logo

сиёсат

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ - ПАЙРАВИ ҲАҚИҚИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дигар ба касе пӯшида нест, ки Душанбе аз нигоҳи риояи суннатҳои шаҳрсозии шарқиву дизайни роиҷ дар Ғарб ба яке аз зеботарин шаҳрҳои рӯи олам табдил ёфтааст. Дар ин ҷо сайёҳони чи аврупоиву чи осиёӣ барои худ василаи мувофиқи тафреҳ пайдо карда метавонанд. Ин ҳама ободкориро мардум дар баробари таваҷҷуҳи  доимии Пешвои муаззами миллат аз тадбирҳои татбиқнамудаи шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ мебинанд.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри татбиқи Нақшаи генералӣ ва рушду нумӯи соҳаи шаҳрсозӣ як қатор чораҳои заруриро андешида истодааст. Аз ҷумла, пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии кумита то имрӯз лоиҳаҳои ангоравии нақшаҳои иморатсозӣ ва нақшаҳои муфассали минтақаҳои алоҳидаи пойтахтро дар доираи талаботи минтақабандии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия ва пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби ҶСК «Корезлоиҳа» дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳияи асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаи шабакаҳои корези Душанбе ба роҳ монда шудааст. Имрӯз корҳо дар самти назорати сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи баландсифати ватанӣ, ҳамчунин, дар вақти аз ташхиси давлатӣ гузарондани лоиҳаи иншоот ва биноҳо бо назардошти ба эътибор гирифтани масолеҳи баландсифат ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ дар лоиҳаи иншооту биноҳо хуб ҷараён дорад.
Ҳамзамон, вусъати корҳо дар ободонию таҷдиди намуди зоҳирии биноҳо дар кӯчаю хиёбонҳои марказии пойтахт ва риояи муҳлати баистифодадиҳии онҳо бо сифати баланд ва санъати волои меъмориву сохтмонӣ идома доранд. Бунёди иншооту биноҳо ва ба эътибор гирифтани мавҷудияти инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистон, ҷойи бозии кӯдакон, машқу тамрин, таваққуфгоҳи нақлиёт, роҳ барои автомашинаи сӯхторхомӯшкунӣ, истифодаи мақсадноки ҳавлиҳои назди биноҳо ва амалӣ намудани корҳои дигари ободонӣ низ, ҳоло вусъати тоза касб кардааст.
Бо ин мақсад дар назди кумита комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва ҷамъиятӣ таъсис шудааст, ки дар ин самт фаъолияти доимӣ дорад.
Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвари азизамон - Душанберо ободу зебо гардонда, барои беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии он нақши назаррас бозида истодаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ донишу таҷрибаи созандагию ободкории худро ба манфиати кишвар истифода мебаранд.
Ҳамин корбарии муваффақонаи шаҳрдори ҷавон буд, ки Душанбе аз ҷониби хабаргузориҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ҳамчун шаҳри «барои сафари тирамоҳӣ ҷолибтарин», «барои сафари баҳорӣ ҷолибтарин» ва «яке аз шаҳрҳои амнтарин» дар ҷаҳон эътироф гардида, соли 2018 ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта шуд.
Мо итминон дорем, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ чун чеҳраи шинохтаи олами сиёсат, пайрави Пешвои муаззами миллат минбаъд низ бо ғояҳои инсонпарварӣ, татбиқи муваффақонаи сиёсати хирадмандона бо хизмати содиқона ба Ватан дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми сазовор мегузоранд.

Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол,
раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2020    №: 104    Мутолиа карданд: 1095
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед