карда супурдаанд.
Барои хизмати содиқона ва ҷасорату мардонагие, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар тӯли солҳои сипаришуда нишон додааст, даҳҳо нафар афсарону сарбозони ҷузъу томҳои ин сохтори низомии мамлакат бо рутбаҳои баланди ҳарбӣ ва мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Дар ин муддат ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, яъне ҳимояи марзу буми Ватан даҳҳо нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки мардуми сипосгузори Тоҷикистон номи нек ва корномаи ҷавонмардонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Солҳои охир вазъи сиёсиву низомии сайёра ва минтақа торафт мураккаб ва пешгӯинашаванда гардида истодааст. Дар чунин шароит хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар сафи пеши ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суботу оромии сокинони Ватани маҳбубамон қарор доранд, бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, сатҳи омодагии касбӣ ва донишу малакаи худро мунтазам баланд бардоранд.
Хусусан, дар шароите, ки таҳдиду хатарҳои нав, пеш аз ҳама, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба суботу оромӣ ва амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо, хатари воқеӣ эҷод мекунанд, ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки беш аз ҳар вақти дигар бо риояи интизоми оҳанини низомӣ ва талаботи оинномаҳои ҳарбӣ дар ҳоли омодагии доимӣ қарор дошта бошанд.
Бовар дорам, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қӯшунҳои сарҳадӣ минбаъд низ марзу буми Ватани соҳибихтиёри худро мисли гавҳари чашм, сарвати бебаҳо ва шарафу номуси миллии худ ҳифз мекунанд.
Бо изҳори итминон бори дигар тамоми марзбонони далеру шуҷои Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, иродаву рӯҳи қавӣ ва дар иҷрои вазифаҳои душвор, вале пурифтихорашон комёбӣ орзу менамоям.
Ҷашни касбӣ муборак бошад, марзбонони шуҷои Ватан!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2020    №: 101    Мутолиа карданд: 7866
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед