logo

фарҳанг

ДАРСИ МУАЛЛИМ АР БУВАД ЗАМЗАМАИ МУҲАББАТЕ…

Даргузашти шахсияти хизматнишондода, чеҳраи ошно, устоди суханвару суханшиноси маъруфи тоҷик Баҳриддин Камолиддинов дили пайвандон, ёру дӯстон, хусусан қалби ҳазорон шогирдашро реш - реш кард. Ҳар касе, ки аз марги ӯ хабар меёфт, мегуфт: “Чӣ инсони неке буданд…”.
Бале, воқеан ҳам, устоди зиндаёд на танҳо дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва ба воя расондани мутахассисони соҳаи суханшиносию рӯзноманигорӣ саҳми бузург дошт, балки ҳамчун инсони хушфеълу соҳибдил дар ёду хотираҳо абадан зинда аст.
Мавсуф чанде пеш дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо аз фанни санъати суханварӣ (риторика) дарс мегуфт. Усули дарсгузарии устод хеле хушоянд буд. Одати ранҷондани касеро надошт. Маҳз барои чунин инсонияти баланд ҳама дӯст ва гиромиаш медоштанд. Ба қавли шоир, дарси устод замзамаи муҳаббат буду донову нодонро ҷазб карда, ба синфхона ҷамъ меовард.
Устод соли 1959 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) - ро хатм кардааст. Соли 1966 дар мавзӯи «Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим» рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи «Муродифи наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, аз соли 1991 соҳиби унвони профессорист.
«Ҳаким Карим» (1965), «Забон ва услуби Ҳаким Карим» (1967), «Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён» (1986), «Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷиқӣ» (2012) ном асарҳои Камолиддинов ва китобҳои дарсии ӯ имрӯзу фардо низ дар хидмати ин миллат хоҳанд буд. Мо шоҳидем, ки аксари омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик аз суҳбатҳои телевизиониву радиоии ӯ баҳраҳо бардошта, дар раванди таълим ба таври фаровон истифода бурдаанд. Ҳар як барномааш, ҳар як суҳбаташ барои аксарият дарси такмили ихтисос буд. Устод бо ҳама васоити ахбори омма ҳамкорӣ дошт ва дар баробари корҳои илмиву таълимии ҳаррӯза ба ҷону дил ба студияҳои телевизиону радио омада, аз покии забон ва эҳтиёткорӣ дар навиштору гуфтор суҳбат мекард.
Номбурда яке аз муаллифони фаъоли рӯзномаи «Ҷумҳурият» буд. Баҳсу мунозираҳои ӯ доир ба китобҳои дарсӣ ва дигар масоили забоншиносӣ дар сафҳаҳои ин рӯзномаи куҳан дарҷ гардидаанд.
Фаъолияти пурсамар ва рӯзгори босаодати ин абармарди хушкалом ва посдори забони тоҷикӣ бояд барои насли ҷавон намунаи ибрат бошад. Барои меҳнати пурсамар бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1956, 1958),  унвонҳои  фахрии  Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, бо нишонҳои Комёбиҳои беназир дар таълими мактабҳои олии СССР ва Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2020    №: 103    Мутолиа карданд: 1011
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед